Бахшҳо

Андар дурустии "любой ҷо"

Рустами МАҶИД

Аз ҷумлаи беҳтарин номгузориҳо аз нуқтаи назари тиҷорат ва маркетинг дар Тоҷикистон аз ҷониби ширкати мухобиротии Билайн шуда буд: номе барои тарофаи худ интихоб кард, ки барои мардум аз аксари номгузориҳои дигар наздиктар ва фаҳмотар буд. “Любой ҷо” – иборае, ки метавон гуфт барои ҳама сокинони кишвар фаҳмост ва ҳудуди 80% вожаи дигареро ба ҷои “любой” намедонанд.

Кумитаи забон ва истилоҳот гуфтааст истифодаи ибораи “Любой ҷо” ҳамчун номи тариф аз ҷониби ширкати “Таком”, ки бо номи тиҷоратии “Билайн” фаъолияти худро пеш мебарад, нодуруст ва бар хилофи қонунгузории кишвар аст. Кумита дар маҷмуъ барои поксозии забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон корҳои зиёд кардаю чандин ширкат ва шахсони алоҳидаро барои истифодаи нодурусти ин забон ё, ба қавле, “истеъмол”-и вожаҳои бегона дар номгузорӣ ҷазо додааст. Хуб, вазифаи ин Кумита аз ҳамин иборат аст.

Суоле пеш меояд, ки ба чи хотир дар баъзе ҷойҳо брендҳо тарҷума шудаанд, дар ҷойҳои дигар вомвожаҳо ба “талаффузи порсӣ” наздиктар шудаанд, аммо дар сатҳи расмӣ чунин тағйирот ҳамоно дида намешавад?

“Любой ҷо” аз як вожаи русию як вожаи тоҷикӣ сохта шудааст.

Сарқонун вожаи худӣ аст, аммо аксаран аз Конститутсия истифода мешавад ва ҳатто агар аз калимаи аввалӣ истифода шавад, он дуюмдараҷа ва ҳамчун як вожаи иловагию ёридиҳанда дар қавсайн меояд. Вожаи президент низ аз қабили ҳамин гуна вожаҳост.

“Прокуратураи генералӣ”. Иборае куллан бегона. Ё худ “суд”. Дар ҳоле, ки вожаҳои тоҷикӣ ҳастанду дар расонаҳои мустақил зиёд истифода мешаванд: барои суд ва судядодгоҳ ва додрас, ба ҷои прокуратура ва прокурор - додситонӣ ва додситон, экспертизаташхис...

Чаро “Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия” ва дигар агентиҳо, аз он ҷумла коррупсия ва геологияро барои номи ғайритоҷикӣ ҷазо надода, “наместандартонанд”? Барои Вазоратҳои “энергетика ва захираҳои об” ва “саноат ва технологияҳои нав” чӣ? Кумитаи заминсозӣ ва геодезия, корхонаҳои воҳид ва ғайривохиди давлатии «Коргоҳи машинасозӣ» ва «Трансформатор» чӣ?

Танҳо вомвожаҳо нестанд, ки дар сатҳи болоӣ васеъ истифода мешаванд.

“Андоз нишондиҳандаи тамаддуниятнокии миллат аст”. Навиштае дар бинои ниҳоди андозу молиёт дар наздикии “Тоҷикстандарт”. ТАМАДДУНИЯТНОКӢ. Барои онҳое, ки дар роҳравҳои ҳукумат қадам мезананду сари беҳбудиҳо майна об карда, қонунҳои Русияро тарҷумаи таҳтуллафзӣ карда ва барои иҷро ҷорӣ менамоянд, ба забони корию то ҷое барояшон наздик ин вожаро тарҷума менамоем: “цивилизациянностьность”. Ҳамчунин, истиқлолият “независимостьность” мешавад. Чунин мисолҳо зиёданд.

Дар ҳақиқат, роҳ ба сӯи сифат ва зебоӣ беохир асту мо ҳанӯз андар хами як кӯчаем.

Агар Кумита ва дигар дастандаркорони поксозии забони давлатӣ дар ҳақиқат хоҳони ба ҷойгоҳи баланд нишондани забони тозаи тоҷикӣ бошанд, бояд корро аз ҳамин сатҳ оғоз кунанд. Аммо афсӯс, имрӯз дар "лубой" ҷо номгузориҳо ва ҳуҷҷатҳои давлатӣ пур аз хатост. "Зато" мо ширкатҳои ғайридавлатиро "штраф" мекунем...



Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
winner
Дуруст аст! Мо аз ин дида, дар хатту забонамон мушкилиҳои ҷиддитаре дорем! Ин ширкат мисли Ахмади Дониш, ки дар шеъраш ширушакар карда буд, як ширу шакар кардааст, чунин омехтакунихои забон дар доираи меъёр (бигузор ин меъёрро Кумитаи забон муқарра кунад ва назорат барад) роиҷ аст, аммо он чи дар мавриди Конститутсия ва баъзеи дигар гуфта шуд, қиёси нодуруст аст...

Дуст
Рустамчон дустам чанд сум гирифти. Парвои туро надорам ту дар журналистика обруву макоме надори аммо хайфи озодагон бо нашри чунин матлаб. кудак хам мефахмад ки ин фармоиши аст

Шакарсухан
Дуст,Дуруст мегуи. Рустам фарқ байни он вожаҳо ва лубой ҷоро дарк накардааст. Лубой ҷо ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест!

Шодибой
Офарин Рустамчон! Вакте хакикати холро гуфти , дар хол мегуянд фармуда аст..чаро .зато худат гуфти, Рустам , пускай кумитаи забон аз паи ислохи гуфтахои овардаат шавад.. ин забоншиносон хам одам ку нафс доранд..шояд мехоханд Билъйнро ба танг оранд ва сумме кананд. ин дар мо холо в модде-ку..

абоненти Билайн
Билайн дуюм ракамам аст, аслан хамсухбатонамон дар Вавилонанд. Дируз хостам ба тарифи "Любой чо" гузарам. Раками лозимиро чидам вале смс омад, ки ба ман имкон нест, хатман ба Маркази хизматрасони равам ё 0611 занг занам. 0611 занг задам. аввал гуфтанд сим-корти ман кухна бояд нав кунам баъд ба тарифи нав метавонам гузарам. Даъво кардам. Гуфтанд мебахшед бо хамин сим-корт мешаваду лекин Шумо дар корпоративни ракам аъзоед. Хуллас боз рафта пул додан лозим. Ин бори аввал нест, ки ин Ширкат мардумро ахмак мекунад. Як сим-корти дигари Интернети Х5 аз Билайн дорам. кариб хар мох нофахмихо рух медиханд, аз суръати сусташ ва накушодани сайтхо, алалхусус точикихо гап намезанам. Хуллас, як Ширкати маккор, фиребгар, каллоб ва г. дар Точикистон махсуб аст.

.
Ма лична любой хел гав мезанм чи хеле ки мада удобнияй. Кумитаи завон неправай.

Билайн
абоненти Билайн,

Братан бе факт гав назан. Атвичат мекни.

Рустамҷон ман гумон доштам дониши мукаммал дорӣ , лек садҳо афсӯс. Агар хоҳӣ ки фарқ байни вожаи истифодабурдаи Билайн аз вожаҳои номбаркардаи ту дар чист, метавонам бо забони кӯдаки синфи 8-уми мактаби таҳсилоти ҳамагони ҷавоб гуям ки ҳангоми хондани ин матлаб чунин нуқта назар кард (кӯтоҳ ва фаҳмо):
Ин чӣ хел рӯзноманигор аст, дар донишгоҳ хондааст ё дар кӯча? он вожаҳое, ки рузноманигор мисол меорад ин вожаҳо ба истилоҳ «Интернационалӣ» ҳастанд, ва ин вожаҳоро бисьёр давлатҳо қабул карданд. Вожаи «Любой Ҷо» ин вожжа вожаи маҳаллист ки байни як тӯда мардум (аксаран ҷавонон) забонзада шудааст. Фарқ аз он вожаҳои дар мисол оварда аз вожаи истифодашудаи Билайн аз замин то осмон аст,
Ин ҷавоб ба матлаби ту Рустамҷон. Тавсия медиҳам бори дигар донишгоҳ ҳуҷҷат супур ва аз нав дониш омӯз!!

Ба сари як журналист чи ин кадар тухмат мезанед. Ё рустам гирифтааст ё шумо аз билайн барои коментхотон маблаг мегиред. Забонро то сатхи куча поён фаровардед. Дуруст мегуяд ки тарифи Любой чо хато хаст хама механдад. Шуммо аввал масули маркетингро барои ин хизмати хирсонаш ба ширкат чавоб дихад. Ба фикрам на журналист корманди шумо бесавод аст. вакти пешниходи вожа баракси онро ба инобат нагирифтааст. Хайр чи хелки мегуянд анти релама хам реклама аст.

Точики арчманд! Матлаби Рустам ин аст, ки "мохи аз сар гандидааст". Яъне, макомоти давлати дар номгузории худ аз калимахои бегона истифода мекунанд, ки хилофи конун дар бораи забон аст. Дар вокеъ он ибороти "байналмилал"-ие, ки шумо овардед, аввалан чунин нестанд. "Суд" ва "судья" вожахои сирф руси хастанд, ки решаи феъли "судить" - хукм кардан, казоват кардан - хастанд. Калимаи "прокурор" низ байналмилали нест. Дар инглиси, ки шояд шумо ба он ишора доред, procecutor (просекютор) талаффуз мешавад, на ПРОКУРОР. Сониян, ин калимахо баробари форси (точики) доранд ва истифодаи калимахои руси дар ин маврид як беномуси хаст. Бехтар мешуд агар шумо худатон ба омухтани жарфи забони модариатон мепардохтед. Вонгах пай мебурдед, ки чи музахрафоте нисбати Рустам мегуед.

