Бахшҳо

Нашри аксҳои осори латукӯби Урозов дар идораи пулис (АКС)

Кумитаи байниминтақавии мубориза бо шиканҷа дар Русия аксҳои ҷасади Фаррух Урозов, шаҳрванди Тоҷикистонро, ки идораи пулиси шаҳри Солнечногорск фавтидааст, нашр намуданд.

Ин созмон дар такя ба акс ва дигар асноду нишондодҳои ҷамъкардааш мегӯяд, Фаррух Урозов, дар пайи бадрафтории маъмурини пулиси шаҳри Солнечногорск фавтидааст. Кумитаи зидди шиканҷа бо дархости Илҳом Алихонов, бародари Фаррух ба таҳқиқи марги ӯ дар идораи пулиси Солнечногорск пардохтааст, ки феълан идома дорад.

Кумитаи зидди шиканҷа аз қавли Илҳом Алихонов менависад, бегоҳи 17-уми сентябр вақте ӯ аз кор ба хона омад, бародараш Фаррух аллакай дар хоб буд: “Баъди 10 дақиқа ба хона маъмурини пулис ҳамроҳи ҳамсоязанамон Светлана даромада, Фаррухро бедор карданд ва зада-зада бурданд. Баъдтар фаҳмидем, ки Фаррухро дар таҷовуз ба номуси духтари 6-солаи Светлана айбдор мекунанд.”

Илҳом афзудааст, баъди чанде маъмурини пулис ӯ ва ҳамроҳаш Фирдавс Сатторовро низ ба идораи пулиси Солнечногорск бурданд: “Он ҷо Фаррухрро дар яке аз утоқҳо латукӯб мекарданд ва ӯ бо овози баланд дод мезад. Барои чанд лаҳза ҳангоми нимкушод будани дар Фаррухро дидам, ки бо дастони баста хунолуд рӯи фарш буд ва бо забони тоҷикӣ сӯи ман гуфт, ки “дигар тоқат карда наметавонам." Аз ҳама ҳайратовараш он буд, ки фарёди ҷонкоҳи Фаррухро маъмурини дигари пулис, ки аз роҳрави идора мегузаштанд, мешуниданд, аммо чорае наандешиданд.”

Илҳом Алихонов афзудааст, ки рӯзи дигар онҳоро аз идораи пулис ҷавоб доданд ва баъди чанде фаҳмиданд, ки Фаррух ба ҳалокат расидааст. Кумитаи зидди шиканҷа мегӯяд, пеш аз интиқоли ҷасади Фаррух ба Ватан осори бадрафторӣ дар бадани ӯро акс гирифтаанд ва талош мекунанд, дастандаркорони марги ӯ муҷозот гарданд.

Ин дар ҳолест, ки Хадамоти амнияти дохилии вилояти Маскав аз боздошти се афсари шуъбаи умури дохилии ноҳияи Солнечногорск хабар дод, ки дар марги Фаррух Урозов, шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон муттаҳам мешаванд.

Тавре дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Русия мегӯяд, як майор, сардори шуъбаи куфтукови ҷиноии Солнечногорск ва тобеинаш капитану лейтенанти калон боздошт гардидаанд. Ба иттилои манбаъ ин афрод Фаррухро ба иттиҳоми таҷовуз ба номуси як духтар дар Солнечногорск, ки бегоҳи 17-уми сентябр рух додааст, боздошт карда, мавриди латукӯб қарор додаанд. Дар натиҷа шаҳрванди Тоҷикистон шаби 17 ба 18-уми сентябр дар роҳрави шуъбаи пулис ҷон бохта, кормандони ёрии таъҷилии тиббӣ марги ин муҳоҷирро тасдиқ кардаанд.

Дар наворҳҳои видеоӣ лаҳзаи ба шуъба овардани ин муҳоҷири тоҷик сабт шуда, сабтҳои дигар тоза карда шудаанд. Табибон мегӯянд, бинию қабурғаи Урозов шикаста, пардаи гӯшаш дарида будааст. Тибқи иттилои пешакӣ дастандаркорони ин қазия дар лаҳзаи боздошт ва латукӯби муҳоҷир дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд.


