Бахшҳо

Интиқоди Давлатов аз маъракаи “калкунӣ”-и занони тоҷик дар Русия

Абдулло Давлатов, раиси Иттиҳоди тоҷикони Русия аз маъракаи сартарошии занони фоҳишаи тоҷик, ки ахиран дар Русия густариш ёфтаст, шадидан интиқод намуда, таъкид мекунад, ки ин роҳи ҳалли масъала нест.

Давлатов имрӯз, 16-уми сентябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар Русия бисёр аз мардони тоҷик мешунавад, ки барои фоҳишагӣ сари духтари тоҷикро тарошидаанд, ки боиси нигаронист: “Ҳатто боре раиси яке аз ҷамъиятҳои минтақавии Русия дар суҳбате аз худаш тавсиф кард, ки "сари ду духтари тоҷикро қоқ-қоқ тарошидем". Пурсидам, чаро? Гуфт, проститутка буданд.”

Дар ҳоле, ки ба гуфтаи Давлатов ин роҳи ҳал нест ва калиди ин мушкилӣ дар носозгориҳои иқтисодию иҷтимоии худи Тоҷикистон аст. Раиси иттиҳоди тоҷикон даст ба фаҳш задани занони тоҷикро баъзан натиҷаи номардиҳои мардони тоҷик хонд, ки ба гуфтаи ӯ “баъзан шавҳарҳо барои як луқма нон ба Русия омада, ба хотири дарёфти пули бештаре ва гирифтани шаҳрвандӣ роҳи осонро дар издивоҷ бо зани маҳаллӣ меёбанд ва бо СМС занашонро талоқ медиҳанд. Пас, он зани ҷавони хонабардӯши тоҷик куҷо равад?! Аз хонаи собиқ шавҳараш пешаш мекунанд. Хонаи падараш равад таънааш мезананд, ки "агар хонақап мебуд талоқ намешуд". Бечора ду роҳ дорад- ё худкушӣ мекунад ё сабукпоӣ”.

Давлатов дар хитоб ба мардони тоҷик, ки даст ба “калкунӣ”-и занони тоҷик мезананд, афзуд, “ба ҷои сари хонумони тоҷикро тарошидан мард бошед, онҳоро пуштибонӣ кунед, то ба иззати нафсашон нарасанду отифияташонро аз даст надиҳанд.” Ӯ афзуд, дар ҳама давру замон, дар ҳама қавму миллат занҳои фоҳиша буданду ҳастанд ва мемонанд, вале на ҷанги Афғонистон, ки аз соли 1979-и асри гузашта давом дорад ва на ҷанги Чеченистон духтарони онҳоро чунин бесаробон накардааст, ки тоҷикон бонувони худро кардаанд.

Ин даъват ва нигаронии раиси Иттиҳоди тоҷикон дар ҳолест, ки рӯзе пеш дар интернет наворе паҳн гардид, ки ҷавонони тоҷик ду занро дар фоҳишагӣ ва паст задани номи тоҷик муттаҳам карда, бо таҳдиди “калкунӣ” ба гиряю зорияшон нигоҳ накарда, маблағҳояшонро гирифтанд. Ин ду зан, ки худро зодаи вилояти Суғди Тоҷикистон муаррифӣ намуданд, далели даст задан ба фоҳишагиро ночорӣ ва зарурати таъмини фарзандонашон арзёбӣ карданд.
Мӯҳр
Мухтарам Давлатов ! Ман ба акидаи Шумо розиам. Шумо Афгонистону Чеченистонро мисол овардед. Медонед чаро дар он чо чунин нест ? Чунки мардони онхо бо конунхои шариат зиндагони доранд. Занхои милаташонро барои аз бенавоию бадахлоки рахо додан ба никохи худ медароранд то номуси миллаташонро нигох доранд ! Дар мо чи ? Худо накарда гунохе содир куни аввал чанд зан доштанатро мекобанд ва якум моддаи чинои тайёр ! Худованд миллати моро аз чунин амалхои зишти ба ном"Чавонмардон"-и дилсузи миллат нигох дорад.

