Бахшҳо

Нашри видеои "порагирӣ"-и муовини директор ва шикоят ба раиси шаҳр

Нашри навори “порагирӣ”-и як муовини директори мактаби миёна дар интернет ба вокунишҳои зиёде рӯбарӯ шуд.

Ин видеоро як корбари шабакаи иҷтимоии Фейсбук гузошта ва дар шарҳаш навиштааст, “муовини директори мактаби №78 барои қабули ҳуҷҷатҳои ду кӯдак 450 сомонӣ пора мегирад”. Лола Абдуллоева як корбари фаъоли Фейсбук ба “Озодагон” гуфт, ӯ ва чанд волидони дигар, ки фарзандонашон бояд ба синфи якум бираванд, бар ивази қабули санадҳо 150 сомонӣ пардохт кардаву “квитансия” гирифтаанд. Вай мегӯяд, видеоеро, ки дар Фейсбук нашр шуд, модари як кӯдаки дигар гирифтааст. Хонуми Абдуллоева афзуд, баъди нашри навор директори мактаби №78-и ноҳияи Фирдавсӣ ба падару модароне, ки маблағ додаанд, телефонӣ тамос гирифта, гуфтааст, зуҳри имрӯз ба мактаб биёянд ва пулҳояшонро бозпас бигиранд.

“Бори аввал нест, ки дар ин мактаб аз волидон пул мегиранд. Дар охири соли хониш ҳам барои таъмири мактаб пул гирифта, аммо “квитансия” надоданд”,-гуфт вай ва илова кард, “як гуруҳ аз падару модарон тасмим гирифтаем, дар робита ба ҳолатҳои пулситонӣ ба раиси шаҳри Душанбе шикоят бубарем”.
Мӯҳр
Юсуф
он маълима ҳарчиқадар паст бошад боз ҳам МОДАР аст модари тоҷик агар хеле мехости маълимаро танбеҳ кунӣ видеоро нишон медодиш ва мегуфти агар такрор шава дар интернет пахш мекунам. оё фақат ҳамин маълима порахур аст? инҳама вазиру кабир заминфурушу миллатфуруш агар ҷуръат дори рафта онҳоро расво кун
агар мусалмонӣ аҳкоми шариати Ислом чунин расвокориву обрурезиро манъ кардаст.
ин модарои тоҷик модариашон ҳам намондаст

Миркурбон
Юсуф,
хак гуфтй бародар!!!

Инсоф
Бо Юсуф ва Мирқурбон мувофиқам, аз рӯи адлу инсоф нест чунин кардан. Бигузор бошад ҳам, ҳамонро бо нармӣ мефаҳмонидед хубтар мешуд ва шояд ислоҳ мешуд. Ҳеҷ набошад омӯзгори фарзандони Шумо аст охир.

ба инхо ба нарми фахмонида намешавад бародар. Мактабро хамчун чои пулситони кардаанд ва аз ин хам бадтараш он аст, ки волидон инро хамчун кори маъмули кабул доранд. Ъай фарзанд аст додан лозим, гуфта.
О аз бучет пул мегиранд маош мегиранд аз хисоби буечт мактабхо таъмир карда мешавад. Ин пулгирихо барои чист. Агар маоши муаллими басанда набошад рафта дигар кор кунед!!!!!! Чойро холи кунед то дигарон фаъолият кунанад. Ба бахонаи таъмир падару модархоро безор кардаанд инхо. Гох пардахари гох батареяхари.
Хатто ин корхояшонро расми хам кардаанд, ки пулро бурда ба касса супор гуфта.
Бояд волидон бетараф набошанд ва фахманд, ки садхо намуд андоз месупоранд то ки аз он андозхо ба муаллимону муаллимахои чашмгурусна маош диханд ва мактаб сохта ба мактаб пардаву батарея харанд.

Волидайни, мухтарам ин кометнависхои тарафдори муалимаи порахур худашон порахуранд чи

роллд
дузд порахур харомхур чинояткоранд ва ин амалашон ба ислом хеч дахл надорад.

Dev
Юсуф,
Fark nadorad poragiru porahur kist , uro boyad nigah dosht, vassalom.Mo tojikon soda -soda ba hama guzasht kardemu dar ohir hudamon dar holati bad giriftor shudem.

БАРОИ ТАЪМИР БОЗ ДАР ДАХ МАКТАБИ ДИГАР ВА ЯК ДОНИШГОХ ПУЛ МЕГИРАНД, КИ МАН ШАХСАН МЕДОНАМ МАЪЛУМ МЕШАВАД, КИ АЗ ПОЙТАХТ ТО ХАМАЧО АЗ ХИСОБИ МАРДУМ ЗИНДАГИ ДОРАНД. ПАС ХУКМИ ХУКМАТИХО ДАР ВАЗЪИ ФЕЪЛИ ЧИСТ?

Хонандаи мактаби №78
Хонандахо ягончи бахс накунен ма хаму руз шохид будам медонам ки ин хамааш подстава аст. Мактаби мо мактаби точикию узбеки аст муаллимахо бисёршон узбекан проста якта директори мактаб худаш точик аст намехохан чашми дидан надоранд. мехохан мактаба бадном карда директора обруша резонанд. ин чизе ки шид кори нав нест мардуми ин махалла пеш аз ин ду директори дигара хам хамин хели обруша резонда подстава карда ай кор гирифтанд. инхода директори даркор аст ки сахтгир набошад ба хондану нахондани бачахо кордор набоша мехоханд одами худашона директор монан тамом...... Худо ин хел одамои тухматчию шайтона тавфику хидоят дихад.

Tahchik Azizova
Лола Абдуллаева!директори мактаби 78-ро сиёх карда порахуру ч,инояткор гуфтед, вале чинояткори асли шумоед ки ба коррупция рох, додед!!!

Бону
Агар гап сари пора равад, тамоми система холо танхъо ба воситаи пул шудааст, то кай давом мекунад ин бедоди, вой бар холи ояндаи насли точик, ки аз богча пулгириро бо чашми худ мебинад. Барои системаи маориф миллионхо сомони чудо мешавад, пас кучо мешавад он, кай фарзанди точик дар ватани худ худро мисли ватандор хис мекунад ва бо хотири чамъ ба мактаб меравад. ба чои дарсхои дакик дарси "пулгири "меомузанд. Аз Худо битарсед ва дар кунед охир, ки гузашти хар руз кам шудан аз умри мост.

Наргиза
Хонандагони мактаби /|/ 78! Не владеешь информацией почему врешь, что там в основном узбеки? Ошибаешься там 80% таджики остальные 20% русские и узбеки. Нацист!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)