Бахшҳо

Вокуниш ба "Номае аз Самарқанд...": Иғвои навбатии "муаррих"-и ба мурод норасида

Доктори улуми таърих Абдуқаҳҳор Саидов, сарходими илмии институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар вокуниш ба матлаби «Нома аз Самарқанд: Дуздиҳои рӯи рост дар китобҳои илмӣ шармандагӣ аст» ба дафтари «Озодагон» мақолае овард, ки пешниҳоди хонанда мегардад.


«Дар муаррифии муаллифи мақола омадааст, ки «барои мушкил эҷод нашудан дар ҷойи кораш ном ва насабашро тағйир додаст». Нахуст саволе матраҳ мешавад, ки дар Тоҷикистон кӣ ин қадар дасти тавоное доштааст, ки барои ин мақола дар Самарқанд ба муаллифи он «мушкил» халқ мекарда аст? Дигар чӣ далел бояд бошад, ки барои мақолае, ки ҳеҷ гуна арзиши илмӣ ва сиёсӣ надорад, касе таъқиб шавад? Сониян ин ки оё муаллимони таърихи Самарқанд то ин ҳад пешрафтаанд, ки ҳатто китобҳои академикиро, ки дар дигар давлатҳо (аз Тоҷикистон ба Узбакистон бурдани китобҳо, ба хусус таърихиро марзбонони узбак хеле душвор кардаанд) ба нашр расидааст, мутолиа намуда, ҳусну қубҳи онро мушаххас месозанд?

Чаро мо унвони мақоларо «Боз як иғвои навбатии «муаррих»-и ба мурод норасида» номгузорӣ кардем ва манзур аз ин «муаррихи номурод» кист? Бидуни шак манзури мо аҳли фитнаву иғво Л. Бойматов (ҳатто дар исми хонаводагиаш нуқс аст) мебошад, ки ҳоло дар Шветсия умр мегузаронад. Л. Бойматов баъд аз бад шудани номаш дар миёни таърихнигорони Тоҷикистон, ба фитнаи навбатӣ оғоз карда, бо исми мустаори «Муродҷон Расулов аз Самарқанд» ба найранги навбатӣ даст задааст. Ба чӣ далеле ба хулосае расидем, ки ин «нақд» ба қалами аҳли иғво Л.Бойматов мансуб аст. Далели якум ин аст, ки айнан ин «эродҳо» ҳудуди як солу зиёда аз ин пеш дар мақолае унвонии раёсати Академияи илмҳо бо имзои Л.Бойматов зикр шуда буданд ва ба онҳо кормандони Шӯъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нави Институти таърих посухи муносиб доданд. Далели дигар ин аст, ки Л.Бойматов дар мақолаи «Масовизм» дар Институти таърихи Академияи илмҳо» («Миллат», 9 январи 2013) айнан ҳамин «эродҳо»-ро баён карда буд ва зери унвони «Чӣ диловарест дузде, ки ба каф чароғ дорад» ё андешаҳо пиромуни мақолаи Л.Бойматов «Масовизм» дар Институти таърихи Академияи улум» (16 январи соли 2013 № 03 (385) ҷавоб гуфта шуда буд.

