Бахшҳо

Ҳушдори генерал Раҳимзода аз вуруди террористҳо дар ниқоби гурезаҳо

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 1-уми октябр зимни ифтитоҳи ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Душанбе аз эҳтимоли афзоиши вуруди гурезаҳо, маводи мухаддир ва ҷангҷӯён аз Афғонистон ҳушдор дод.

Раҳимзода мегӯяд, дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон ва осебпазир шудани амният дар ин кишвар “мо нодида намегирем, ки зери ниқоби гурезаҳо ба кишварҳои СПАД метавонанд террористҳо ва гуруҳҳои тахрибкор ворид шаванд.”

Раҳимзода суҳбат бо “Итар ТАСС” шарҳ додааст, ки "тибқи иттилои мо дар наздикиҳои сарҳад бо Тоҷикистон дар қаламрави Афғонистон гуруҳҳои террористӣ ва диверсионӣ ҷамъ омадаанд, ки метавонанд аз фурсат истифода карда, ба гуруҳи гурезаҳо ворид гарданду ба қаламрави СПАД роҳ ёбанд.”

Вазири умури дохилии Тоҷикистон аз сарҳади тӯлонии кишвари мо бо Афғонистон ёдоварӣ карда, таъкид намудааст, ки дар бархе аз минтақаҳо сарҳад ба таври лозимӣ ҳифз нашуда истодааст. Дар ҳамин ҳол Раҳимзода афзудааст, ки маркази нигоҳдории муваққатии гурезаҳо дар Тоҷикистон бояд таҷҳизонида шавад ва омадурафти муҳоҷирон ба қаламрави СПАД таҳти назорати қатъӣ бошад.

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии раҳбарони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СПАД, ки дар Душанбе бо ҳузури дабири кулли ин созмон Николай Бордюжа идома дорад, ба муқовимат бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ бахшида шудааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
كمنسيب
Ин як русиёхи аст барои додани сархад ба УРУС ! Бо хамин гуна бахонахо мехоханд сархади ТОЧИКРО ба УРУС диханд, и вазирои !!!!

Чамшери Сосони
Точикистон дар ягон фурсат бояд сархадашро ба русхо такдим накунад.Солхои 1992-2005 афсару генералхои рус аз беаклии точикон истифода карда хазорон тонна моддахои мухаддираро ба Руссия интикол дода,дар сархад бба таври суни "ба мукобили кочокбарон" тир андохта тарики телевизион намоиш дода,давлату миллатро назди чомеъаи чахони номуташанич нишон дода,олами сармояро мегурезониданд.Ба замми ин русхо дар сархади тулонии мо хазор точикписаронро пул гирифта барои кочок мефиристоданд ва баъди бозгашташон хам героинро мегирифтанд ва хам точикписаронро мепарониданд.Ин корхои хароми онхоро хама медонанд.Беътарин вазъ барои мо ин дар оянда агар шавад мисли узбакхо бо толиони иронинажод бо дипломатия баромадан аст.Миллати мо дар назди рус кадре надорад.Додани сархад бошад обуруи давлату кишварро ба сифр бароварда,истиклолияти миллиро аз байн мебарад бародарон.

Анушервон
Суханрони ва мафкураи ҷаноби вазир куллан хато, беасос, бепоя, бо вуҷуди ихтилофоти дохилии Афғонистон мардуми ин диёри бостони новобаста аз миллату мазҳабашон нисбати Тоҷикистон диду назари мусбат доранд ва ҳеҷ хатаре то рӯзи қиёмат аз ин давлати ҳамсоя ба мо намерасад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)