Бахшҳо

ҲНИТ мавқеашро нисбат ба “гирдиҳамоӣ” рӯшан кард

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар пайи ҷаласаи ғайринавбатии худ дар рӯзи 8 октябр, муроҷиатномае интишор кард, ки дар он аз созмондиҳандагони гирдиҳамоиҳо даъват мешавад, аз ин тасмими худ даст бикашанд.

“Кишвар ва миллати мо бист сол пеш гирифтори фитна гардида дар вартаи парокандашавӣ ва аз байн рафтан қарор дошт. Сабабҳои асосии ин фитна, ҳамдигарро нафаҳмидан, эътироф ва эҳтиром накардан, яккатозӣ ва ғурур аз қудрат ва тавонмандии хеш, инчунин ноогоҳӣ аз барномаҳову тарҳҳои бегонагон барои барангехтани ҳисси нобоварӣ ва эътироз байни мардум ва мақомоти давлатӣ буд. Маҳз бемасъулиятӣ ва кутоҳандешии мақомоти давлатии давр ва баъзе афроду гуруҳҳои ҳангомаҷӯ миллату давлатро ба коми ҷанги шаҳрвандӣ кашид, ки баҳои он ҷони бештар аз 150 ҳазор инсон ва ятиму бесаробон мондани садҳо ҳазори дигар гашт”,-гуфта мешавад дар ин муроҷиатнома.

Дар идома Шӯрои сиёсии ҲНИТ мегӯяд, барои наҷоти миллат аз ин варта заҳмату талошҳои зиёд харҷ гашт, ки меҳвари асосии он ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтирому эътирофи якдигар ва интихоб кардани роҳи гуфтугӯ (муколама) ҳамчун ягона василаи ҳалли мушкилот будаанд: “Миллати тоҷик тасмим гирифт, ки дигар ҳеч гоҳ алайҳи якдигар силоҳ намебардорад ва нерӯ танҳо барои дифоъ аз ватан, миллат ва нангу номуси милливу динӣ ва он ҳам дар чорчуби қонун истифода хоҳад шуд. Миллат ба хулоса омад, ки Тоҷикистон бояд як кишвари озоду демократӣ, дунявӣ ва ягона бошад, ки ҳама андешаву афкор, ҳизбу ҳаракатҳо, созмонҳову ташкилотҳои фарҳангӣ, сиёсӣ, тиҷоратӣ дар доираи қонун озодона, баробар ва бе ягон маҳдудияту фишор фаолият намоянд. Миллат ба ин тасмимҳо, аҳду паймонҳо ва қавлу қасамҳо бовар кард ва имрӯз ҳам боварӣ пурра коста нагаштааст. Маҳз ҳамин умед ва боварҳо як фазои солиму боварибахшро дар ҷомеъаи мо ба вуҷуд овард, ки ҳама қишрҳои миллатро новобаста аз ҳизбияту ҷаҳонбинӣ, минтақаву маҳалаш атрофи роҳбари кишвар, ҳукумати марказӣ ва ниходҳои давлатӣ ҷамъ овард ва Тоҷикистон аз соли 2000 то 2010 як марҳалаи рушди босуботи иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро дошт. Ин ҳама натиҷаи сулҳу ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, эҳтироми ҳама қишрҳои ҷомеъа ва рушди бемайлон ба самти мардумсолорӣ, таҳкими ҷомеъаи шаҳрвандии қонунмеҳвар ва ҳуқуқбунёд буд”.

