Бахшҳо
18 сен 2014 09:46Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Талаби Аброри Зоҳир барои оғози парванда алайҳи Исфандиёри Назар ва Назири Нусрат

Аброри Зоҳир, нависанда ва роҳбари Идораи фурӯши китоб ва паҳни матбуоти даврӣ аз додситонӣ хостааст, алайҳи Исфандиёри Назар, шоири шинохтаи тоҷик, корманди рӯзномаи “ИмрӯзNews” ва Назири Нусрат, сармуҳаррири ин нашрия парвандаи ҷиноӣ боз карда шавад.

Дар ин бора Исфандиёри Назар имрӯз, 18-уми сентябр баъди бозпурсияш дар додситонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба “Озодагон” иттилоъ дода, афзуд норозигии Аброри Зоҳир дар пайи нашри матлабе зери унвони “Даъво доранд: “Олами китоб” ҳабс карда шавад” ба вуҷуд омадааст. Ӯ иддао пеш гузоштааст, ки аз ҷумла алайҳи Исфандиёри Назар ва Назири Нусрат низ бо моддаҳои 245 (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 316 (баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) парвандаи ҷиноӣ кушода шавад, ки аввалӣ то 2 сол ва дуюмӣ то 4 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Ба гуфтаи Исфандиёри Назар дар ин матлаби баҳсбарангез сухан сари он меравад, ки корхонаи зертобеи Аброри Зоҳир аз соҳиби толори китобфурӯшии “Олами Китоб” Шоира Абдуллоева талаб кардааст, ҷойро холӣ кунад: “Абдуллоева аз он изҳори нигаронӣ кард, ки барои ин макон маблағи зиёд сарф кардааст ва маҳсулоти зиёдро харидорӣ намудааст ва акнун толори китобфурӯшӣ, ки як қисми мағозаи “Олами Китоб”-ро ташкил медиҳад, аз ӯ гирифтаниянд.”

Исфандиёри Назар афзуд, онҳо дар меҳвари матлаб дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро қарор доданд, ки зимни ифтитоҳи “Олами Китоб” супориш дода буд, ки дар қисмати аввали он толори китобфурӯшӣ ташкил карда шавад. Ба гуфтаи ин шоири тоҷик аз байн бурдани ин толор барои тамоми сокинони Душанбе як бохт хоҳад буд, "зеро имрӯз фурушгоҳҳои китоб набояд барҳам, балки бештар ва дар тамоми манотиқи кишвар бунёд гарданд."

Ин дар ҳолест, ки “ИмрӯзNews”, нахустин рӯзномаи мустақил дар таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон борҳо барои нашри матлабҳои интиқодӣ ба додгоҳ кашида шуд ва ҷаримабандӣ низ гардид. Гарчанде ба гуфтаи коршиносон ҳадафи ин баҳсҳои додгоҳӣ “шикасти рӯҳи ҳақиқатнигорӣ”-и рӯзнома аст, кормандони он аз чопи матолиби мубраму интиқодӣ даст накашидаанд.

Исфандиёри Назар, ки аз кормандони ин рӯзнома аст, ҳамчун шоири тавоно ҳам шинохта шудааст ва мавзӯъҳои доғи рӯзро дар қолаби шеър пайваста дар сафҳаи Фейсбукиаш нашр мекунад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ватандуст.
Аброри Зохир бизнесмени бомахорат аст. Вай аз хеч чи пул кор мекунад. Долябандиро аз журналистон у хануз дар телевизиони точикистон кор карданаш ба рох монда буд. Ин анъана то хануз дар шабака идома дорад.

Аброри Зохирро ба суд бояд кашид. Даврони директори ТВТ будуни у ва раисии кумита будани Увайдуллои Рачаб хай пул кор карданде. Чунон кару фар мекарданд, ки Худамхудобердй мегуфтанд. тамоми намоишхои телевизионхо пулакиянд. Доля барои сёмка. "Бузургон" ба давлату миллат ана хамин хел хизмат карданд ва то хол "хизмат" карда истодаанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)