Бахшҳо
10 сен 2014 09:04Тоҷикистон / Сиёсат

Табрикоти Башор Асад ва умедвории Ислом Каримов аз Эмомалӣ Раҳмон

Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Узбакистон бо ирсоли номае унвонии Эмомалӣ Раҳмон, ӯ ва мардуми кишварро бо 23-юмин солгарди рӯзи истиқлол табрик гуфтааст.

Дар номаи Каримов ба Раҳмон аз ҷумла омадааст, “Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, табрикоти самимии маро ба муносибати ҷашни миллии Тоҷикистон - Рӯзи истиқлолият қабул фармоед.” Раиси ҷумҳурии Узбакистон дар идома ибрози умедворӣ кардааст, ки равобити таърихии дуҷонибаи Тошканду Душанбе дар оянда ба нафъи сокинони ду кишвар ва ҳифзи субот дар минтақа рушд хоҳад кард.

Ба иттилои дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон ҳамчунин раҳбарони як қатор кишварҳо, аз ҷумла, Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳурии Туркманистон, Ҳасан Руҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон низ бо ирсоли номаи шодбошӣ сокинон ва раиси ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷашни 23-юмин солгарди истиқлолияти давлатӣ табрик гуфтаанд.

Манбаъ мегӯяд, то кунун аз номи Карл Густаф - шоҳи Шветсия, Хайнс Фишер – раиси ҷумҳурии Австрия, Росен Плевнелиев – раиси ҷумҳурии Булғористон, Энрике Пена Нието - раисиҷумҳури Штатҳои Муттаҳидаи Мексика, Башшор Асад - Сурия, Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд - валиаҳд, муовини раиси Шӯрои вазирон ва вазири мудофиаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Жозе Гратсиану да Силва - роҳбари Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид, Мирослав Енча - роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи превентивӣ барои Осиё Марказӣ ва дигарон номаҳои шодбошӣ расидаанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Nomi in 2 mujrim Karimov va Bashorro dar unvoni mavzu mondan az mantiq nest

Озодагон аз руи гурухи ман гирифтет моро хамрохи кунед гуфтанро дар мавзухо?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)