Бахшҳо
07 окт 2014 10:08Тоҷикистон / Сиёсат

АКС: "Як ҷаҳон ташаккур"-и Раҳмон ба муллоҳо ва зикри камбудиҳои мақомот

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аснои боздид аз ноҳияи Қумсангир аз руҳониёни ин минтақа тавсиф карда, нақши онҳоро дар рушду пешрафти ноҳия назаррас хондааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки рӯзи 6 октябр дар доираи як сафари кории худ дар ноҳияи Қумсангир қарор дошт, гуфтааст, давоми солҳои 1997 - 2014 бо дастгирии соҳибкорон, падару модарон ва мақомоти давлатӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия наздики 4 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё шудааст, ки дар он нақши руҳониён ҳам бисёр назаррас аст: “албатта, дар ин самт саҳми шахсони руҳонӣ, аз ҷумла имому имом-хатибон зиёд аст, барои ин кори хайрро дастгирӣ кардан ман ба шумо як ҷаҳон ташаккур мегуям, инро мегӯянд, амали неку кори хайр, раҳмат”. Тавсифи Раҳмон аз муллоҳо дар Қумсангир дар ҳолест, ки Холмурод Раҳмонов, раиси ин ноҳия қаблан изҳор дошта буд, ки "аз муллоҳо тарсидан даркор нест ва бо назардошти эътиборашон онҳоро ҳар чӣ бештар ба корҳои ободонию пешрафт ҷалб бояд намуд."

Эмомалӣ Раҳмон дар идома бо зикри дастовардҳои мақомоти давлатӣ аз камбудиҳои онҳо низ ёдовар шуда, афзудааст, ки дар соҳаи маорифи ноҳия то ҳол масъалаҳои ҳалталабе вуҷуд доранд, ки бартараф кардани онҳо аз мақомоти дахлдор масъулияти ҷиддиву саривақтиро тақозо менамояд: “Масоили вобаста ба таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, бахусус омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, тақвият додани корҳои тарбиявӣ дар байни хонандагон, дар зеҳни онҳо бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ, татбиқи бечунучарои қонунҳои дар самти таълиму тарбия қабулшуда, тарбияи ахлоқии ҷавонону наврасон ва ҳифзу ҳимояи онҳо аз гаравиш ба ҷараёнҳои ифротгаро аз масъалаҳои ҳалталаб мебошад”.

Дар ноҳияи Панҷ низ Эмомалӣ Раҳмон хостори қатъи таърифҳои барзиёди президент ва дигар мансабдорон шуда, таъкид намудааст, ки агар мо камбудиҳоро худамон ислоҳ накунем, касе онҳоро бартараф нахоҳад кард. Раисиҷумҳури Тоҷикистон афзудааст, ки вақте таърифу тавсиф зиёд шуд, эҳтимоли роҳ додан ба хатоиҳо низ афзоиш меёбад. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон ҳукумати Тоҷикистон низ бекамбудӣ нест ва илова намудааст, ки бояд дастаҷамъона дар пайи ислоҳи камбудиҳо ва пешрафти ҷомеа бошем.



АКС: "Як ҷаҳон ташаккур"-и Раҳмон ба муллоҳо ва зикри камбудиҳои мақомот

АКС: "Як ҷаҳон ташаккур"-и Раҳмон ба муллоҳо ва зикри камбудиҳои мақомот

АКС: "Як ҷаҳон ташаккур"-и Раҳмон ба муллоҳо ва зикри камбудиҳои мақомот

АКС: "Як ҷаҳон ташаккур"-и Раҳмон ба муллоҳо ва зикри камбудиҳои мақомот

АКС: "Як ҷаҳон ташаккур"-и Раҳмон ба муллоҳо ва зикри камбудиҳои мақомот

АКС: "Як ҷаҳон ташаккур"-и Раҳмон ба муллоҳо ва зикри камбудиҳои мақомот

АКС: "Як ҷаҳон ташаккур"-и Раҳмон ба муллоҳо ва зикри камбудиҳои мақомот


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
О чаноби оли ба нохияи Вахш совхози Киров 1 хам як кадам ранча намоед!Шояд бо сабаби ташрифи Шумо хамин купруки мо ки се сол боз дар холати садамави карор дораду сабабгори фочиаи мудхише шуда метавонад .руи таьмирро бинад?!

mo kulobiho ham intizorem janobi oliro.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)