Бахшҳо

Нақзи як фармон барои иҷрои фармони дигари президент!?

Дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба кор набурдани “облава” ва дигар роҳҳои ғайриқонунӣ зимни ҷалби наваскарон ба хидмати ҳарбӣ дар даъвати баҳорӣ иҷро нагардид. Акнун боз фармони президенти кишвар дар бораи ҷалби наваскарон ба имзо расид ва мавсими тирамоҳии даъват ба артиш 1-уми октябр шуруъ хоҳад шуд. Бисёриҳо ба ин боваранд, ки даъвати тирамоҳӣ низ тариқи “облава” сурат хоҳад гирифт ва бо таваҷҷуҳ ба ин “Озодагон” аз коршиносон суол кард, ки чаро президентро гӯш намекунанд?

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати мудофиа


Аввал ин ки конститутсияи Тоҷикистон хизмати ҳарбиро вазифаи муқаддас мешуморад. Дуюм ин ки талаботи қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи уҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ ҳаст. Сеюум фармони президенти кишвар аст дар бораи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ. Дар доираи ҳамин талаботи конститутсия, фармони президент ва қонуни Тоҷикистон, шаҳрванд уҳдадор аст, ки дар қайди ҳарбӣ бошад ва баъди дарёфти даъватнома ба комиссяи ҳарбӣ ҳозир шавад. Дар сурати ҳозир нашудани шаҳрванд ба комиссияи ҳарбӣ, тибқи моддаи сеи қонуни Тоҷикистон дар бораи хизмати ҳарбӣ ва уҳдадориҳои ҳарбӣ, мақомоти корҳои дохилӣ дар доираи ваколатҳои худ кор хоҳанд кард. Бар замми ин дар доираи ҳамин уҳдадорӣ кофтуков гузаронида мешавад, дар сурати мавҷудияти асоси қонуние, ки шаҳрвандон аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд ва ё ин ки қисми ҳарбиро худсарона тарк мекунанд, тибқи талаботи қонун онҳо боздошт мегарданду ба мақомоти зарурӣ фиристода мешаванд. Мардум талаботи ҳамин қонунро намедонанд, баъд мегӯянд, ки облава аст. Дар ҳолатҳое донишҷуён аз минтақаҳои гуногун дар маркази пойтахт таҳсил мекунанд, вале аз қайди ҳарбӣ намегузаранд. Ҳол онки онҳо талаботи қонунро вайрон мекунанд. Дар комиссариати ҳарбӣ муайян мекунанд, ки донишҷӯ ҳуқуқи озод будан ва ё ба таъхир андохтани хизмати ҳарбиро дорад ё на?

Амрулло Собирзода, коршиноси масоили амниятӣ


Даъват дар кишваре, ки ба роҳи иқтисоди бозаргонӣ меравад, мумкин нест. Як одамро даъват мекунем, дар 2 сол ӯ ҳеч чизе намеомӯзад. Аммо вақте артиш шартномавӣ аст, ӯ дар давоми 25 сол тамоми ҷузъиётро аз худ мекунад. Имрӯз як сенати Амрико омада барои мо дарс медиҳад, барои инки он артиши касбист ва вазифаашро хубтар медонад. Роҳи ягона дар ин замон ин аст, ки ба артиши касбӣ гузарем. Дар паси облава манфиатҳо ва пулу пора наҳуфта аст. Набошад дар Тоҷикистон ҳоло 600 ҳазор ҷавонони синну соли артиш ҳастанд. Боз қариб 1 миллион духтарон ҳастанд. Гарчанде раҳбари кишвар гуфта бошад, ки облава накунед, баъзе комиссариатҳои ҳарбӣ одамонро дошта аз ӯ 2 ҳазор доллар талаб мекунанду раҳояш мекунанд. Дар бемористонҳои ҳарбӣ корношоям кардани як аскар 5 ҳазор доллар меистад. Аммо имрӯз ҷавонмарди босаводу кордон генерал Шералӣ Мирзо вазири дифоъ таъин гардидааст ва алакай мо мушоҳида карда истодаем, ки облава 90 фоиз кам шудааст. Ва ҳоло тамоми қувваи генерал Шералӣ Мирзо барои аз байн бурдани облава рафта истодааст. Боварӣ дорем, ки агар Шералӣ Мирзо бошад, облава аз байн меравад.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ

