Бахшҳо

Эътирози ҳуқуқшиноси тоҷик: Телефонамонро гӯш мекунанд!

Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик бо нишони эътироз аз истифодаи телефонҳои мобилӣ дар Тоҷикистон даст кашидааст ва аз дигарон низ хостааст, ба ин иқдоми ӯ бипайванданд.

Воҳидова дар шарҳи ин тасмимаш ба “Озодагон” гуфт, ин як вокуниш ба мақомот аст, ки ба таври густурда тамосҳои телефонии мардум ва аз ҷумла ӯро гӯш мекунанд: “Ба хулоса омадам, ки аз истифодаи телефони мобилӣ даст кашам. Хидматрасонии телефони мобилиро ба ширкат ман пардохт мекунам, аммо онро мақомот истифода мебарад. Чаро бояд ҳаққи истифодабарии мақомотро ман бипардозам?! Вақте дар ватанам озод нестам, телефони мобилӣ чӣ зарурат дорад?”

Воҳидова аз гӯш кардани телефонҳои мардум аз сӯи мақомот шадидан нигаронӣ карда, аз сокинон даъват намуд, ки ба ин иқдоми ӯ пайравӣ кунанд.

Ин тасмими Воҳидова дар ҳолест, ки чанд моҳи пеш вакилони мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари зиндонии Тоҷикистони нав низ иддао доштанд, ки масъулони Оҷонсии зидди фасод пайваста сӯҳбатҳои телефонии онҳоро гӯш мекунанд.

Шӯҳрат Қудратов,
яке аз се вакили дифои Зайд Саидов, изҳороти Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии зидди фасоди молиро далел оварда, таъкид намуд, ки “онҳо ҳар қадами моро пайгирӣ карда, сӯҳбатҳои телефонии моро гӯш мекунанд.” Қудратов ин кори масъулони Оҷонсии зидди фасоди молиро ғайриқонунӣ хонда, таъкид намуд, барои дифоъ аз ҳуқуқи худ ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати умури дохилӣ муроҷиат мекунанд. Баъдан Қудратов ба иттиҳоми порагирӣ аз ҷониби Оҷонсии зидди фасод боздошт шуд ва яке аз далелҳои асосӣ алайҳи ӯ сабти суҳбатҳояш арзёбӣ мешавад.

Мӯҳр
Санавбар
Ин давлатдорй хамин аст. Амрикоро бинед, чахонро гуш мекунад.

мусо
ХОЧАГОН ХАККИ КОМИЛ ДОРАНД ХАР КАДАМИ ГУЛОМОНАШОНРО НАЗОРАТ КУНАНД СУХБАТАШОНРО ГУШ КУНАНД, ЗЕРО ХОЧА ХОЧА АСТУ ГУЛОМ ГУЛОМ....
то даме башарро хислати меши аст хурранда ва душанда пайдо хохад шуд. м. хичози

Ман як чизро намефахмам. Дар тамоми дунё барои бехатарии давлат, тартиботи чамъияти ва амният тамоми чорахоро меандешанд. Вазифахои асосии давлати мо низ чунинанд. Агар Шумо барои манифатхои давлат зараровар бо истифода аз телефонхои мобили дошта бошед, то Шумо барин хомиёни хукуки инсонро дар нохунак бояд хатман гуш кунанд. Шумо ба фоидаи чамъият ва давалт чи кардед?Шумо аз он порахурони хоричи хастед, ки барои гранти як ташкилот шуда, давлат ва модари худро мефурушед. Хисси милли доштан даркор, давлатро бо тамоми камбудияш дуст доштан даркор. То солхои 2000 духтарони болигро бурда чи корхо намекарданд, шахсони ярокдор. Шумо шукрона кунед, ки дар ватани обод зиндаги доред. Назар кунед ба давлатхои хамсоя ва хулоса бароред хонум Вохидова.