Нашри аксҳои осори латукӯби Урозов дар идораи пулис (АКС)

Нашри аксҳои осори латукӯби Урозов дар идораи пулис (АКС)
Мӯҳр
лалвлвлвллв
РУСХО ДУСТИ МО НАБУДАНД НЕСТАН ВА НАХОХАНД БУД. ЭЙ КОШ КАДРШИНОСИ ЯКДИГАР МЕБУДЕМ.
ДАВРИ ГАРДУН ГАР ДУРУЗЕ БАР МУРОДИ МО НАРАФТ
ДОИМО ЯКСОН НАМОНАД ХОЛИ ДАВРОН ГАМ МАХУР.

Садои миллат
иншоллох вакту соаташ меояд ва иваанхои рус барои генотсиди миллати точик дар солхои 1992-1993 хатман дар суди байналмилали чавоб хоханд гуфт.

наход дар хонаи кас зиста ба номуси кудакаш тачовуз намои. ин магар аз руи одамгарист?

Марко аз Поло
дар хамин ТОЧИКИСТОНИ мо хани мисли хамин мезананд додмона бо ки гуем дар тамоми расонахо инхо машхуран локин сад хайфи ин хокимони мо ки ин чизхоро нодида мегиран аз тамоми чиз кор мебаран ин бе имоно аз барк аз лезба аз корча аз анбур аз мехча бо тамоми чизхой зарар расон кор мебаранд аз русхода инхо батар астан

Ино лиллох ва ина илайхи рочиъун Худо рахмат кунад хайфи миллат хори точик хайф

Муҳоҷир
Аламовар он аст, ки тоҷикҳои беномус бо вуҷуди ингуна таҳқиру шиканҷа дидан, боз русҳоро бародари худ хонда, ҳатто омодаанд, ки аз тарафи Русия бар зидди украиниҳо ҷанг кунанд. Воқеан, тоҷик тоза

Гусфанд бошӣ, ҳатман туъмаи гургҳо мешӣ.

Шохрух
Бар зоти он пулисхое , ки ин хамватани моро ба чунин ахвол оварда расондаанд лаънат . Ин аксхою навиштачотро хонда ашк аз чашмонам чори шуд. Наход ин миллати мо хамин кадар бесохиб шуда бошад. Суди оли , Прократура ва органхову сафорати Тч дар россия барои чист? Магар хаминкадар гурури точики мурдааст, ки хар руз як точикро сар мебуранду шиканча дода мекушанд. Ман ба кормандони хифзи хукук гуфтани хастам ки пули мехурдаи шумо харром аст чунки шумо химояи мардумро монда дар фикри чамоварии маблаг хастед он пуле ки шумо маош мегиред аз хисоби андози мо мардум аст . Ин кадар лоф мезанед ки мо чунину чунон кардем кани як бор аз макомоти рус пурсед ки барои чи шиканча дода шахрванди моро куштед . Вазорати корхои хорича нота навис бинем. Хаммаат метарсед ки аз вазифа меравед. Садкаи хамун макому вазифа шавед .

Бар зоти он пулисхое , ки ин хамватани моро ба чунин ахвол оварда расондаанд лаънат . Ин аксхою навиштачотро хонда ашк аз чашмонам чори шуд. Наход ин миллати мо хамин кадар бесохиб шуда бошад. Суди оли , Прократура ва органхову сафорати Тч дар россия барои чист? Магар хаминкадар гурури точики мурдааст, ки хар руз як точикро сар мебуранду шиканча дода мекушанд. Ман ба кормандони хифзи хукук гуфтани хастам ки пули мехурдаи шумо харром аст чунки шумо химояи мардумро монда дар фикри чамоварии маблаг хастед он пуле ки шумо маош мегиред аз хисоби андози мо мардум аст . Ин кадар лоф мезанед ки мо чунину чунон кардем кани як бор аз макомоти рус пурсед ки барои чи шиканча дода шахрванди моро куштед . Вазорати корхои хорича нота навис бинем. Хаммаат метарсед ки аз вазифа меравед. Садкаи хамун макому вазифа шавед .

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)