Бахшҳо

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз модаговҳои сершир ва таваллудхона дар Хуросон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 8-уми октябр дар доираи сафари корияш дар ноҳияи Хуросон аз хоҷагии зотпарварии “Саодат” ва бинои навбунёди беморхонаи марказии ноҳия дидан кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии “Саодат”, ки феълан 120 сар модаговҳои ҷӯшо ва 132 сар гӯсола ва буқачаҳои наслдиҳанда дорад, коргоҳи коркарди ширро ифтитоҳ намудааст. Ба иттилои манбаъ хоҷагӣ бо таҷҳизоти муосир таъмин буда, баъзе модаговҳои он дар як шабонарӯз то 57 литр шир медиҳанд: “Ҳар як модагови ин ферма дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 30 литр шир медиҳад. Аз модаговҳои аз ҳама сермаҳсули ин ферма дар як шабонарӯз то 57 литр шир ҷӯшида мешавад... Қисми зиёди шири ин ферма ва шири аз аҳолӣ харидоришударо барои коркард ба корхонаи коркарди шири Саодати шаҳри Душанбе мефурӯшанд.”

Раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин дар маросими ифтитоҳи бинои нави беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон иштирок кардааст, ки бо 13 миллион сомонӣ гранти Олмон сохта, бо таҷҳизоти навтарини ин соҳа аз ширкати олмонии Сименс таъмин карда шудааст: “Дар ин бино шуъбаҳои таваллудгоҳ, ҷарроҳӣ ва эҳёгарии ин беморхона ҷойгир карда шуда, ҳадафи асосӣ тибқи созишномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Олмон беҳдошти ҳифзи модару кӯдак мебошад.”

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, бо маблағгузории қариб 200 миллион сомонӣ гранти олмонӣ дар муддати кӯтоҳ бояд таваллудхонаҳои тамоми ноҳияҳои вилояти Хатлон навсозӣ шуда, бо чунин таҷҳизоти таваллуд, ҷарроҳӣ, эҳёгарӣ ва дигар хизматрасониҳои тиббӣ таъмин карда шаванд.

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
у
Танхо намоишкори

Бурхониддин
Афсус, ки Президент то Кубодиён омаду ба Шахритуз не... гуфтанихо зиёд доштем. Хайр ба хамааш рохбарияти нохия гунахгор дар кариб ду соли раисиаш А.Исмоилов ягон иншооти навро сохта ба истифода надодааст. Барои худаш ду хона-Каср сохт якто даруни боги фархангии нохия манзили дигарашро дар тарафи рохе ки ба нохияи Бешкнт мебарад. назди тарабхонаи Ориён. хонахои зур.

ба ин бовар надорам мардумаш хеле кашшок аст.

Darvesh
Hamon termekse ki dar pushti surati JO istoday ba standrt javobgu nest, ham tarzi ba quvvai barq payvast va ham joi meistodash!!!!!!!!!!!!

Dodomsho
Бурхониддин, Borya! brat moy shartuzihora nodida nagir mo korxonai abreshima lentasha buridani budem. PRAVDA davno on rabotaet no vse taki..... takror............... muvofiki talabi SHabakai AVVAL ))))))))))))

Санавбар
Бародари гиромикадр нобоварк, мо хам хам бовар намекунем, ки дар хамин шароити вазнини иктисоди раиси нохия аз кадом хисоб яку якбора ду хона истикомати месохтаасту макомоти корупсия, прокрор ва дигар рохбарони болои худро гунгу кару кур гирифта, ба у ягон гап гуфта натавонанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)