Бахшҳо

ВИДЕО: Тоҷикдухтари ҳиҷобпӯш: Дигар ин ҳамаро намешавад тоқат кард

Як бонуи ҳиҷобпӯши тоҷики муқими Русия бо нашри навори видеоие аз духтарони тоҷик даъват кардааст, ба фарҳанги бегонаҳо дода нашуда, иффату покдомании худро ҳифз кунанд.

Ӯ, ки аз худ ном набурда ва бо забони русӣ ҳарф мезанад, мегӯяд, бархе ҳамватанон ба корҳое даст мезананд, ки тамоми миллати тоҷик зери маломати бегонаҳо қарор мегирад. “Мондани аксҳои урёни хеш ва лаҳзаҳои ишқварзияшон бо бачаҳои бегона дар шабакаҳои иҷтимоӣ чӣ маъно дошта бошад? Албатта, ҳар шахс ҳаққи интихобро дар зиндагӣ дорад, вале намоиш додани амалҳои худ аз номи духтари тоҷик ба ҷаҳониён чӣ лозим?”,-мепурсад вай.

Дар идома ин муҳоҷирдухтари тоҷик аз ҳамватанон даъват мекунад, аз тақлиди бегонаҳо парҳез намуда, ҳадди аққал аснои интихоби сару либос ба расму ойини гузаштаҳо аҳамият бидиҳанд: “Боре ба таърихи гузаштагони худ нигоҳе андозед, ки духтари тоҷик бояд чӣ гуна бошад. Магар зебогии фитрии духтари тоҷик кофӣ нест, ки ба бегонаҳо тақлид мекунем? Аз шумо касе намехоҳад рӯсарӣ ё ҳиҷоб пӯшеду тибқи фармудаи Худованд сатрро ба ҷо биёред, ҳадди аққал либоси миллиро риоя кунед. Худатон дарк намекунед, ки ҳар коре анҷом медиҳед, санги маломат ба сари миллати тоҷик мерезад. Шояд баъзе аз шумо маро масхара намуда, гӯед дигар кор надошта бошад?! Вале намефаҳмед, ки тамоми миллатро бо ин амалҳои худ шарманда мекунед”.

Дар ин муроҷиати видеоии худ, ки шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд, ҳамчунин аз амалҳои духтарони тоҷик дар гӯшаву канори Русия интиқод намуда мегӯяд, обрӯи духтарони тоҷикистониро пойин бурдаанд. Ӯ аз чунин духтарон хоҳиш кардааст, вақте бар асоси расму ойини тоҷикон намехоҳанд зиндагӣ кунанд, пас тарки ному насаби тоҷикӣ намуда, худро Наташаю Елена ном гузоранд: “Агар ин ҳарфҳои ман боиси нороҳатии кадоме аз шумо шавад, қаблан узр мехоҳам ва ҳадафи ба иззати нафси касе расиданро надорам, танҳо мехоҳам, фаҳмед, ки дигар ин ҳамаро намешавад, тоқат кард. Бисёриҳои орзӯи зиндагӣ дар Тоҷикистонро доранд, вале шумо наметавонед дар Ватан низ шоиста зиндагӣ кунед. Агар худро фарзанди мусалмон меҳисобеду номусу шараф доред, аз ин амалҳои бад дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯй гардонед, чун ҳама моро онҷо масхара мекунанд”.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
.
Хамин хукумат аст, ки духтаронро бо "идеологияи" пешгирифтааш ба ин рох тела мекунад. Ба пеш ба клубхои шабонаву дискотекахо.

тОЧИК
ХАМАРА БОРИ ХУКУМАТ НАКУН ТУКИ ХУДАТ БОШИ АЙБИ ДИГАРОН ЧИ ХУКУМАТ КИСТ ИН ХАЛК ХАЛК КИСТ ИН МОВУ ШУМО ПАС ГУФТАНИИ КИ МАНУ ТУ ХАМИНОРО БА ХАМИН РУЗ РАСОНДЕМ

Салим
Эй эй хохари азиз. Вайхо аксхои лучу пучашро дар интернет мегузоранд вале медонед ки дар Точикистони азизи мо телевизиони давлати ки мукаддас аст руирост бо бахонаи мубориза бо мулохо порнографияро нишон медихад ба ин чи мегуед

.
тОЧИК,

Хамин хукумат нест, ки чавоноро ба масчидрави манъ мекунад? Хамин хукумат нест, ки занхоро умуман ба масчид рафтан манъ кардааст? Хамин хукумат нест, ки маъракаи зиддиисломиро дар ТВ пеш гирифтааст ва мардумро талкин дорад то аз ислом ру гардонанд? Хамин хукумат нест, ки шахрро пур аз марказхои дилхуши кардааст? Ва аз оне ки духтарон ба он чо рафта бо танфуруши пул кор мекунанд, чашм мепушад? Хамин хукумат нест, ки дарвозаи Россияро барои чавондухтарони точик боз кардааст. Духтарони бесаводи точик дар Россия аз дасташон чи кор меояд? Чаро дар хамин чо ба онхо чои кори мухае намекунад?