Салим,
Во первых читайте внимательно что пишет Таджик. Он тут приводит ответ 8 класника. Во вторых в течении 70 лет в СССР все народности , во всех языках народов СССР звучало Прокурор, Судья , суд и т.д. даже в словарях было два варианта которую можно было использовать и таджикский и русский. Но этим оправдывать поступок Билайн это глупость. Потому что выражения "Любой -Чо" это молодежный сленг и оно только в кругу N-ной количества людей используется а не всеми 8 миллионными Таджиками.
Да с вами только в одном согласен что Прокурор, Судья и т.д. в данное время после принятия закона о государственном языке противоречит с требованием закона .. Но опят таки "Любой Чо" с этими словами не связано. Вы тоже наверно из тех молодых которые пользуются этими выражениями, тогда давайте "Тарофаи хайвонай" " тарофаи гизала" тоже не противоречит закону , они же чисто таджикские слова.
(Учитесь, учитесь..... В.И.Ленин) Igra!

Салим,
также Интернацилонали и Байналмиллали фарк доранд
Международными являются те слова которые пользуются во всем мире , а Интернациональными являются те слова которые приняты определенными группами ( на примере стран СНГ или быв..СССР)
Так что Салиджан Вам тоже рекомендовано занова обучатся в ВУЗе ;)

Каримчон
Чи Шумо гуфтаниед, ки онхо аз он тараф бисертар тоза кунанду шумо аз ин чо камтар ифлос кунед? дуруст аст ки камбудихо вучуд доранд аммо ба ин хел ширкатчахо ягон кас хукук надодааст ки бо забони мо дар давлати мо чунин нохурмати кунанд. барои хамин ин гапхои Шумо ба 2 пули пуч хам намеарзанд.

Човид
Ман ба модеми Ширкати Билайн маблаги муайян 80 сомон гузаронидам, ки пули як мохаи интернети ман буд. Вале... дар муддати як соати баъди пул гузаронидан интернет хомуш шуд!!! ба компания телефон кардам мегуянд ту бояд аз пагох интернет истифода мебурди! хамин хел ман 80 сомонро компания дар як соати истифодаи интернет гирифту ман низ бо компанияи Билайн - компанияи дуруг, фиреб, макр, ва ноодам хайрухуш кардам!!! БА ШУМО НИЗ КОМПАНИЯИ БИЛАЙНРО ТАВСИЯ НАМЕДИХАМ!!!!

SSSR,

Во-первых, обратите внимание на то, что Таджик СОЛИДАРЕН с мнением 8-классника. То есть, он думает как этот школьник и поддерживает его точку зрения.
Во-вторых, уже 23 года как нет больше СССР. Что там было в словарях того времени, по большому счету, не суть важно. Важно то, что для слов судья, суд, прокурор и т.д. и т.п. есть соответствующие термины в таджикском языке, которые нужно использовать в названиях госорганов.
В-третьих, вы не поняли иронию автора и смысл статьи. Он, фактически, говорит нашим госорганам: сначала понюхайте свой воротник, прежде чем придираться к другим. То есть, начните исправления с себя! Ни он, ни я не говорим о том, что мы за "любой чо". Это вы понимаете?!
В-четвертых, слово Интернациональный (International) означает Международный. По-таджикски - Байналмилали. Загляните в соответствующие словари.
И напоследок. По стилистике вашего сообщения и по огромному количеству грамматических ошибок видно, что вы либо очень молоды, либо плохо учились в школе. О логическом мышлении упоминать не буду, так как не уверен в том, что вы сталкивались с этим термином. Поэтому свои советы оставьте при себе.

Муаллим
Бале! "Любой ҷо" ин ибораи маркетингӣ аст, ки ба компания даромади зиёде меорад. Чӣ, ҳамон кумитаи забон ба Билайн ягон пул медиҳад? Не. Набошад, хап шинад. Кумитаи забон пул кор кардан мехоҳаду , чӣ Билайн не. Ба фикрам ин ибора айни муддаост. Дар тамоми манотиқи Тоҷикистон, ҳатто берун аз марзи он ҳам ибораи "любой ҷой"-ро мефаҳманд. Худи ҳамин ибораи "кумитаи забон" аз рӯи сохт ягон тафовуте аз "любой ҷой" надорад. кумита - ғайрӣ, забон - худӣ. Любой - русӣ, ҷо - тоҷикӣ. Канӣ мансабдорони бесаводи кумитаи забон, номи худро ислоҳ кунед.

Оё ибораи "Кумитаи забон" дар сохт бо ибораи "Любой ҷо" яксон нест?. Бинед: Кумита - вожаи ғайр, забон - тоҷикӣ. Дар мавриди "Любой ҷо" низ ҳамин тавр аст: Любой - ғайрӣ (русӣ), ҷо - тоҷикӣ! Кормандони худи кумитаи забон инро пай набурдаанд магар?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)