Чаро аҳли фасод Л.Бойматов тӯтивор ин «эрод»-ҳоро гоҳ аз номи худ ва гоҳе ба исми мустаор такрор ба такрор баён мекунад. Асрори ин амали Л. Бойматов дар он нуҳуфта аст, ки муаллифи ин сатрҳо ҳангоми баррасии рисолаи доктории Л.Бойматов «Социально-экономические и политические проблемы Мавераннахра XIII-XIV вв.» (соли 2012) дар Шӯъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нави Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ эродҳои фаровоне гирифта, собит намуда буд, ки ин рисола ҳеч арзиши илмӣ надорад. Ҳамчунин дигар олимони шӯъбаи мазкур бо нақди ин рисолаи бемояи илмӣ будани онро исбот карданд ва рисолаи Л.Бойматов ба дифоъ пешниҳод нагардид. Ҷойи зикр аст, ки Л.Бойматов ин рисолаи хешро барои дифоъ қабл аз он ки ба Институти таърих муаррифӣ кунад, ба кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод намуда буд. Донишмандони кафедраи мазкур ба рисолаи ӯ баҳои манфӣ доданд ва ин сабаб шуд то Л.Бойматов мақолаҳои туҳматангезе дар рӯзномаҳо роҷеъ ба ин донишмандон ба табъ расонад. Иллати ба исми ман «часпидан»-и Л.Бойматов боз дар он аст, ки ҳангоми муайян кардани муаллифони ҷилди сеюми таърихи халқи тоҷик, Л.Бойматов даъвии навиштани қисмати ҳуҷуми муғулон ба Мовароуннаҳру Хуросонро кард. Аммо Шӯрои илмии Институти таърих бо дарназардошти заъфи илмии қалами Л.Бойматов онро ба ман супорид. Ва ин сабабҳо боис гардид, ки Л.Бойматов пайваста ба найрангу иғво даст занад. Ҳамчуноне ки зикр гардид ба ин «эрод»-ҳои «муаллиме аз Самарқанд» мо посух гуфта будем ва боз ҳам чанд нуктае баён мекунем, то хонандаи гиромӣ дарк кунад, ки Л.Бойматов чӣ таҷрибаи ғание дар барангехтани фитна дорад.

«Муаллиме аз Самарқанд» муаллифи боби дуюми «Таърихи халқи тоҷик» (ҷилди 4) А.Саидовро дар он гунаҳкор мешуморад, ки ӯ аз китоби олими узбакистонӣ Абдураимов М.А. «Очерки аграрных отношений в Бухарском ханстве в XVI –первой половине XIX века (Т.1. Ташкент, 1966) иқтибос намуда, зикри ном ва асари муаллифро накардааст. Аз ҷумла менависад: «Муаллиф бе ин ки ҳатто як бор ба навиштаҳои профессор М.А. Абдураҳимов иқтибос кунад, сар то по ҳамаи матлабро аз номи худ навиштааст. Мумкин аст, муаллиф дар ҷойе хатоиҳои техникӣ намояд, вале айб аст, агар муҳаққиқи китоби илмӣ ва академикӣ ҳамаи таҳлилҳои муаллифони гузаштаро аз номи худ бигӯяд!»

Нахуст бояд гуфт, ки инҷониб ҳангоми навиштани боби дуюми «Таърихи халқи тоҷик» (ҷилди 4) «Таджикский народ в XVII- первой половине XVIII вв.» бар хилофи гуфтаҳои «муаллиме аз Самарқанд» ба олими шодравон Абдураимов М.А. дар 32 маврид аз асарҳои мухталифи ӯ иқтибос овардааст (нигаред ба зернависҳои «История таджикского народа» ҷилди 4 боби 2: 6, 34, 53, 63, 85, 239, 240, 245, 247, 248, 256, 257, 258, 259, 260, 261, 262, 264, 269, 273, 279, 284, 287, 289, 295, 309, 324, 331, 335, 340, 348, 353).

Дигар ин ки ба «муаллиме аз Самарқанд» маълум бод, ки бисёре аз масоили мавриди таҳқиқро қабл аз Абдураимов олимони маъруф, мисли И.П. Петрушевский, А.А.Семёнов, П.П., Иванов, О.Д. Чехович ва дигарон, баррасӣ кардаанд ва Абдураимов аз онҳо истифода намудааст. Аз ин рӯ дар мавридҳои лозимӣ мо на ба Абдураимов, балки ба муаллифоне, ки қабл аз ӯ ин масъаларо пажӯҳиш кардаанд, ишора намудем ва инҷо одоби илмӣ риоя гардидааст. Он чӣ ки ба иқтибоси аввал аз китоби Абдураимов М.А. «Очерки аграрных отношений в Бухарском ханстве в XVI - первой половине XIX века» ( Т.1. М., 1966., С. 263) иртибот дорад ва гӯё мо аз исми Абдураимов ёд накардем, бояд гуфт, ки дар китоби «История таджикского народа» ҷилди 4 боби 2 он зери шумораи зернавишти 240 дар саҳифаи 204 ба исми Абдураимов ишора шудааст.

