Бахшҳо

Амниятиҳо ба Содиқов: Зудтару оромона бирав!

Александр Содиқов, унвонҷӯи Донишгоҳи Торонто, ки ду ҳафта қабл аз Тоҷикистон ба Канада баргашт, ба расонаҳои ғарбӣ назарашро ба қазияи боздошташ дар Хоруғ баён доштааст.

Содиқов гуфтааст, дар лаҳзаҳои аввали боздошт ва баъди оне, ки фаҳмид дар ҷосусӣ ва хиёнат ба Ватан муттаҳам мешавад, нахустин фикраш ин буд, ки “Худоё, ман тамоми умрамро дар маҳбас мегузаронам.”

Содиқов зимни шарҳи омилҳои боздошташ ба “CBC News” гуфтааст, "мақомоти Тоҷикистон дар ҳар зуҳуроту раванде, ки назорат карда наметавонанд ва таҳти идораашон нест, кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ғарбро айбдор мекунанд."

Дар мавриди иҷозаи баргаштанаш ба Канада Содиқов гуфтааст, дар арафаи ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ӯро ба Кумитаи амният дар Душанбе даъват кардаанд ва гуфтаанд, ки метавонад ба Канада баргардад: “Ман дар ҳолати шок будам.”

Эдвард Шатс, доктори улуми сиёсӣ, роҳбарии илмии Содиқов дар донишгоҳи Торонто, ки маъракаи иттилоотӣ барои раҳоии шогирдашро роҳбарӣ мекардааст, мегӯяд, “мақомоти амниятӣ гуфтаанд, оромона ва зудтар бирав.”

Ин дар ҳолест, ки расман аз қатъи парванда алайҳи Александр Содиқов хабар дода нашудааст.

Қаблан Созмони Авфи байналмилал хостори бекор кардани иттиҳомот алайҳи Александр Содиқов шуда буд. Худи пажуҳишгари тоҷик низ аз тӯл кашидани тафтишоти парвандааш нигаронӣ карда, гуфта буд, ба далели тафтишот иҷозаи берун рафтан аз кишварро надорад, дар ҳоле, ки дарсҳояш дар донишгоҳи Торонто аз 8 сентябр оғоз мешаванд.

Александр Содиқов баъд аз зуҳри 16 июни соли ҷорӣ бо иттиҳоми ҷосусӣ дар шаҳри Хоруғ боздошт шуд. Ӯро замоне дастгир карданд, ки бо Алим Шерзамонов, раҳбари дафтари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар маркази Бадахшон суҳбат мекард. Раёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон рӯзи 17 июни соли ҷорӣ бо пахши изҳороте гуфт, Александр дар пайи иҷрои супориши хадамоти махсус (ҷосусӣ)-и яке аз давлатҳои хориҷӣ будааст. Аммо худи Содиқов мегӯяд, бо фармоиши Донишгоҳи Эксетери Бритониё ба пажуҳиши масъалаи идораи низоъҳо дар Хоруғ машғул буд.

Даҳҳо Иттиҳодияи илмӣ ва созмонҳои байналмилалӣ бо пахши изҳорот аз Содиқов ҳамчун пажуҳишгар ҳимоят карда, хостори раҳоии ӯ шуда буданд. Александр дар рӯзҳои аввали дастгир шуданаш дар боздоштгоҳе дар Хоруғ буд ва сипас ӯро ба боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ дар Душанбе интиқол доданд ва рӯзи 22 июл ба шарти берун нарафтан аз маҳалли иқомат озод гардид ва дар ниҳоят ба Канада баргашт.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ватандуст
Бисер хуб ки у озод шуд. вале, обруйи кишвар рехт ва маълум шуд ки макомот хар касро хоханд хоин эълон мекунанд ва агар хоханд озод месозанд оё мешавад дигшар бовар кард ба онхо? агар Содиков пуштибон намедошт, оё солхо дар зиндон намепусид? ки медонад холо чанд кас бо тухмат нишастааст? агар вокеан у чосус буд, ки бояд чавоб гуяд ки чаро чосусро рахо карданд? ки ба ин саволхо чавоб мегуяд?

ватандуст, Чавоби ту ин аст ки таърихро хондан лозим. Чосусхои бузург бузургро дар даврони шурави аз ШМА аз ИЧШС, аз дигар давлатхо БК, ба содир намудани чинояташон нигох накарда рахо додаанд, зеро кадом давлате набошад чосуси содики худро бо чи арзише набошад, хангоми ошкор шуданаш хамчун чосус хангоми ичрои вазифаи чосусиаш, мехарад.

Ромиш
Кумитаи амнияти милли шарманда кардед хамаро, обуруи кишваро резондед сухбати уро хонед. Ман агар Раиси ин ниход мешудам худро ба дор меовехтам баъди ин сухбати ЧОСУС

Жора
Хамин амниятихо чи вазифа доранд ман нафахмидам чосуса мекапан сар метан, порагирои возорати хоричиро мекапан сар метан итари вазифаша нав дидам.

Зyри ғарб ин мардро озод кард, ба ғарбиҳо бояд раҳмат гуяд, агар ягон Тоҷики бе пocни мо зyр боши дастат намерасанд вале бинанд пуште надори ва ба корҳои даст мезани ки давлатмардон намехоҳанд ба ҳар роҳ тyро мешикананд ё ба тyрма меандозанд. Зyлмy ситам yмри кам дорадy давлатмардони мо бояд андеша кyнанд ки рузе косаи сабри мардyм лабрез шyда аз ин боз ҳамин абарқудратҳо ба ҳамин кишварҳои зур аз он истифода мебаранд на миллати Тоҷик. Давлатдори кунед, пул ҷам кунед, қаср бисозед вале дигаронро бигзоред оромона зиндаги кyнанд.

На хукумат шарм медорад, на амниятихо. Тамоми дуне ба холи мо механдад. Окибати ин хама такрори тахкибхои соли 1937 бахайр шавад.

Аввалаш ин ки Касе, ки аз шармандаги метарсад, гурусна мемонад. Дуюмаш ин ки чанде пеш чосусони русро дар Амрико ва чосусони амрокоиро дар Русия боздошта буданд.

саломат
хара хандаву буза бози - ин казия ба ин макол монанд шуда!
амният хост ки ба ин рох халкро аз хаводиси Хоруг бехабар мононад - чунки ин тахкикоте ки Содиков мебарад аз чи будани асли ходиса хабар медод

Табрез
Ин хеч чосусие надошт,як докторант буд ва сониян кишвари мо он катар кишвари тавоное нест,ки кишвархои абаркудрат бо у сану ман кунанд.Кори хуб нашуд.Ин шахс акнун дар хама чо овоза карда,аз беконунияти дар кишвари мо гап хохад зад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)