Ин мардаки хуби доктор имонш барвакт заиф шуда буд барои хамин аз пушти занхои фошиха гап мезанад...

Дар Точикистон маъракаи риштароши дар Русия дар мухочират бошад сартароши ин чи шармандагист бояд мансабдороне ,ки худро фарзанди ин миллат мехисобанд худро дар дори баланд ...

Чаноби Мухочир чи аз гапи рост метарси? Мусулмон боши ранги хами раис ростша гап зан. Шумо барин номардо занора бехонаву дар карден

mmm
марди набувад фитодаро пой задан ...
ва махсусан агар ин фитода зан бошад
номардхо! шумо агар мард бошед дасти ин занхои бечораро гиред, ба онхо кумак кунед рохи ростро нишон дихед. зуратон ба хамин занхои заифи рохгум мерасад.
агар зур бошед барои чи зури шумо ба мардхои гар (чалаб) намерасад? магар онхо гунохи камтар мекунанд? яктаашро нишон дод ба наздики аз тв-и русия аз зану кудак аз модару бародараш мункир шуд ба хотири як канчики урус. магар ин гунохи камтар аст?

Гастелло
Ман бо Давлатом сад- дар сад розиям.Замони 70 соли шурави зану духтари точикро ягон миллати гайр нигох карда метавонист.Метарсиданд.Ин амали нангинро ба мо баъди сесияи шонздахуми Шурои оли,ноябри соли 1992,ки ба катли ому куштори сартосарии точикон то 27-уми июни соли 1997 асос гузошт боки гузоштаанд.

САИД
Хукуматдорони мо ду занагиро чиноят гуфтангирад руз то руз сафи бевахо зиёд гардидааст пас инхо кучо раванд шавхаркоби?! Охир рохи хал ин рохи Исломаст, ки мардонро таргиби ба ду се занаги кардааст!!! Оё Худованд чени бадагонаш рохи хали ин занони беваро намедонист магар?!!! Окибати ин конунхои пукуу пуч хаминаст!!

Ман дар як чи хайрон, дар Россия фохишаги накунан меган номи миллати точик паст мешава. Охи дар Душанбе хазорхо фохишаяй аку номи миллат паст намешава? Монед хами коротона, хар як кас пушти апау хохару модаронаш шава. Бе хаваям номи точикон дар Россия пастаринай ай пушти бесаводиамон, ки пастарин кори урусро мекунем.

Комил
Бо назари Давлатов мувофиқам ва илова мекунам, ки дар афзоиши шумораи фоҳишаҳои тоҷик мардони тоҷик на танҳо айбдоранд, балки бештар ин "мардон" ба афзоиши фоҳишаҳо мусоидат низ мекунанд. Мисол, ҳама медонанд, ки чи тавр таксистҳои беномуси тоҷик ба меҳмонони диёрамон духтарони тоҷикро пешниҳод мекунанд ва аз ҳисоби занфурӯшӣ пул кор мекунанд. Ва ин дар ҳолест, ки ин мунофиқҳои беномус боз аз ҳама бештар аз номус ҳарф мезананд. Пешниҳод; пеш аз ҳама бояд занфурӯшҳои тоҷикро(алалхусус мардҳояшро) ҷазо дод ва баъдан фоҳишаҳоро.

Шараф
Занхое, ки дар Россия аз бенавоию бечораги ба фахш машгул мешаванд, сазовори тахкири мо чавонмардони точик набояд карор гиранд. Номуси марди кучост, ки бо занон чанг эълон намуда, сархои онхоро метарошед ва лабонатонро лесида тани урёни онхоро тамошо менамоед. Амали шумо бо хамон фахш машгул шудани онхо баробар аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)