Дар саҳифаи 207 «Таърихи халқи тоҷик» (ҷ. 4), ки муаллифи мақола моро ба «дуздӣ»-е аз матолиби китоби Абдураимов муттаҳам мекунад, қобили қайд аст, ки дар ин саҳифа дар зернавишти 257 ва 258 зикри китоби Абдураимов рафтааст. Агар манзураш сархати якум ва сеюми саҳифаи 207-и «Таърихи халқи тоҷик» бошад, ки инҷо зернавишт нест, бояд гуфт, ки сархати чаҳорум ва панҷум мантиқан бо ин сархатҳо алоқаманд мебошанд ва ба ин далел дар сархати панҷум бо зернавишти 257 ва 258 зикри китоби Абдураимов рафтааст.

Дар мавриди даъвои «муаллиме аз Самарқанд» ба иқтибоси саҳифаи 213 «Таърихи халқи тоҷик» (ҷ.4) бояд гуфт, ки ин иқтибос бо зернавишти 298 ба асари Петрушевский И.П. «Земледелие и аграрные отношения в Иране в XIII-XIV вв.» (М.-Л., 1960, саҳ. 235-236 ) ишора шудааст. Чаро мо номи Абдураимовро дар ин маврид зикр накардем. Барои он ки муҳаққиқи барҷастаи Шӯравӣ Петрушевский И.П. «Земледелие и аграрные отношения в Иране в XIII-XIV вв.» ҳанӯз соли 1960, яъне 6 сол пеш аз Абдураимов ин матлабро баён кардааст. Агар Абдураимов ба ин марҷаи илмӣ ишора накардааст, тақсири мо нест.

Дар мавриди эроди саҳифаи 215 «Таърихи халқи тоҷик» (ҷ.4). Ин ҷо дар зернавишти 309 ба асари мазкури Абдураимов саҳифаи 14 ишора шудааст ва даъвии «муаллиме аз Самарқанд» комилан беасос аст. Роҷеъ ба эроди саҳифаи 217. Дар зернавишти 316 асари П.П. Иванов «Хозяйство джуйбарских шейхов. К истории феодального землевладения в Средней Азии в XVI-XVII вв.». М.-Л., 1954, саҳифаи 72 зикр гардида аст. Яъне П.П.Иванов ин матлабро 12 сол пеш аз Абдураимов пажӯҳиш намудааст. Пиромуни эроди саҳифаи 219 дар «Таърихи халқи тоҷик» (ҷ.4). Ҷои тазаккур аст, ки муаллиф бо зернавишти 325 ба асари Петрушевский И.П. «Земледелие и аграрные отношения», саҳифаи 247-248 иттико кардааст. Дар мавриди ду «эрод»-и дигари «муаллиме аз Самарқанд» дар саҳифаи 221 «Таърихи халқи тоҷик» (ҷ.4) бояд гуфт, ки бо зернавишти 335 ба асарҳои гуногун, аз ҷумла ба асари мазкури Абдураимов, саҳ. 149-150 ишора шудааст.

Хонандаи гиромӣ, ҳамчуноне ки дар фавқ ишора шуд, исми Абдураимов дар 32 маврид дар ин боб зикр шудааст ва умуман дар боби мазкур 689 зернавишт мавҷуд аст, ки асарҳо ва номи муаллифони онҳо дарҷ гардида. Пас хулоса мешавад, ки Л.Бойматов бо исми мустаори Муродҷон Расулов бо найрангҳои навбатӣ азҳони хонандагони рӯзномаро мағшуш карда, муносибати ақшори васеи ҷомиаро ба илм ва олимони тоҷик машкук мегардонад. Ин боис гардид то ман қалам ба даст гирам ва ба тӯҳматҳои Л.Бойматов ҷавоби мукаррар гӯям.

