Бахшҳо
12 сен 2014 12:21Тоҷикистон / Иқтисодӣ

“Тоҷик Эйр” ба мусофирон мурғи обпаз, “Добрый”, панири обшуда ва маёнезу шакар медиҳад

“Тоҷик Эйр” мегӯяд, аз аввали моҳи ҷорӣ номгӯи ғизои мусофирон дар ҳавопаймоҳои ширкатро такмил кардааст.

Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба “Озодагон” гуфт, номгӯи хурок бо назардошти дархост ва пешниҳоди мусофирон таҳия гардида, ғизои пешниҳодшуда ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ баробар шудааст: "Ғизои пешниҳодшударо ҳайати комиссияи чошнигирӣ, роҳбарияти ширкат ва чанде аз ҳамкорони ширкат, ки бо ғизо сару кор доранд, санҷиданд”.

Ҷаноби Шодиев мегӯяд, дар чанд парвоз миёни мусофирон назарпурсӣ анҷом дода, дар мавриди интихоби ғизо андешаҳояшонро фаҳмидаанд: “Аз рӯйи хулосаи назарпурсӣ дар парвозҳои ибтидои моҳи сентябр, маълум гардид, ки ғизои нав таҳияшуда ба мусофирони ҳамаи дараҷаҳо хуш омадааст”.

Сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меафзояд, ҳарчанд бо пешниҳоди ғизои нав хароҷоти ширкат афзуд, аммо он ба арзиши билетҳо таъсир нарасонд. “Барои мисол, хароҷоти якмоҳаи ширкат дар бахши ғизо алъон 323 280 долларро ташкил медиҳад, дар гузашта ин нишондод ба 265 106 доллар мерасид. Хароҷоти яксола бошад, ба 3 879 360 доллар баробар аст”,-илова намуд Муҳаммадюсуф Шодиев. Ба гуфтаи ӯ номгӯи хӯрокҳо аз ин қарор аст: мурғи обпазшуда бо биринҷ, гӯшти дамдодашуда бо картошка, нушобаи “Добрый”, хуришҳои сабзавотӣ, гӯштӣ, равғани маска, мураббо, панири обкардашуда, маёнез, қаҳва, шакар, қаймоқ ва карамел.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Tojik
Барои чи эълон намекунанд, ки барои як мусофир ба чанд сомони хурок медиханд?

Салом,
Бисер оли, вале фикр мекунам, ки Точикистон хурокхои миллии худро пешниход мекард ин оливу чолибтар мешуд...Чунки хар шахрванди хоричие ба Точикистон ворид мешавад, аввалан назари онхо, диди онхо, хулосабарории онхо аз фурудгох огоз мешавад ва хечгох маззаи таомхои мо аз ёдашон намеравад. Бехуда нест, ки мегуянд: хар миллатро аз хурок, маданияту тамаддун ва мехмондорияш мешносанд... Точикон аз ин чихат бой хастанд ....Хуб мешуд чунин мекарданд...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)