Дар муроҷиатнома таъкид шудааст, ки талошҳои бегонагон барои бесубот кардани фазои дохилии кившар камтарин таъсир надошт, зеро мардум, гуруҳҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии гуногун аз сиёсатҳои мақомомти давлатӣ дар маҷмуъ розӣ буданд: “Боиси таъассуф аст, ки панҷ соли ахир дар муносибати макомоти давлатӣ бо гуруҳҳои алоҳидаи сиёсӣ, динӣ ва иқтисодӣ тағйироти манфӣ ба вуҷуд омад, ки сабабҳову омилони ин тағйирот барои мардум равшан нест. Иштибоҳҳои пай дар пайи баъзе мақомот боиси халалдор гаштани ин фазои пур аз эътимоди тарафайн гашт, ки аз он баъзе доираҳои хориҷиву дохилӣ метавонанд сӯистифода кунанд. Он доираҳо чанд сол пеш ҳеҷ имконяти таъсир расонидан ба зеҳни мардум, ба хусус ҷавононро надоштанд. Мутаасифона сиёсатҳои иштибоҳии баъзе мақомоти давлатӣ, ки барои роҳбарияти кишвар ҷуз хидмати хирсона чизи дигаре нестанд, ин фурсатро барои баъзе кишварҳо ва доираҳои манфиатҷӯ фароҳам месозад, то бо истифода аз руҳияи эътирозии қишрҳои алоҳида сиёсатҳои худро амалӣ намоянд. Ҷои таъассуф аст, ки баъзе аз шаҳровандони ноогоҳ, вале осебдида аз амалҳои иштибоҳии қисме аз кормандони давлатӣ дар самти сиёсат, иқтисод, дину мазҳаб ва тиҷорат ба доми чунин доираҳо афтида, қурбонии дасисаҳо мегарданд. Аксари онҳо танҳо осебдидаанду фиребхурда ва ягона хоҳиши онҳо зистан дар як ҷомеаи озоду пешрафта ва холӣ аз фасоду фишору таъқиб мебошад. То битавонанд бидуни пардохти ришва тиҷорату таҳсил кунанд, дар интихоби худ барои тарзи зист, либос ва намуди зоҳирӣ озод бошанд, дар овозу раъйи онҳо тақаллуб сурат нагирад, боварӣ дошта бошанд, ки фардо тиҷорату моликияти онҳоро касе бо баҳонаҳои сохтаву бофта намегирад. Аксарияти мардуми кишвар, аз ҷумла, бисёре аз онҳое, ки метавонанд ба фитнаҳо дода шаванд, ҷуз ин чизи дигареро талаб надоранд, ки ҳақи конституционӣ ва табиии онҳост”.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ мегӯяд, бетафовутии тӯлонӣ ва нодида гирифтани ин хоҳишоти мардум аз тарафи мақомот ва истифода аз василаҳои фишору таҳдид, зурнамоӣ ва туҳмату таҳқир нисбати дигарандешон, ҳизбу ҳаркатҳо ва гуруҳҳои қонунии кишвар, об рехтан ба осиёби ҳамон доираҳост, ки мунтазири фурсат барои эҷоди беэътимодӣ ва бесуботӣ дар кившар мебошанд. “Имрӯзҳо дар ҷомеа, шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо дар бораи роҳандозии гирдиҳамоии эътирозӣ аз тарафи баъзе созмонҳо ва афрод овозаҳо ва хабарҳои гуногун паҳн мегардад. Ин масъала аъзо ва тарафдорони ҲНИТ-ро, ҳамчун як ҳизби сиёсии кившар, ки барои расидан ба сулҳу оштӣ ва суботи ҷомеъа заҳмати зиёд кашидааст, бетараф гузошта наметавонад. Ҳаргуна иқдом, амал ва даъвате, ки ба сулҳу ваҳдат, оромиш ва суботи кишвар зарба мезанад, мухолафат ба қонунгузорӣ дорад, новобаста аз аҳдоф ва нияти баргузоркунандагонаш, мавриди маҳкумият ва инкори ҲНИТ қарор хоҳад гирифт. Баъзе доираҳо ва афрод, бо назардошти фишорҳо ва маҳдудиятҳои ахири мақомот болои ҲНИТ эҳтимоли ҷонибдории қисме аз аъзо ва тарафдорони моро аз ин иқдомҳо пешбинӣ кардаанд, ки ин шинохт комилан мухолифи сиёсатҳо ва мавқеъгириҳои ҲНИТ мебошад. ҲНИТ бештарин осебро аз ин сиёсатҳои иштибоҳии мақомот дидааст ва ҳақи эътирозу нороҳатиро бештар аз гуруҳи дигар дорад. Аз тарафи дигар, бештарин интиқодро барои сабру таҳаммул дар муқобили ин фишорҳо боз ҳам ҲНИТ шунидааст, ки ба касе пӯшида нест. Бо вуҷуди ин ҳама, мо ба ин бовар ҳастем, ки ҳамагуна эътирозот ва пешниҳодҳоро барои ислоҳи вазъият ва иштибоҳот метавон бо истифода аз василаҳои мусолиматомез ва қонунӣ ба мақомот расонд. Аз чумла, эътирозу гирдиҳамоӣ низ яке аз василаҳои қонунӣ мебошанд, ки қонунгузории кишвар онро иҷозат додаст ва тибқи қонун бояд аввал ба мақомоти давлатӣ аз тарафи созмондиҳандагон расман муроҷиат шавад. Нодида гирифтани талаботи қонун ва истифода набурдан аз он маънии кашонидани қазия ба фазои берун аз чорчуби қонунро дорад, ки метавонад оқибати ногувор барои кишвар ва миллат дошта бошад. Мо мутмаин ҳастем, ки дар байни роҳбарон ва созмондиҳандагони ин гирдиҳамоӣ афроди масъулиятшинос ва ватандӯстони воқеӣ кам нестанд ва ба хотири ояндаи миллату давлати азизамон тасмими дуруст хоҳанд гирифт”.

