Бахшҳо
04 сен 2014 15:31Тоҷикистон / Сиёсат

Оғози сохтмони роҳи Ворух-Исфара дар арафаи сафари Отамбоев ба Душанбе

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳамтои қирғизаш, Алмосбек Отамбоев, ки дар ҳошияи ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе сурат мегирад, созишнома дар бораи бунёди роҳҳои наздимарзиро ба имзо хоҳанд расонд.

Дар ин бора ба “Озодагон” манбаъ аз мақомоти вилояти Суғд хабар дода, афзуд, ки тавофуқот дар мавриди роҳҳо дар сатҳи ҳукуматҳо аллакай ҳосил шудааст ва пеш аз зуҳри имрӯз бунёди роҳҳои наздимарзӣ дар ҳузури ноиби сарвазири тоҷик, Муродалӣ Алимардон ва ҳамтои қирғизаш Абдураҳмон Маматалиев низ оғоз гардид: “Нуқтаи ниҳоиро дар ин масъала бо имзои санади дутарафа сарони ду кишвар зимни мулоқоташон дар Душанбе хоҳанд гузошт.”

Манбаъ афзуд, дар маросими оғози сохтмони роҳи мустақими Исфара-Ворух, ки бе убур аз деҳаи қирғизии Оқсой амалӣ мешавад, инчунин Абдураҳмон Қодирӣ, раиси Суғд ва мушовири амниятии раисиҷумҳури Тоҷикистон, Шералӣ Хайруллоев иштирок доштаанд: “Сохтмон аз қаламрави Ворух оғоз шуда, мустақиман бо Исфара пайваст хоҳад шуд. Бар иваз қирғизҳо низ роҳи Қоқтош-Оқсой-Тамдиқро бунёд мекунанд.”

Мусоҳиби Озодагон таъкид намуд, ки феълан ба ҷои сохтмон техникаи зарурӣ дастрас карда шудааст, вале санаи анҷоми сохтмон ҳанӯз дақиқ нест: “Дар маросими оғози сохтмон Муродалӣ Алимардон ва Маматалиев бо сокинони наздимарзӣ суҳбат доштанд ва ҳар ду ҷониб аз бунёди роҳҳои мустақим истиқбол намуданд. Сокинон изҳор доштанд, ки бо ҳал шудани мушкили роҳ танишҳои марзӣ низ коҳиш хоҳанд ёфт.”

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон бо Қирғизистон садҳо километр сарҳади номуайянро доранд, ки боиси таниш ва даргириҳои наздимарзӣ мегардад.
Мӯҳр
Всё таки МЫ отступили. Чй кадар замин мехохй гир! Ба ман чака нарас. Ман ханашери майдонгариб ку!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Патриот
Мардум, фикр кунед! Оё ояндагонамон моро хоханд бахшид. Наход мо тарсу бошем? Наход ба Хитой гузашт кунем, ба авгон гузашт кунем, ба киргизу узбак гузашт кунем... Хайфи точик. Миллат хор шуд. Миллатро ба нести мебаред "мухтарам" чанобон!!!!!

Такдир хамин будас ! Халки малумотдори ( курсинишинхои аз Исфара то Душанбе ) ВОРУХИ бетараф то хол ягон маротиба дастгири ё ягон масаларо ба миён наовардаанд. Аллохи бузург бо мост галаба дар оянда аз они мо мешавад. ноумед нашавед. Мардони бомарифати ВОРУХЗАМИН .Худованд хакро дуст медорад.Бинобарин заминхои моро бо хосташ бар мегардонад. ( Бовар кунед ин киргиз як бало аз тарафи худо Ворух инчои некон аст. имруз бошад корхои аз доираи ислом берун бисёр шуда истодааст. Аз ХУДО битарсед.) Ягон сухани бечо нависта бошам узр мехохам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)