Бахшҳо

Шикоят аз дахолати масъулин дар интихоби ихтисосҳои Маркази миллии тестӣ

Фарухшо, як сокини Душанбе аз дахолати масъулини шӯъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ дар интихоби ихтисосҳои довталабони ин ноҳия шикоят мекунад.

Номбурда бо ирсоли нусхаи варақаи бақайдгирии бародарзодааш менависад, ӯ дар қисмати “Интихоби касб” аз рӯйи шумораи тартибӣ ихтисосҳоро худаш интихоб кардааст, “вале дар паҳлӯи сутуни мазкур корманди Маркази миллии тестӣ ё масъули шӯъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ ба хости худаш интихоби касбҳоро аз нав раддабандӣ намудааст, ки хилофи интихоби довталаб мебошад”. Ба гуфтаи Фарухшо, ҳамчунин чанд довталаб изҳор доштаанд, “масъули ММТ ё корманди маорифи ноҳияи Айнӣ ҳангоми пур кардани варақаҳои интихоби касб довталабонро маҷбур кардааст, дар қатори интихоби ихтисосҳои ройгон, довталабон ҳатман 4-5 ихтисоси пулакиро низ ишора кунанд, вагарна компютер варақаҳояшонро қабул намекунад”.

Ситорабону Назарова, сухангӯи Маркази милии тестӣ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, “ҳеч нафар ҳуқуқи дахолат ба раванди интихоб ва бақайдгирии довталабонро надорад”. Номбурда бо зикри ин нукта, ки Маркази миллии тестӣ дар ноҳияи Айнӣ ягон намоянда надорад, афзуд, “дар тамоми маводи иттилоотие, ки аз ҷониби Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон таҳия ва пахш шудааст, инчунин мутобиқ ба санадҳои меъёриву ҳуқуқии марказ, муайян кардани тартиби интихоби ихтисос бо назардошти шакли таҳсил (рӯзона, ғоибона), намуди таҳсил (ройгон, пулакӣ), забони таҳсил (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ) ва муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (МТОК) ҳуқуқи бевоситаи довталаб аст. Аз ин лиҳоз, дар вақти бақайдгирӣ довталаб ихтисосҳои барояш писандрову тартиби авлавияти онҳоро низ худаш интихоб мекунад”.

Ситорабону Назарова мегӯяд, қабл аз сабт шудани маълумоти ниҳоии воридгардида, довталабон бо шакли чопии варақаи бақайдгирӣ шинос шуда, танҳо дар сурати розӣ будан, ба он имзо мегузоранд. “Танҳо пас аз имзо гузоштан маълумоти воридгардида сабт мешавад. Дар баробари ин, Маркази миллии тестӣ ба довталабоне, ки аз интихобашон розӣ набуданд, имкон дод, то дар марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ (аз 16 то 30 апрел) тартиби интихоб, кластер, ихтисос, шакл, намуд, забони таҳсил ва маълумоти шахсии худро тағйир диҳанд. Вобаста ба ҳамин талабот ва тартиботе, ки аз ҷониби марказ пешбинӣ шудааст, ҳар довталаб дар варақаи бақайдгирӣ имзои худро бо мазмуни розӣ будан аз авлавият ва тартиби интихобаш гузошта буд”.

Шикоят аз дахолати масъулин дар интихоби ихтисосҳои Маркази миллии тестӣ

Шикоят аз дахолати масъулин дар интихоби ихтисосҳои Маркази миллии тестӣ
Мӯҳр
На танхо довталабон, балки худи имтихонгирандагон бо сабаби бори якум ба системаи тести гирифтан имтохонот ба мохияти он сарфахм нарафта, довталабонро бо рохи гумрохи бурдаанд, ки онхо ба дониши худ бовар дошта, холо бо як сарди аз он рузхо ед меоранд.

Фируз
Ман хамчун як шахрванд аз макомотхои дахлдор талаби онро дорам ки нисбати он шахсиятхоеки ба мардум фиреби дастзадаанд чора бинанд. Баъзе одамон ба боварии довталбон даромада, довталабони худашон бо балхои худашон гузаштро фиреб дода пул меситонанд.

Ахмат, Ман як довлатаби чабрдида шумо дуруст мегуед.Ман акнун дарк кардам ки бояд ман дар супоридани тестхо чи хел ба субтестхо чавоб гардонам. Ман ба химату дастгирии Чаноби оли ба чавонон бовари дорам, ки барои мо довлатабон барои супоридани имтихонот боз як имконияти дигар мухаё месозад, ки бори дигар донишамонро санчем.

Ман як чизашро то хол нафахмида истодаам: МАн мехохам ба факултети хукуки ДМТ дохил шавам. Манро мегуянд, ки боз факултет интихоб намо. Ин барои чист, то хол ман намедонам. Аз ноилочй навиштам. На ба инаш дохил шудаму на ба онаш. Чунки пул надоштам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)