Бахшҳо

Продюсери Тахмина: Чаро дӯсткуши душманпарварем?

Меҳрафрӯз Неъмонзода, продюсери Тахмина Одинаева, як овозхони ҷавон мегӯяд, таронаҳои иҷрокардаи ӯ, аз чорчӯби одобу ахлоқ берун нестанд. Хонуми Неъмонзода, дар пайи нашри як хабар дар “Озодагон”, ки “Баҳси як клип дар интернет: Аз “паст задани тоҷикон” то рэпҳои “бемаънӣ” ном дошт, вокуниш нишон додааст. Ин хабар дар пояи шарҳҳои зиёди корбарони торнамои “Топ-видео” зери клипи “Бевафо”-и Тахмина Одинаева ва рэпсаро Шон МС таҳия шуда буд. Матни номаи Меҳрафрӯз Неъмонзода ин аст:

“Тахмина ҳунармандест, ки ба тозагӣ фаъолияи эҷодии худро оғоз намуда, барои ба орзуҳои сабзи хеш расидан, ин шабу рӯз зиёд заҳмат мекашаду кушишҳо ба харҷ медиҳад. Меҳнатҳои пайвастаи ӯро ман бо ду чашми сар дидаю мушоҳида карда истодаам. Таронаҳои ин бонуи ҳунар- “Қисмати бевафо”, “ Наё”, “Майда-майда” ва “Бевафо”, ки бо рэпсаро Шон МС сурудааст, на танҳо аз зиндагии худи ҳунарманд, балки ҳаёти мову шуморо бозгӯй мекунанд ва гумонам ин аст, ки дар интихоби шеър Тахмина ба хатоӣ роҳ надодааст. Сурудҳояш аз чорчӯби одобу ахлоқ берун нестанд, ки онҳоро бемаъниву бе муҳтаво бигӯем ва бигӯем, ки чунин таронаҳо моро ба куҷо мебаранд? Масалан суруди “Бевафо”, ки бо ҳунарманд Шаҳбоз (Шон МС) сурудааст, чунин мебошад:

Пас аз рафтан наё пешам,
Нашав хешам на дарвешам,
Азизам рафтӣ, рафтан гир,
Масӯзон ин дили решам.

Ҳайронам, ки дар ин мисраҳо кадом калима бе маъною кадоме таҳқир аст? Ин суханҳо оддӣ бошанд ҳам, бозгӯи дарди як зананд, як бонуе, ки аз азизи дил хиёнату бевафоӣ дида, ранҷур аст, хунҷигар аст ва пас аз рафтан дигарбора омаданашро намехоҳад ва интизор ҳам нест. Охир, каманд занону бонувоне, ки хиёни мард ва ё азизи дил чашидаю аз ин дар азобанд, каманд занҳое, ки марди дилашон аз онҳо рафтааст? Албатта, не! Пас чаро ин дарди бонувонро, ин дарди ҷомеаро (агар чунин гӯем ҳам шояд хато нашавад), таҳқир мегӯему паст мезанем хонандаи онро? Чаро намеандешем, ки барои таҳия ва дастраси бинандаву шунавандаву муштарӣ гаштани ҳамин як тарона ва як клип чӣ қадар меҳнат кардан лозим меояд? Чаро? Чаро дар аксар мавридҳо мо дӯсткуши душманпарварем? Чаро ҷойи дастгирӣ намудан, куишиш менамоем то нафареро дилсарду ноумеду шикаста бисозем, чаро?

Биёед, тарк намоем аз пушти ину он нафар бадгӯӣ карданро ва аз муваффақияти инсонҳо шод бигардем, на ғамгин! Ва пеш аз он ки чизеро ба забон ва бинависем аввал зиёд фикр кунем, ки сухани мо чӣ таъсире ба дигарон мерасонад, хусусан ба нафари эҷодкор, ки пайваста пайи эҷод асту ҳаракат мекунад, то муштарии худро шод намуда бошад”.


Дар акс Меҳрафрӯз Неъмонзода

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Пурдил
Эй тема карди да Нуъмонзода! Худат донишгохро ба зуррррррррр хатм карди бо дигаронро гап нишон медихи?! Ин сарояндагоне, ки ту пуштибонишон дори ХАМАШ бесаводан!!!!

Шунаванда
Чор мисра суруде, ки гуйи ин чавобнавис овардаас тахкир ба гуиши як минтака ва фачтарин матн аст. Журналист бо прдюсер шудааст. Ша дар дег на дар кафлез. Озодагон бахотири хифзи санъату мусики пайгири кунед. Ин бадгуйи нест кори журналистон прдюсерии саряондахои куча нест, аблки тахлили матнхои хароби онхост. ба пеш. Санъатро тоза кунед аз ин саломалекхо.

Хамкурс
Хамин Нуъмонзода ба зур журналисткаро тамом кард ситораи Лутфулло Давлат хар руз дар Сафина ина хачмун журналист таърфи мекунанд. Чаро дар бораи Харамгули Кодир,Адолати Мирзо Хуринииссо Ализода барнома намекунанд??? Бо продюсер шудааст. рафта кори худат кун Зану мард ишку хиёнат гуфта гард. тура чит мондааст боз тарафи ин саряондахои урёна мегири.