Илова бар ин, Л.Бойматов роҷеъ ба Тоҷикистон ва донишмандони он ҳеҷ назари мусбате надорад. Агар мақолаҳои ӯро, ки бештар ба нақди осори илмии донишмандони тоҷик бахшида шудаанд ва аксаран дар матбуоти Эрон ба нашр расидаанд, баррасӣ кунем, дармеёбем, ки ӯ ба фазои илмии Тоҷикистон бо назари бадбинӣ менигарад. Дар ин иртибот бояд гуфт, ки дар рисолаи орӣ аз ҳама гуна арзишҳои илмӣ бо номи «Социально-экономическое положение Центральной Азии в XIII-XIV вв.» (Душанбе, 2009), ки Л.Бойматов ба нашр расонид, ба мақолаҳои камарзиши пажӯҳандагоне аз Эрон эътибор қоил шуда, донишмандони тоҷикро бо назари ҳақорат мебинад. Муруре ба чанд «нақди» Л.Бойматов дар Эрон нишон медиҳад, ки ӯ ба ҷои нақди мунсифонаи осори ҳамватанонаш ва ҳампешагонаш дар Тоҷикистон, танҳо ба сиёҳ кардану паст задани арзиши илмии осори онҳо машғул аст. Навиштаҳои носавоби ӯ роҷеъ ба олимони шинохтаи тоҷик академик Р.Масов, доктори улуми филология, узви вобастаи АИ Тоҷикистон М.Мулоаҳмадов, доктори улуми таърих, профессор Р.Набиева, доктори улуми таърих Н.Турсунов, доктори улуми таърих М.Давлатов ва ғайра далел бар гуфтаи болост.

Мақоларо бо байте аз Қассоби Кошонӣ ҳусни ихтитом мебахшем:
Дандон, ки бар даҳон набувад ханда баднамост,
Дӯкони бематоъро кай во кунад касе».


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
прпа
Намедонам кадоме аз инхо хак аст, лекин хулосаи ман хамин аст, ки кисми зиеди олимони точик имруз олимони калбаки хастанд.

Парешон
Хайр, Бойматов ину он, вале чаро шумо чумлахои худро надоред? Чаро гуфтахои дигаронро бе ишораи иктибос истифода кардаед? Магар ин дузди нест?!

Каримов Шоҳрух
Муҳтарам Саидов,агар тамоми китобҳои иниститути таърихро ҷам кунем ба нисфи китобҳои пурарзиши Луқмон Бойматов намебарояд.Устодро, ки маҳзани ганҷи таърихи халқи тоҷикро дар могзи худ дош аз дасти олмҳои иниститути таърих ва дигар душманон тарки ватан кард ки ин боиси бадбахтии мост! Сайдов, баҳси илми хуб аст лекин бе хусумати шахси бошад,матлабеки шумо навиштед дар ҳақи устод аз он буҳи хусумати шахси мебарояд!!!

Пешниҳодчӣ
Ба Фаттоҳ Саидов хабар тиед, ҳамун Луқмон Бойматова дошта оварда, бо гуноҳи таҷовуз ба адабиёти тоҷик парванда кунад. Тақдири Зайд ба соҳибкорҳо дарси ибрат шуд, тақдири Бойматов ба зиёиён дарси ибрат мешудагист охир...

Мухтарам: Абдуқаҳҳор Саидов. Олимони точик имруз олимони калбаки нестанд Шумо хато мекунед ки инхоро Олим навиштаед инхо ба забони уруси Чамшуку Равшан хастанд.Инхо забон ва адабиёти тоҷикро таҷовуз карда истодаанд хафа нашавед ба нодони Оламони мо. Адинистратор совест емей почему мои коментарии не печатаеш

садр
Аслан усто Бойматов дар вокуъ донишманди беназир хастанд ва аминам,ки хакки навиштани кисмати хучуми мугулро дар китоби Таъри Халки Точик дошт аммо чун илм низ монополия шудааст дархости у макбул нагашт!!!

Куруш
садр,
Бо бойматов дар Эрон кор кардам машеник аст бо бастани галстук эрониҳоро фанд кардо худро оғои дуктур гуфта мегашт то замоне ки эрониҳо шинохтанаш баъд аз Эрон рафт асолати тоҷикӣ надорад маҳалгарои ашадӣ аст
ин ҳақиқате аст ки ман дидам

Адиб
мегуянд ки Дузди зур сохиби говро бастаст. Руи рост дузди кардиву боз инкор мекуни. як бор аз хукукшиносон бипурс, ки дузди накардаи?

