Отамбоев хостори ихтисори низомиён дар марз шуд
Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон, имрӯз, 12-уми сентябр зимни баромадаш дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ диққати асосиро ба баҳсҳои марзӣ дод.
Отамбоев зимни баромадаш хостори ихтисори нерӯҳои низомӣ дар минтақаҳои баҳсбарангези марзӣ шуд: “Коҳиши нерӯ боиси афзоиши боварии тарафаайн мешавад. Дар ин робита бояд созишномаҳои тарафайн миёни кишварҳои узви СҲШ ба имзо расанд.”
Ин даъвати Отамбоев дар ҳолест, ки Тоҷикистону Қирғизистон тӯли 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он 567 километраш аломатгузорӣ шудаасту бас. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтазам даргириҳо сурат мегиранд, ки баъзан бо марг анҷом меёбанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Июн 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |