Бахшҳо

Баҳси вазъи гурезаҳо дар Тоҷикистон (ВИДЕО)

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар мулоқот бо Собир Аъзам, масъули СММ оид ба гурезаҳо теъдоди гуреза ва паноҳҷӯяндаҳои хориҷиро дар Тоҷикистон 1918 нафар арзёбӣ кардааст.

Ин оморро дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон нашр кардааст, ки дар муқоиса бо омори паҳнкардаи созмонҳои байналмилалӣ камтар аст.

Наҷиба Ширинбекова, мудири иҷроияи созмони “Ҳуқуқ ва рушд” бо такя ба маълумоти СММ теъдоди умумии гуреза ва паноҳҷӯяндаро дар Тоҷикистон 2048 нафар арзёбӣ намуд, ки аксари онҳоро хонаводаҳои афғон ташкил медиҳанд.

Дар ҳоле, ки вазири тоҷик аз беҳбуди шароити гурезаҳо дар Тоҷикистон тавсиф кардааст, Ширинбекова мегӯяд, хонаводаҳои афғон аз сабаби мушкили дастрасӣ ба таҳсил ва ҳамзамон пайдо накардани ҷойи кор дархости бозгашт ба Афғонистонро кардаанд: “Дар соли 2013 нӯҳ хонаводаи афғон, иборат аз 43 нафар, бо сабаби пайдо накардани ҷойи кор ва номусоид будани вазъ ба кишвари худ баргаштаанд.”

Ин ҳам дар ҳолест, ки ахиран дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон зимни ворид намудани тағйирот ба қонун “Дар бораи гурезаҳо” масъалаи пазироии хуб накардан аз гурезаҳои афғон дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, баҳсе миёни вакил Муҳиддин Кабирӣ ва Шукурҷон Зуҳуров раиси парлумони Тоҷикистон ба миён овард:

Мӯҳр
Донишманд
Ба фикрам қисми дуюми сарлавҳаи ин мақола чандон дуруст нест: "Вазир рост мегӯяд ё Ширинбекова". Алббата Вазир рост мегӯяд, зеро ки он кас шаси расмӣ аст ва рақамҳои расмиро гуфта истодааст, лекин хонум Ширнбекова ки бошад.

Созмони “Ҳуқуқ ва рушд” як ташкилоти чамъияти аст, баъд ин, ки СММ вазъияти моро чи медонад? Харчи хохад гуфтан мегирад, вале дар Вазорати корхои дохили хар як гуреза ва шахсони панохчуянда ба хисоб гирифта мешаванд. Статуси гурезахоро дар мувофика ВКД медихад.

Салим
Ба донишманд.22-сол шуд хукумат ба вазиронаш дуруг мегуфтанд имруз чи шудааст вазир рост мегуфтааст.Донишманд ай марси чи?Ман гапи рости хукумата нашунидаам.хамеша "лапша"гуфти русхо.

Донишманд
Бародари азиз Салим, Шумо ба эҳсосот дода нашавед. Созмонҳои байналмилалӣ хубанд, ба мо ёрӣ мерасонанд, лекин ба давлату ҳукуматамон пеш аз ҳама бояд худи мо содиқ бошем ва дар якҷоягӣ Ватанамонро ободтар намоем. Ин Созмонҳо домӣ нестанд, хоҳ нохоҳ баъди иҷрои вазифаашон хеста мераванд, мову Шумо мемонем, аз ин лиҳоз ман аз сайёраи Марс нестам, як одами оддии заминӣ, лекин ҳама вақт баҳуш бояд буд, бародари азиз.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)