Дар охир шӯрои сиёсии ҳизб аз созмондиҳандагони ин гирдаҳамоӣ даъват кардааст, аз тасмими худ даст кашида, бо расонаӣ кардани он пеши роҳи ҳамагуна бесуботӣ ва нооромиро бигиранд. “Дар баробари ин мо аз аъзо, ҷонибдорон ва ҳама касоне, ки мавқеи ҲНИТ-ро эҳтиром мегузоранд даъват менамоем, дар ҳеч гуна чорабиниҳои ғайриқонунӣ ширкат накунанд ва аз ҳолатҳои фитнаангез парҳез намоянд. Ширкат дар чорабиниҳое, ки қонунӣ нестанд ё қонунӣ ҳастанду роҳбарияти ҳизб бо он розӣ нест, мухолафат ба сиёсатҳо ва санадҳои дохилии ҳизб шинохта мешавад ва метавонад боиси ихроҷи чунин аъзо аз сафи ҳизб бигардад”.

Муроҷиати Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар ҳолест, ки бино ба иттилои расонаҳо, рӯзи 8 октябр бархе аз қумондонҳои собиқ Иттиҳоди нерӯҳои опозитсиюни тоҷик ва Фронти халқӣ низ бо баргузории як ҷаласа дар Душанбе тасмими баргузории гирдиҳамоӣ дар Душанберо маҳкум кардаанд.

Хабарҳо дар мавриди ташкили гирдиҳамоии эътирозӣ дар маркази пойтахти Тоҷикистон дар рӯзи 10 октябр, аз чанд рӯзи қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид. Гуфта мешавад, ташаббускори ин "гирдиҳамоӣ" "Гурӯҳи 24" бо раҳбарии Умаралӣ Қувватов аст. Дар ҳамин ҳол, ахиран Додситонии кулли Тоҷикистон бо пешниҳоди аризаи даъвогӣ аз Додгоҳи Олӣ хост, “Гуруҳи 24”-ро ташкилоти ифротгаро (экстремистӣ) эътироф намуда, фаъолияташро дар қаламрави кишвар манъ кунад. Қарор аст, Додгоҳи олӣ рӯзи панҷшанбеи 9 октябр тасмимашро дар ин бора эълон кунад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ХНИТ
ХНИТ хамаро шарманда кардед ку....Магар шумо набудед ки аз 1992 то 1997 чангидеду аммо ба як канду нон хукумати кунуни фиребтон кард. Магар инкадар ролико нисбати шумо бароварду аммо хозирам тарафи хами хукуматен. Ман тарафдори ХНИТ будам аз хамин дакика саркарда ХНИТ-ро мардумфиреб эълон мекунам

Худо хохад фирузи дар пеш

ХНИТ маьлумшуд ки кисаги будааст то ба хол мегуфтанд ман боварм намеомад!