Сабаби асосии бар хилофи қонун ва амру фармон ва дастури президент амал намудани кормандони комисариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо масъулиятро барои чунин амалҳои ғайриқонуниашон дарку эҳсос намекунанд. То падидаю зуҳуроти номатлуб дар ҷузъу томҳои вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои низомӣ вуҷуд дорад, шароити мусоид барои адои хизмати ҳарбӣ фароҳам нашавад ва кафолати амнияти аскарон таъмин нагардад, облава ҳамчун воситаи ҷалби ҷавонон ба артиш боқӣ мемонад. Кам кардани замони хизмат, такмили қонунгузорӣ ва муносибати якхела ба ҷавонон новобаста аз мақоми иҷтимоии онҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ дошта инчунин дигар тадбирҳо метавонанд ба таври ихтиёрӣ рафтани ҷавононро ба хизмати ҳарбӣ, ки ҳамзамон уҳдадории конститутсионии онҳо мебошад, таъмин намоянд.

Абдуазим Абдулваҳҳоб, журналист

Барои он, ки ҷавонон намераванд. Пас дигар роҳе нест!

Шавкатҷон Шарипов, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ашт

Дастурҳои президент ба ҷуз характери рекламавӣ дигар ҳеч таъсир ба ҷомеаи Тоҷикистон расонида наметавонад. Агар дастурҳои президент амалӣ мешуданд, аз соли 2009 ба баъд набудани қувваи барқ дар Тоҷикистон барои наслҳои оянда "афсона" мешуд. Таъсири “облава” дар Тоҷикистон дар ин солҳои наздик аз байн рафтанаш аз эҳтимол дур аст. Чун тарбияи ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ барои насли наврас зоҳирӣ буда, дар асл имрӯза ҷавонон ҳуввияти миллӣ ва мазҳабияшон ниҳоят коста шудааст. Бинобар ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ ба ҷуз бо роҳи облава имконнопазир аст. Агар ҳама лофу таърифҳое, ки дар бораи шароитҳои қисмҳои ҳарбӣ дар ВАО - и давлатӣ чоп мекунанд, рост мебуд, ҳеч ниёзе ба облава набуд ва даъватшавандагон бо хоҳиши худ нақшаро пур мекарданд.

Алӣ Мастов, таҳлилгар

Дар мо амали қонуни навишта ва нонавишта вуҷуд дорад. «Облава» мисли каблук, риш ва ҳиҷоб ба қонунҳои нонавишта марбут мешавад. Фармони навиштаи президент “дар бораи даъвати навбатӣ ба хизмати ҳарбӣ вуҷуд дорад” ва бар асоси он бояд “кори системавӣ” барои иҷрои ин фармон анҷом шавад. Бо таваҷҷуҳ ба муҳиту шароите, ки дар он хизмати аскарони оянда бояд гузаронида шавад, “облава” имрӯз ягона роҳи иҷрои фармони президент мебошад. Бинобарин дар ин савол, ки чаро фармони президент иҷро намешавад, як ҷавоби оддӣ вуҷуд дорад: Ҳар иттифоқе, ки наафтад, бояд фармони президентро “Дар бораи даъват” иҷро намуд.

Ашрафи Акрам, таҳлилгар

Қонуну дастурҳо танҳо дар қоғаз мемонаду амал дигар аст. Ин қонуну дастурҳо барои чашми мардум аст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Азимулло
Ё ба зури ё ба зори ё ба зар.....
Зури ва зори нашуд - бояд ба зар шавад....
Ин талоби замон аст.... Мукадасоти Ватану Ватандори холо ба кор намеравад - чун чанг несту - замони сулху субот аст....

апанди
э хами фаридун хеч макулм нашид...Ягон бор ба саволхо шафтолу барин чавоб намедихад.Факат шаф-шаф....Военкомати нохияи мо коргарош хар як сезони облавада 1 мошин кор мекнанд...конун гуфта гард....ман военбилетамро 500 дуллор харидм..........хаххааа

Девона
хами чоплус хич нафоридм....чида хами чоплуси бевичдона мепрсен??

Аблавчик
Дар точикистон порагири бадарачаи аъло расидааст.Гарчанде план будхам шавад аммо аблава боз то як мохи дигар давом мекунад.Бо ин восита одамхои махсус пул кор мекунанд


Бовар кунетон ягон соле нашудаст, ки кормандони комиссариати ҳарбии Шахри Панчакент облава накарда бошанд. Ё конун барои вайо дахл надошта бошадми)))))))))) Хар сол чи кадар мардуми бечораи хамин нохия арзу шикоят мекунанд вале афсус, ки ягон кас ба доду шикояташон намерасад.

рачаб
Дар истаравшан фармони президентро баракс кабул мекунад ва чунон облава мекунанд ки кудако богча (садик) намерад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)