Донишманд
Мӯҳтарама Файзинисо Воҳидова, ба фикрам ин қадар воҳимаи зиёд ҳам лозим не, агар аз пуштатон ягон хоҷаи хориҷӣ надошта бошед, ҳеҷ маҳал телефони мову Шуморо ягон кас гӯш ҳам намекунад, мо ки ба даркор.

Ба Tojik гуфтаниам, ки агар матни пурраи ин матлабро дар сахфаи ФБ хонда бошед, ман махз худам гуфтаам, ки бахри амнияти милли ва пешгири аз чиноятхо макомот хак дорад сухбати телефонии шахсро гуш кунад ва ин хама вакту дар хама замон буд, аммо шахрвандон ин амали масъулинро эхсос нампкарданду чун сири давлати боки мемонд. Имруз, ки бесаводу бе фахму фаросат ва шахсони тасодуфи руи кор омадаанд, хама аз амали онхо хабардор аст. Телефони шахсро гуш мекунанду дар як вакт бо телефонии шахсии худаш тамос мегирад, ман аз ин гушкунихои макомот хеч тарсу хавф надорам. Ман аз ин кирдори аблахонаи онхо шарм медорам. Шумо мегуед ки давлатро дуст дорем ? Агар шумо бар ин кормандони макомот ки аз мантику фаросат фарсаххо дуред, патриот бошед, вой бар холи ватан! Ин шумоед ки ватанро шарманда кардед. Аввал фарханги гуш кардани сухбати телефониро ед гиреду, баъд ба ин амал даст занед. Дар бораи хочаи хоричи гуфтед? Ман ку ягон вакт хочаи хоричи надоштаму бурридаи ноне аз хисоби хоричиен нахурдаам. Аммо, имруз тамоми хочагони хоричи пушту панохи хукумат ва макомот мебошад. Имруз хочагони гуфтаатон барои точик рох месозад, фурудгох, тачхизот, хатто ба шумо барин " патриот" вноситахои техники медихаду маошатонро пардохт мекунад ва боз шумо шарм накарда нони хочагони хоричиро хурдаю хазм карда, дигаронро ба ин мутаххам мекунед? Ахсант ба ин " мардиатон"! То соли 2000- ум гуфтед, ки духтаронро бурда чи корхое карданд. Бале, солхои кабл одамфурушию танфурушии занхо ва истисмори шахвонии занхо ба мамолики араб авч гирифта буд, аммо шумо хуб медонед, ки хамаи онхо аз хисоби кормандони макомоти хифзи хукук " крыша" доштанд ва хатто як пашша аз марзи чумхури бе кумак ва ерии шумо баринхо набаромадааст. Крыша будани макомдоронро то сатхи хукумати кишвар ва прокурори генералию визири КД эътироф карданд. Яъне занфурушу танфуруш ин шумоед! Яроку силох хам дар ихтиери шумо аст! Ба фойдаи давлат ва чамъият чи кор кардам? Худи шумо чи кор кардед? Ба шукрона даъват кардед! Ба ки ва барои чи шукр кунам? Агар мусалмон бошед, бояд донед ки банда танхо ба Аллох шукр мекунад. Давлатро обод карданд, сохтанду сухтанду боз чи корхое ки карданд, хар як масъул вазифаашро ичро кардааст. Ман вазири саноат нестам ки корхонаи саноати созам. Ман вазири рох нестам ки ба рохсози бипардозам. Ман вазири энергетика ва молия нестам ки НБО созаму сармоя дихам. Курсиро, ки гирифтанд е хариданд, бигузор вазифаро ичро кунанд.

Инсоф
Файзинисо Вохидова,
мувофиқам

Рост мегуи Гурдофариди Точик инхо хаки гуш куни тамоми телефони мардума надоранд ба инхо ки хак додаст худо медонад локин дар охират инхоро аз гушашон кашол мекунанд барои гуш кардани тамоси телефонхои мардум.!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)