.
Нуъмонзода,

Чахонбинии Тахмина барин "овозхонхо" ба мо маълум аст. Илтимос таърифхои хасакиатро як тараф бимон, касе ба ин бовар намекунад. Мардуми точикро бо ин гуна клипу санътатон шарманда накунед. Як шавхар ебед ба Тахмина хизмати шавхару фарзандонро кунад.

Имон
Бо шарм надошта мегуяд кучоящ бемаъни хаст. Шеъри навистаат на маъни на кофия надорад. Айбаст бо худро продюсер меноми хайф !!!!

Аввалан, ба ПУРДИЛ: ин таронахо барои шумо барин ашхосанд. Як бор хонед, ки чи ва чи хел менависед худи шумо. Шахси илми олидорамон хамин бошад, аз дигарон чиро мунтазир бошем? Сароянда мачбур аст, баробари фахмиши шумо хонад. Шеъри хубро 500 кас гуш мекунад, кучагиро (агар хуб барояд) 500 хазор.
МЕХРАФРУЗ, бахс накунед, барои он ки чизеро исбот карда наметавонед. Ин сайтхо ва интернет чои одамхоест, ки худашон гайрати як кор надоранд, валек ба танкид кардани дигарон омодаанд. Коратонро карда гардед. Ин донотарошхо дарди дил ва хаёти мардумро арзишманд ба як нигох намедонанд. Вале магар ба каттаги худашон меарзанд?
П.С. Лекин барои бех шудани махсули кори сарояндагон ва саводу дониши худ хар руз талош варзед. Вокеан, камбудихо хастанд.

мардум
наход хамин кадар бонуи нозанин хамин матнхои содаву обшустаро ба оханг дарорад.

эээээ
э биё дафъ кун бемаъни сурудатро!!!!!!!!!!!!!!!! Боз "захмат" будааст, "мехнат" будааст..Хех....

Холо талаботи замон хамин аст, на матни шеър дар корай на овози хофизу хофиза. Хамин худуш соз боша, каду коматуш нагз боша мухлисони хозира ай думи дискош мешавану ва хатто ба маъракахояшон даъват менан.

Тахмина не, Тах,мина!!!!!!!!

ном
сурудам мазок кадагиен

Бобои Файз
Мехрафрузчон дхтарм аз чехраат маълумай, ки синну солат рафтагиай, агар худтона чи кадаре, ки монанди занхои аврупо кунед хам, чомеаи имрузаи мо шумора хамчун одамои кучаги кабул дорад. Бехтараш ягон шавхар ёб, ки як сол пас дига срок годностит ба поён мерасад!!!

Фаридаи Бахтиёр
Хех содахо, шумо фикр дорен ки Меха шу надора? У шу дораду ду фарзанд, аз Лутфулло гуфта метонену аз дидани барномаш не, дар хамуча кур нестен охи кудакоша нишон дод ку. за то метона ош шаваша. Духтар хам шу дораву хам кудак ва хам хонаю дари дидани, хам кори хубу вазифаи баланд, дар ин синну сол аз ин зиёд комёри намешавад.

Хех содахо, шумо фикр дорен ки Меха шу надора? У шу дораду ду фарзанд, аз Лутфулло гуфта метонену аз дидани барномаш не, дар хамуча кур нестен охи кудакоша нишон дод ку. за то метона ош шаваша. Духтар хам шу дораву хам кудак ва хам хонаю дари дидани, хам кори хубу вазифаи баланд, дар ин синну сол аз ин зиёд комёри намешавад.

Бобои Файз! Ту хабардор нести ки Меха панч сол пеш шавхар кардаги бд ва хонаи ободу фарзандакои ширинак дорад? Ё ту худат хушбахт нести аламат кардай чи? Мефахмам туро!

Мехрафрузчон парво накун чони апаш, за то ту хушбахти, хама хурматат мекунад, газетадда гап нест, ту метаони, дилу гурдаи мардона дори, ба хар коре ки даст бизани миуваффак мешави, чунки аз касе наметарси, бочуръати. Ту дар солхои донишчуиамон хамин хел буди ва мондаи. Хама устодон таърифат мекарданд, ифтихорномахо мегирифти, хусусан Гулув дар хар дарсаш туро хамчун шогирди босаводу ботаълим ба дигарон мисол меовард, Бозору Шукруллоев хам хамчунин. Аз гапхои бемаънии душманонат зик нашав, ту Худо дори дар барат, У туро химоя мекунад. Канд зан, мехнат мекуни доимо, ош шавад. (Ман хамкурсат аз Фархор.... Дили мегуфтенам ку)

ол
Фаридаи Бахтиёр,

Аз афташ бисер зани маккори ори аз вичдон менамои.

Бобои Файз
Фаридаи Бахтиёр,
Бачам маълум шуд, ки ту хам ай хаму тоифаи дугонат хасти, далел:
1) Меха чиай?
2) Ай кучо медони ки "хама" хурматш мекнан? "Хама"-и гуфтагии ту факат худти
3) "За то метона"- чира метона??
4) "Хонаву дари дидани, вазифаи баланд" - нишонаи хушбахтиай? Инро "нодидахо" нишонаи хушбахти меган, шукри Худо мо хамаша дорем барои хамин мо хушбахтиро дар имон ба Худо мебинем.
5) Хози мавсими шолидарави будай, ту бачам хаму Фархорда ай гапои бефойда навиштана бра шолидарави кн!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)