прпр
Кабири

Сад худатро ширин накуни ки хамон бозоратро баргашта намедиханд. Инчунин указания шудааст, ки ин дафъа дар интихобот ХНИТ умуман ба парламент рох дода намешавад.

Хоким
Ба касоне, ки ХНИТ ва дигар манъ кунандагони "митинг" таъна мекунанд:
1. Ин Кувватову Гадоеву дар вакташ хамрохи оилаи Э.Р. хурда кайф карда мегаштанд хамин ки бизнес нашуд баъд как будто гамхори мардум шуданд.
2. Хар одаме, ки фардо ба митинг равад амният хафт пушташро бурда махкам мекунанд. Ман метарсам, ки боз ягон рохгузар тасодуфан аз майдони Дусти гузарад он бечораро махкам накунанд.

Sanyk
Офарин рафик Кабири ва ХНИТ, бо ин дурандешиатон. Хакикатан бояд ба миллати Точик дарс шуда бошад, ки гирдихамохихои гайри конуни ба чи оварда мерасонад. Ман низ як шахрванди Точикистон ба даъвати ХНИТ хамрх шуда шуморо бо сабру тахамул даъват мекунам.

Модари точик
Ман намехохам, ки аз нав дуди чанг. Тира созад осмони софро...........

таърих гувох аст, ки хазорсолахо миллати точикро, ки кухантарин халк аст, душманон барои аз байн бурдан кушиш карда, нагузошта буданд,ки сохиби давлати мустакил шавем. Дар давраи Сомониён душман миллати точикро бо хамдигар чанг андохта ба хадафаш расида буд. Холо мо точикон сохиби давлати худ мебошем. Мо бояд ин ганчи бебахоро хифз намоем. Холо низ душман мехохад миллати точикро бо хамдигар чанг андохта, аз дур тамошо кунад. Дар инчо хизбу харакатхо мухим нестанд, танхо боки мондани давлати точик. Солхои 90-ум моро бо хамдигар чанг андохта, овоза карда буданд, ки точик хамдигарро кушта истодааст. Оё хамин дарси ибрат нест. Барои амнияти давлат хама бояд сахмгузор бошем. ХНИТ ва дигар шахсони кухансол чанги шахрвандиро дида буданд ва барои хамин намехоханд бори дигар чунин рух дихад. Чавонони имруза бояд фахманд, ки он чанг афсона нест ва сабаби ба мухочирати мехнати рафтанашон хамин чанг аст. Чунки тараккиёти кишварро ба кафо кашида буд. Холо бояд чавонон барои пешрафти миллат ва давлат хизмат кунанд на ба хар гуна гуруххо харох шуда ояндаи худ ва миллатро зери суол гузоранд.

Одил
Кабири симои хакикиашро бори дигар нишон дод.Тарсуи Кабири,обруи ХНИТро ба замин баробар кард.Аз хамин руз эътиборан ман мукобили ин хизби мунофикон хастам!Номи исломро аз хизбатон гиред шармандахо.

хайфи хамин кадар боварию дастгирии мардум нисбати окои кабири.ман сади дар сад бовар дорам ки агар ними хамин дастгириро куватов медошт холо ин кадар азоб ба сари мардум намеомад.кабири чи ин кадар сари мардумро гаранг карда сабру тахаммул мегуи як бор мард шав баромада бигу ки ман аз бизнесам метарсам аз он метарсам ки вазифа аз даст меравад...мардак шудан даркор МАРДАК!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)