МУХОЧИР
ДАР ИН ЧО ГАП ДАР БОРАИ КИТОБИ ТАЬРИХИ ТОЧИКОН МЕРАВАД КИ ТАХТИ РОХБАРИИ АКАДЕМИК РАХИМ МАСОВ ХАМИН КИТОБ АЗ НАШР БАРОМАД ДАР ИН ЧО АЗ ХАМА КИТОБХОИ ТАЬРИХИИИ ОЛИМОН ИСТИФОДА БУРДА ШУДААСТ ВА НОМХОИ ВАЙХО ДАР АЛХИДАГИ ИШОРА КАРДА ШУДААСТ ИН ЗАХМАТИ ЯК ДАХСОЛАИ ХАМИН ОЛИМОНИ ТОЧИК МЕБОШАД ЯГОН ЧОИ АСАР ДУЗДИ НЕСТ.
РАХИМ МАСОВ ДОКТОРИ ИЛМХОИ ТАЬРИХИ ДАВРАИ ШУРАВИСТ ИН ЧАШМИ ТОЧИКА БЕДОР КАРД ХОК БА ЧАШМИ У ОЛИМОИ УЗБАК ПОШИД
КИ ХАТО СОМОНИРА КАБУЛ НАДОРАНД КИ ХАМИ ХЕЛ ДАВЛАТДОРИ ГУЕ БУДААСТ ДАР ХАМАИ АРХИВОИ МАСКАВ КОФТУ КОВ КАРДА СИРУ АСРОРИ
ТАЬРИХИ ТОЧИКА БА КАЛАМ ДОДААСТ ПАС ЧАРО МО БА КАДРИ ХАМИ ХЕЛ ОЛИМ НАРАСЕМУ ЛУКМОН БОЙМАТОВА ПУШТИ БОНИ КУНЕМ КИ КУМИСИЯ БА КОРИ ИЛМИАШ БАХО НАДОДАСТУ ДОКТОРИ ИЛМ НАШДУАСТ У ДАР ИН ЧО ЯК КАСТГИР БАР ЗИДДИ ОЛИМОНИ ТОЧИК БУДААСТ

Dev
Парешон,
Dar hakikat pareshoni! In mardaki hub ba har erodi "muallimi Samarkandi" javob navistas, tu boshi ...


Кайвони ориёи
Саидов кори хуб накардааст, ки дар баъзе мавридхо аз Абдурахимов иктибос наовардааст, у бояд минбаъд ин иштибохро такрор накунад. Усулан у олими бад нест ва асархои хуб хам дорад. Аммо дар дахсолахои охир нашр кардани асархои начандон пухта зиёд шуд ва ин падида ба бисёрихо таъсир кард.
Бойматов хануз ягон асари фавкулодда арзишманд нанавиштааст, ки уро олими машхур номем. Шояд дар оянда нависад. Вокеан Масов ва Набиева, ки бар хилофи конун 40 сол боз дар сари мансабанд таърихшиносии точикро монополия кардаанд ва факат ба одамони худашон имкони дифоъ медиханд, ки ин барои инкишофи илм хеле зараровар аст. Бойматов то чое курбони мафияи ин ду нафар шудааст.
Дар ин падида сахми академик Масов низ хаст. У бо гаразхои шахси бисёр олимони хубро аз Пажухишгохи таърих пеш кард ва бо ин кораш неруи илми ва аклии ин муассисаро хеле паст кард. Ин пастрави идома дорад ва окибаташ хеле нигаронкунанда аст. Аслан то ин нахангхо аз сахна берун нараванд таърихшиносии точик имкони пешравиро надорад.

Доцент
Ана ҳамин аст аҳволи рлимони ҳама соҳаҳои тоҷик. Онҳое ки сари вазифаанд, намемонанд, ки Бойматов барин олимони асил ба ҷое расанд. Аз ҳама тараф онҳоро мезананд. Воқеан, эй академику муаррихон! Ҳама навиштаҳои шумо аз навиштаҳои олимони рус иқйтибос ва такроранд. Чаро худ кор намекунед ва ба дигарон ҳам намегузоред, ки кор кунанд. Ҳа Саидов?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)