Бахшҳо

Тураҷонзода: Ҳаҷ тариқи пора назди Худо пазируфта намешавад!

Эшони Маҳмудҷон, руҳонии саршиноси тоҷик ва яке аз бародарон Тураҷонзодаҳо рафтан ба зиёрати Хонаи Худо тариқи ришваро номақбул хондааст. Ӯ гуфтааст, “қавли роҷиҳ ин аст, ҳаҷҷе, ки аз тариқи ришва адо мешавад назди Худованд пазируфта нахоҳад шуд.”

Ин руҳонии шинохтаи тоҷик дар шарҳи гуфтаҳои худ, илова кардааст, ки рафтан ба зиёрати Каъба бо ришва ҳар чанд фарзияти онро аз зиммаи шахс соқит мекунад, вале аз он подоше, ки Худованд барои зоирини хонаи худ ваъда додааст, бенасиб хоҳад монд: “Омурзиши гуноҳон, поксозии руҳу ҷон, таваллуди тоза барои инсон ва дар ивази ҳар танга ҳафтод баробар иваз додан ва савоби ҷиҳодро соҳиб шудан ва ба биҳишти ҷовидон роҳ ёфтан, баъзе аз фазилату савобҳои ҳаҷҷанд."

Ин ҷавоби Эшони Маҳмудҷон дар посух ба саволи корбари торнамои Turajon.org аст, ки аз вуҷуди ришвахорию ришвадиҳӣ ҳангоми навбатпоӣ барои рафтан ба зиёрати Хонаи Худо хабар дода, навиштааст, “шахсе мехоҳад, ҳаҷ кунад, тамоми шароитро дорад, аммо бо сабаби навбат нарасидан наметавонад, равад, зеро то “пора” надиҳад намемонанд. Чӣ бояд кард оё бо додани “пора” ҳаҷ дуруст аст?

Эшони Маҳмудҷон дар идома ҳукми ришва додан аз нигоҳи Исломро шарҳ дода, гуфтааст, ин амал ҳаром ва ришвагирандаю диҳанда ва миёнарав як ҳукм доранд: “Пас набояд мусалмон бо додани ришва зулм дар ҳаққи дигарон намояду бозори ришвахорон ва ҳаромхуронро гарм намояд. Ва дар интишрои ин марази фарогири иҷтимоӣ ва дар тағзияи ин паразити хунимардумхор, кумак намояд.”

Ин руҳонии тоҷик аз шаҳрвандони кишвар даъват кардааст, ҳангоми озими Хонаи Худо шудан аз ин гуна амалҳои нопок даст кашанд, ҳатто дар сурати маҳрум шуданашон аз сафари зиёрати Каъба: “Агар мусалмоне ба хотири парҳез аз додани ришва аз адо кардани фаризаи ҳаҷ боз монад, ва баъдан бо ин ҳол бимирад, назди Худованд гунаҳгор нахоҳад буд. Зеро яке аз шартҳои фарзияти ҳаҷ амнияти роҳ ва набудани монеаҳо дар сафари ҳаҷ аст."
Мӯҳр
.
Дар хамин Точикистон шахсеро ёфтан мумкин аст, ки дар умраш пора надода бошад? На танхо барои хачрави, балки барои корхои дигар. Ба фикрам нест ин гуна шахс.

Дар умрат хаминкадар сухани нагз гуфти боби эшон, аммо нисбат ба бародархоят шумо фатвохои нагз медихед

Бобои Эшон, бо ихлоси тамом! Посбоне дорем дар корхонаамон. Тамоми бисоташро тули ин солхо захира карда мехост ба зиёрати хонаи Худо равад. Хатто ман шохидам, ки яке аз авалинхо шуда хуччатхояшро таёор карда супорида буд. Бо чи чурме аз тарафи кормандони масъули хач равонкунандагон дар руйхат номаш набаромад. Тамоман рухафтода шудааст. Мегуяд , ки ман аз Худо метарсам ва пора намедихам.
Наход,ки хач хам бизнес шуда бошад ? Оё намешавад, ки нафароне,ки се бору, чор бор ба хач мераванд имконият диханд, ки бекасон хам раванд?
Нисбати ин мушкилот агар ба ин тоифа мардум гушрасе мекардед хуб мешуд!

Мухлис
Субхоналлох. Худо шуморо устод ва ахлу байти Хазрати Турачонро нигахбон бошад. Хеле бамаврид ин фатворо матрах кардед, ки ба дарди чомеъа даво шавад. Ман хеле хурсанд мешудам, агар Шурои ба ном уламои Точикистонро бубанданд ва умуман Шуро вучуд надошта бошад бехтар аст. Аз ин шурои ба ном уламо чи фоида аст, чи манфиате меоранд, чи хизмате мекунанд? Факат касбашон ранги охундхо пайса чамъ кардан хасту халос. Кумитаи динро хам барои ривоч додани бизнеси Хач ташкил кардаанд, ки хеле аламовар аст. Шурои уламо ва Кумитаи дин бояд намунаи ибрат бошанд ва амалашон боиси тахсини мардум гардад. Инхо баръакс руз то руз эътикоди мардумро коста мегардонанд. Ман девона нашудаам, ки пора дихам е ин зиедтар дихаму навбати дигар касро гирифта сазовори ГУНОХИ КАБИРА гардам, ки пагох он Хачро Худованд дар фарки сарам занад ва гуяд, ки аз ин Хачче ки ту карди ман безорам.

АБДУКАРИМ
Худованд шуморо нигахбон бошад бехтарин чавоб АГАР МУСУЛМОНЕ БА ХОТИРИ ПАРХЕЗ АЗ ДОДАНИ РИШВА АЗ АДО КАРДАНИ ФАРИЗАИ ХАЧ БОЗ МОНАД ВА БАЪДАН БА ИН ХОЛ БИМИРАД НАЗДИ ХУДОВАНД ГУНАХГОР НАХОХАД БУД

Бобои Эшон дар ришакот садка шавам ин хел игвоандози накунед ки ба ризку рузии зану фарзандои ман ва муовинонам, инчунин ба ризку рузии бисёре аз раисони шахру нохияхо зомин мешавед. Чавобу саволи инро рузи киёмат ки медихад. Шумо ба назди ман биёед хардуямон як созишнома мекунем ва хар сол дар вакти кабули хуччати хачравндагон омада хаккатонро гирифта равед. Ва ман боз метавонам, ки Шуморо хамчун рохбалад бепул ба хач фиристонам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)