Ин хукумат чои он ки заводу фабрика сохта духтаронрро бо кор таъмин кунад, марказхои дилхуши бунед кардааст, то ин ки духтархо рафта он чо пул кор кунанд.

tj
Фанатико бас кнен. Зану Духтаратона тарбия ва ба маъни
Кунед Аз Намозу Руза гап мезанеду Рохи тарбияро намедонед
Илмро фарз гуфтааст Паёмбар(с)

СТУДЕНТ
БАЛЕ РОСТ. ХАМИ ХУКУМАТ ДАР РОХУ РАВИШИ ИНТИХОБ КАРДАИ ЧАВОНОН ГУНАХКОР АСТ. ХАМА РОХ ХОРО КИ БАСТАНЧ ДИГАР РОХИ ИНТИХОБИ БЕХТАР НАМЕМОНАД ....

Muhojir az Astana
Ba TJ, Islom xud Ilm ast. Agar xudro ilmdor meshumori, boyad az Islom oghoz kuni, misoli oddi tamomi Olimoni Mashuri dunyo Islomi Azizro kabul karda istodaandu Musalmon shuda istodaand. Ilmi meguftai Shumo az Islomi Aziz sarchashma megirad. Fikr doram, ki vazni zindagiro nachashidai, chunin menavisi.

Ahsan ba in Dukhtarak, ki mavzui doghi ruzro nashr kardaast. Bechora Tojikon az nadonistani hukukhoyashon chunin sharmandavu nochoru aziyatkashida shudaand, Afsus.

Yagona roh, sidkand az Khudovandi mutaol kumak khostan lozim astu, Ilmi Ilohiro omuxtan lozim, va In Sha Alloh, xudovan xud rohi rostro baroyashon nishon medihad..

Салимшох
Як хел гап мезанен ки гуё Эмолали Рахмон дар гардантон банд андохта то дискатекаву фохишахона мебратон мебахшед бо пои худ меравед суи зинохона пас причом ин чо хукумат таъриф нашавад ман ман дар 30 даромадам то хол дискотекаро надидаам хамааш аз худи шахс вобаста аст .дуввум шарм намекунед ки аз муллохои зинокор дифоъ мекунеддд..намемонед акаллан онхо тарики тв шармандаву расво шаванд чи магар шумо розиед ки хамон муллохо хамон амалхояшонро бо хохарону модаронатон анчом диханд... ?

а
Салимшох,

Худатро банодони назан. Максад аз нишон додани он муллохо бадном кардани ислом аст. Чаро зинокорони ХХДТ нишон намедиханд?

27
мо дар шарк чойгирем ва бояд хусусиятхои шаркиро риоя намоем махсусан занон ва духтарон. барои духтаронро тарбия кардан аввал падару модари уро бояд тарбия кард, дар мавриди дискотекахо бошад хукумат бояд нозукихои шаркро риоя кунад агар хохад ки ояндаи кишвар чамъият солим бошад бояд чавононро дуруст рахнамои бикунад. дискотека чои тарбия нест дар ончо дутарону писарон пардаи хаеро гум мекунанд, нушокихои спирти, нашшаву банг ва хероин истеъмол мекунанд ва баъд ба дигар корхои гайр даст мезананд. чавононро бояд бо кор, дастрас ба хондан дар омузишгоххо ва донишгоххоро мухае бикунад. ин вазифаи хукумат аст.

Рахмат ба хамин хел духтари точик ки бисёр гапхои хуб гуфтанд саломат бошанд

Чобиршо
Хамин латапечу сиёхпушии занон ба хеч кас намефорад. Дигар ин ки холо сатрпушхои фохиша бисёр шудаанд. Бинобар ин сарулибос рол намебозад. Дили поку иффат ва мусулмонии хакикй даркор.

val salom ba hamai mellati tojok va duvum ba khohari aziz ki in dostonro ba smi dukhtaroni be roha merasonad va mekhoham bigam ki davlat hej kore nametonad bikunad chun khudoi mutaol ba hamai mo akl dodast to az on istifoda kunem vaghte ki dastamon mesuzad ehsos mekunem vale zamone ki nomi milati tojikro past mezanad khrle alam ovar ast chun tojokon dar arsai torikh yagona milate hastan ki rasmu oini bartar doran va az shumo khohish karda meshavad ki az amalhoi zisht khuddori kuned !!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!.,

раҳмат бар падару модарат
хоҳари апай и давлати мо худаш ҳамира талаб дорад агар ҳамихели шумо яг чан нафари дигар бошад хеле хуб мешавад .,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)