Бахшҳо
05 сен 2014 16:28Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Пешниҳоди хонанда: Мисли кӯдак дар шабакаҳои иҷтимоӣ “гиря” накунед

Як хонандаи “Озодагон” бо навиштани шарҳе зери хабари табрикоти Абдуфаттоҳи Ғойиб, раҳбари Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон ба муносибати 23-юмин солгарди Истиқлолият, ки аз тобеин ва сокинони кишвар хост, дар мубориза бо фасод масъулиятшинос бошанд, гуфтааст, бетарафии ҷомеа сабаби афзоиши коррупсия дар кишвар мешавад. Ин корбари хабаргузорӣ, ки худро Асаддулоҳ маррифӣ кардааст, менависад, ,арои решакан кардани порадиҳиву порагирӣ бояд тамоми мардум мубориза баранд. Матни комили шарҳи ӯ чунин аст:


“Агар хоҳед ки дар Тоҷикистон коррупсия набошад мубориза баред. Бояд тамоми мардум мубориза барад. Коррупсия бо айби худи мардум зиёд мешавад. Мисоли одӣ: Дар дилхоҳ ҷойи ҷамъиятӣ навбати мардум ба вуҷуд меояд. Мардуми мо барои 5 дақиқа интизор нашудан, зуд “тағобозӣ”-ву порадиҳиро сар мекунад. Масъалаи дигар бетарафӣ аст. Ҳар рӯз ҳамаи мо шоҳиди ҳазорҳо ҳолати фасодкорӣ мешавем, яъне ҷиноят, лекин ягон кас ариза наменависад ё шикоят намекунад. Танҳо овоза, дар Тоҷикистон ҳама фасодкор, ҳама порахӯр. Аммо агар рафту писараш ё дигар хеши худаш барои авбошӣ ё дигар ҳуқуқвайронкунӣ ба дасти пулис афтад, маблағи порааш дар дасташ пеш пеш аз ин тараф, аз он тараф одам ёфта, он пораро додаву писарашро халос мекунад.

Дилхоҳ муносибат аз тарафи қонунҳои Тоҷикистон ба танзим дароварда шудаанд. Аммо бо сабаби танбалӣ, нофаҳмӣ такаббурӣ, ки 5 дақиқа интизор нашавам, роҳи осони корро ёбам, аз ҷавобгарӣ гурезам, фоида орам гуфта, ҳамаи мардум ба фасодкорӣ даст мезананд. Шиори мардум ин аст: агар пора гирифтану пора дода натавонӣ ту тормоз, тарсончак ё беақл ҳастӣ, агар ба мақомоти давлатӣ оид ба фасодкорию дигар ҷиноятҳо хабар диҳӣ ту “буз” ҳастӣ.

Аҳсан мардуми бузург! Ба пеш! Зиндагӣ кардан гиред ҳамин хел. Шиорҳои беҳтарин. Фақат як чиз, гилаю нола накунед. Мисли кӯдакони гирёнчак дар ҳамин шабакаҳои иҷтимоӣ чунон гиря мекунед, ки дили кас месӯзад”.
Мӯҳр
бехтарин рост гуфти бародар аз дасти порадиханда ва порахур ягон кори одами чиди пеш намеравад дар олмон баракси мо аст агар ба пулис бетартибию чинояткоро телефон накуни нагуи ту буз асти епорагири порадихи нест дар менталитети уно дар тч бисертар узбектаборон порадеханд бе пора обро намехуранд ба гуфте озодагон чопш бикун

Офарин ба муаллиф. Хакро гуфти бародар сад дар сад дуруст

Офарин сад дар сад дуруст кайд кардед

салмон
ман ба суханони мансабдорон бовар надорам чунки аксарашон бо рохи ришва мансаб мегиранд ва баъди сохибмансаб шудан он маблагро дахчанд карда чамъ мекунанд. барои ришва нагирифтан бояд инсон Худо тарсад ё аз конун локин баъзе мансабдорон на аз Худо метарсанд на аз конун .бинобар ин пешниход дорам дарсхои тарбиявиро аз Оҷонсии мубориза бо фасод бояд шуруъ кард/
Мардуми Сингапур ки сатхи болотарини зиндагиро дороянд мегуянд
Бо ришва мубориза кардан хохи таёр бош то наздиктарин хешовандонатро ба хабс равон куни.

Ромиш
Гапи роста гуфтаст, ин бача. Лекин дер шудаст. Пеши коррупсияро гирифтан хеле душвор аст. Гумон мекунй, ки чашми мардум сер нест. Агар миллион дошта бошанд хам боз мехоханд, ки ягон чиз аз ягон чой канам. "Аҳсан мардуми бузург! Ба пеш! Зиндагӣ кардан гиред ҳамин хел. Шиорҳои беҳтарин. Фақат як чиз, гилаю нола накунед. Мисли кӯдакони гирёнчак дар ҳамин шабакаҳои иҷтимоӣ чунон гиря мекунед, ки дили кас месӯзад”.

О хамун 5 минуткади кор буд мешуд, ин хел порадихи намекадим, дуруг бардуруг вактро кашола карда пагох бие, бади ду руз бие, вай хафта бие мегуд, хамун 10 сомонаша дода садакаи сар мегуи баъд соф меши хай чи кор кнен бо

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)