Бахшҳо
01 сен 2014 15:19Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Луқмон Бойматов: Дар сарзамине, ки адолат асир аст, фазилат хор мешавад

Дар остонаи оғози соли нави хониш ва дар пасманзари гуфтугузорҳо перомуни беқадрии донишу донишмандон дар Тоҷикистон “Озодагон” бо суоли “Оё дониш дар Тоҷикистон арзиш дорад” назари 7 рӯшанфикрро нашр кард, ки вокунишҳои зиёдеро аз ҷониби хонандаҳои сомона ба миён овард. Муаррих Луқмон Бойматов ҳам андешаи худро унвонии хабаргузорӣ ирсол кардааст, ки пешниҳоди шумо мешавад.


“Бо камоли таъассуф, ҷомеаи таърихан маҳрум ва мазлуми Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин муддат (пас аз касбии истиқлол) ба як ҷомеъаи нимҷони бесавод бадал шуд. Бадбахтӣ аст, дар асри пирӯзиҳои илм ва текноложӣ, аҳли илму фарҳанги Тоҷикистон хешро бо ақабмондатарин кишварҳои муъосир муқоиса намояд!

Маншаъи фоҷеъаи фарҳанги миллиро дар тарзи тафаккури аъмоли рӯшанфикрон ва аҳли зиёяш бояд ҷуст! Фикре, ки аз дурӯғ ҷон гирифтааст, наметавонад ростиро бар арҷ гузорад. Чӣ ҷои пинҳон аст, ҳамакнун, 99 дар сади аҳли зиё ва босаводони мо на танҳо, ба мардум, балки бар виҷдони хеш хиёнат мекунанд. Онон, ба ҷои ростӣ, дурӯғҳои маҳзро менишинонанд, ба ҷои поси адл, беадолатиро тавсиф, ба ҷои интиқоди иштибоҳот, ташвиқи хатоҳоро мекунанд! Хиёнатҳои аҳли зиё табдил ба силсилаи шиорҳои миллат шудаанд.

Зиёиёни хоин чунон маддоҳ ва почахорони қудрат шудаанд, ки ҳатто шахсият ва шаънашонро барои “ҳомиёнашон” арзонӣ кардаанд. Рӯшанфикре, ки маддоҳи қудрат асту эҳтироми мардумашро надорад, касифтарин ҷонвари босавод аст. Аҳли зиёи мо на ба дин содиқанд, на бар таълимоти ҳақиқат. Ҷомеъае, ки дар он аҳли саводаш андешаи бандагӣ ва худфуруширо бар мардумаш таҳмил менамояд, ҳаргиз рӯи саодатро нахоҳад дид. Аммо мардум худ гунаҳкор аст, ки бесаводонро дар батни хеш тарбият менамояд. Ҷомеа худ муқассири сарнавишташ аст. Вай бояд тарзи биниши хешро тағйир бидиҳад ва рӯ ба ҳақиқату адолат ниҳад! Дар сарзамине, ки адолат асир аст, фазилат хор мешавад.

Ҷомеа, агар олимону муаллимони бесаводашро аз маърака берун кунад, адолат нафас хоҳад кашид ва илму фарҳанг сар боло хоҳад кард!"
Мӯҳр
Устод, дар кадом сарзамин ё гушаи дунё адолат аст? Дар хеч чои дунё адолат нест. (Устоди азиз чанд маротиба дари хонаатон омадам, мутаасифона шуморо пайдо накардам, хар чое хастед саломат бошед, сухбатхои пурмазмуни шуморо хеч гох фаромуш намекунам.( Асомиддин))

барои макола хеле миннатдорам. рост аст.

Устоди мухтарам Лукмон! Аз мост,ки бар мост-гуфтаанд. Якчоя кушиш кунем, ки пеши рохи чунин маддохи гирифта шавад. Шумо низ зиёи ва равшафикред ва ба ислохи камбудихои чомеа мувазафед. Агар хама аз як гиребон сар бароранд, бешубха пешравихо зиёд ва камбудихо бартараф хоханд шуд. Мо бояд имруз пеш аз хама аз он тарсем, ки сиёхкуниии хамдигараморо миёни ахли илму дониш ва шахсони сохибмартаба бас кунем. То ки ин ба як каслаии сирояткунанда табдил наёбад. Ба гуфтани он ки ахли илму адаб бекадру хор гаштаанд, ба чое намерасем. Боки муваффак бошед устод.

парвиз
НИХОЯТ СУХАНОНИ ДИЛНИШИН.РОСТУ БЕ ПАРДА.
ЗИНДА БОШЕД.ХАЛОВАТ БУРДЕМ.

Ака рахмати бе поен, барои хамин кадар равшан фикри. Саломат бощед.
Лек хозир факат иди кадуву харбузаву тарбузу асал гуед, ва мактабхои бодабдабаи бо муалимони бесаводу, ки ягон заррае саводноки надоранд, инро хам гап занед, ки ояндаи миллат на факат бо кирпичбарорию блок рези машхур шавад.

Дорои ориёи
Мухтарам Бойматов, аён аст, ки ба он 99% зиёиёни хиёнаткор Шумо дохил нестед, аз руи шиори хама баданд ба гайр аз ман. Лутфан бигуед, ки аз дигар зиёиён Шумо чи бартари доред ва барои миллати точик чи хизмати арзанда кардаед.
Гумон намекунам, ки хамаи зиётёни точик хиёнаткор бошанд, шояд бештараш мадох бошанд, аммо нафарони ба илм ва миллат содик низ зиёданд.
Хуб мешуд агар хукумат олимони вокеан донишмандро дастгири мекард, ки барои пешрафти илм сахме гузоштаанд ва мегузоранд. Хар руз орден додан ба академикхои бесамар ба дарди чомеа намехурад. Хукумат барои олимони боистеъдод бояд имтиёз ва шароити мувофики кор дихад.
Донишманд дар чомеа хамон вакт кадр пайдо мекунад, ки маоши хуб гирад. Бо 500 сомони маош олимро касе писанд намекунад.

Салом око Асомуддин!
Барои суханони нек сипосгузорам.
Адреси эл. ман ин аст:
LukmanL43@mail.ru
Хушхол мешавам агар дар тамос бошем.
Л. Бойматов

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)