Бахшҳо

Фатвои Шӯрои уламо алайҳи "барангехтан"-и мардум зидди раҳбарон

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар кишвар, дар қарори ахири худ “барангехтани мардум алайҳи роҳбарон”-ро гуноҳи кабира хондааст.

Ин қарор дар ҷаласаи рӯзи 25 сентябри Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар содир шуда, дар он аз ҷумла омадааст, “барангехтани мардум бар зидди роҳбарони худ, ба вуҷуд овардани фитна бо мақсади ноором гардонидан ва аз байн бурдани сулҳу субот ва ваҳдати ҷомеа гуноҳи кабира ва азим мебошад”.

Шӯрои уламо ҳамчунин ҳамкорӣ бо ташкилотҳои хориҷию дохилӣ, гуруҳҳу аҳзоб ва ВАО-е, ки мақсадашон барҳам задани амну субот ва ваҳдати миллӣ дар ҷомеа мебошадро аз нигоҳи Ислом нораво хондааст. Инчунин аъзои шӯро ба печидашавии авзои сиёсию иҷтимоии бархе аз кишварҳои дунё ва ҷалб шудани ҷавонони тоҷик ба нооромиҳои давлатҳои хориҷӣ ишора карда, фатво додаанд, ки “ҷанг бо мусулмонон дар кишвари онҳо, иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ дар ҳама давлатҳо гуноҳи кабира мебошад”.

Шӯро гуфтааст, онҳо дар пайи баррасии авзои сиёсию иҷтимоии бархе аз кишварҳои дунё, тавсеа ёфтани ҷалби ҷавонон ба амалиёти ҷангию равандҳои ифротгароёна, дар Шарқи Наздик, ки таҳти унвони ҷиҳод идома дорад, инчунин кӯшиши баъзе ашхос, ки барои ноором кардани вазъи ҷомеа ва барҳам задани ваҳдати миллӣ бо гуруҳҳои ифротӣ ҳамдастӣ карда, дар миёни мардум фитнаву тафриқа эҷод менамоянд, эътимоди мардумро аз раҳбаронашон коста мегардонанд, ба ин қарор омада ва таъкид кардааст, ҳар нафаре, ин фатворо нодида мегирад, ӯро ғазаб ва азоби дарднок дар рӯзи қиёмат интизор аст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
хахахаха ин фатворо бин рохбарон масчиду сатру ришу намозхониро манъ мекунанд охоро азоби дарднок интизор набудаасту касе барои дифоъ аз хичобу масчиду сатру намозу фарзхои Аллох зидди хукуматдорон сухан гуяд у гунахкор мешудаст дар назди Аллох бо ин гапатон хатто кудаки синфи дурохам фиреб дода наметавонед

Эй бародарон ин фатвохо ба фатвохои пешвоёни аморати Бухоро монанд шуд. Хамин гуна фатвохо буд, ки мардумро гумрох карданду сарзамини точиконро таксибод карданд. Худо хидоятатон кунад!

адам
шурои уламо барои чи бар зидди касоне ки риши мусулмононро метарошанд ё ин ки хичоби хохарони исломиро аз сарашон мегиранд ё ки то 18 сола ба масчид рафтанро манъ мекунанд фавое содир намекунеду агар давлат фатво закас кард дархол содир мекунед оё газаб ва азоби дардноки киёмат бар шумо намеояд? илтимос озодагон агар озоди чоп кун аз барои худо

агар давлат рохи ин хел корхоро нагирад мо хам мисли давлатхои дигар нотинч мешавем ба ёд оред ки соли 1993 чи хол доштем

Шумо шурои уламо ин кадар зиди дин фатво мебароранд фатво пайдо намекунед хомуш меистед хамин ки кадом масули давлати хато кард барои ислохаш гуфтанд аз кучое фатво пайдо мекунед. аз худо битарсед шумо низ аз ин дунё ба пешгохи худо меравед чи чавоб медихед ? бисёр масулияти вазнин доред чаро то 18 сола манъ кардан чавононро аз ин намозхони фатво пайдо нашуд ?чаро русари хохари мусалмоната манъ кардан чизе нагуфтед? Чаро азонро манъ кардан хомушед ?чарохои зиёде хаст ки бояд чавобашро шурои уламо бигуяд ё фатво пайдо кунад
Худованд хама мову шуморо ба рохи рост хидоят кунад .

Хахаха .ин олимхои мо ягон маскарабозан ё ки дар хакикат аз худо наметарсанд? Амри воли ё итоат аз сардор дар холати хукми шаръи доштанаш вочиб меШавад

муфти
динро хам масхара карданд фатвохои заказной э вой бар холи ин миллату уммат как будто азоби аламнок дар дасти онхо .

talab
Салом
rosti az in guna "fatvoho" sharm, khanda, girya,tahqiri musalmonro mebinam chiguni jur,at mekunand bo ahkomi ilohi bozi mekuned Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, содиркунандаи фатво дар кишвар, “барангехтани мардум алайҳи роҳбарон”-ро гуноҳи кабира хондан. magar maskhara kardani dini mubini ISLOM nest!

Туро э Саймукаррам аз ин дуруггуихо "азоби дарднок дар рузи киёмат интизор нест"?!

Хахахах)))) Асри санг,............наход олимони дин ин кадар бесаводу лаганбардор бошанд а?

Рузи иди курбонро ба хотири худро ширин кардан, яъне ба хотири нафси аммора ба рузи мавлуди хучаинат мегузарони ин гунохи кабира набудаасту камбудихо шумо ва шумобаринхоро ки рузи сангинро ба сари мардум овардаед ошкоро гуфтан гунохи кабира будааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)