Бахшҳо

Шӯрои уламо ва Turajon.org дар бораи Иди Қурбону қурбонӣ

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, санаи дақиқи фарорасии Иди Қурбон дар Тоҷикистонро баъд аз 25 сентябр муайян хоҳад кард.

Неъматулло Олимов, ёвари раиси Шӯрои уламо дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, интизор меравад, 25 ё 26 моҳи ҷорӣ ҷаласаи навбатии шӯро баргузор шавад, ки яке аз мавзӯъҳои аслӣ дақиқ кардани рӯзи Иди Қурбон мебошад.

Иди Қурбон яке аз ду иди бузурги мусалмонони ҷаҳон аст, ки ҳамасола рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа, пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр таҷлил мешавад. Дар Тоҷикистон низ баъд аз солҳои навадуми қарни гузашта дар шакли расмӣ аз он истиқбол шуда, ин рӯз дари ҳамаи коргоҳҳо баста ва истироҳат эълон мешавад. Мардуми доро одатан дар ин рӯз, бар асоси расму ойини мазҳабӣ, гӯсфанд ё говеро қурбонӣ намуда, гӯшти онро ба афроди камбизоат медиҳанд.

Бо наздик шудани Иди Қурбон, торнамои Turajon.org, веб-сайти хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо ба шарҳи рукнҳои қурбонӣ пардохтааст. Ин торнамо гуфтааст, ҳар нафаре, ки соҳиби 85 грам тилло ё тақрибан се ҳазор доллар аст, қурбонӣ кардан ба ӯ воҷиб мебошад. Ба навиштаи манбаъ, ба ин маблағ ашёи зиёдатӣ низ ҳисоб мешавад: “Шумо аз пули коғазӣ танҳо 500 доллар доред. Лекин либос, қолин, курпа ё ҳуҷраи зиёдатӣ ва ғайраро соҳибед, дар айни ҳол қарздор ҳам нестед, пас бар шумо қурбонӣ кардан ва додани садақаи фитр воҷиб мебошад”.

“Барои фарз шудани закот комил шудани соли қамарӣ шарт аст. Яъне, дар аввал ва охири сол бояд пули шумо ба қимати 85 гр тилло ва ё тақрибан 3 ҳазор доллар бошад. Вале дар вуҷуби садақаи фитр ва қурбонӣ пур шудани сол шарт нест. Ҳамин ки шумо шаби ид ва ё як рӯз пеш аз он соҳиби ин миқдор мол шудед, қурбонӣ кардан ва садақаи Фитр додан воҷиб мешавад”, - навиштааст Turajon.org.

Дар идомаи матлаб омадааст, шахси қурбоникунанда ихтиёр дорад, ҳамаи гӯшти қурбониро садақа ё дар хона барои аҳли оилааш нигоҳ дорад: “Аммо тибқи ҳадиси паёмбар (с) мустаҳаб аст, ки сеяки (33%) онро садақа бидиҳад ва сеяки дигарро барои меҳмонҳо ва ҳамсояҳо таом бипазад, сеяки дигарро пухта нигоҳ дорад”.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ҳофиз
чиро дақиқ мекунанд, 4 октябр иди Қурбон мешавад.


Дар хароботи муғон нури худо мебинам,
Ин аҷаб бин, ки чӣ нуре зи куҷо мебинам.
Ҷилва бар ман мафурӯш, эй маликулҳоҷ ки ту
Хона мебиниву ман хонахудо мебинам.
Хоҳам аз зулфи бутон нофакушоӣ кардан,
Фикри дур аст ҳамоно, ки хато мебинам.
Сӯзи дил, ашки равон, оҳи саҳар, нолаи шаб,
Ин ҳама аз назари лутфи шумо мебинам.
Дӯстон, айби назарбозии Ҳофиз макунед,
Ки ман ӯро зи муҳиббони шумо мебинам.
Ҳофизи Шерозӣ

Боймрoд
Худo.шуморо.нигахдорад.туражонзодахо.омин

shz
Salom! idi Kurbon kadom ruba meoyad?

Чй худатона гаранг мекунед! Аз президент ё аз дастгохи у пурсед и всё рузаш муйян мешавад, рафик Саймукаррам!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)