Бахшҳо

Паҳни навиштаҷоти зиддиҳукуматӣ дар хиёбонҳои Душанбе

Мақомоти Тоҷикистон ба таҳқиқи навиштаҷоти зиддиҳукуматие пардохтаанд, ки рӯзҳои охир дар биноҳои бархе аз кӯчаҳои Душанбе пайдо шудаанд.

Манобеи “Озодагон” иттилоъ доданд, ки чунин навиштаҷот аз ҷумла рӯзи 8-уми октябр дар маҳаллаи “Автовокзал”-и Душанбе пайдо гардиданд, ки бо дастури мақомот зуд тоза карда шуданд. Савдогарони бозори “Сафариён”-и дар маҳаллаи Автовокзал изҳор доштанд, ки кормандони мақомоти интизомӣ онҳоро низ пурсуҷӯ карда, дар мавриди афроде, ки дар чанд рӯзи охир аз онҳо рангҳои махсуси газмонанд харидаанд, суол кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки тобистони соли равон низ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук расмҳо бо навиштаҳои зидди ҳукумати Тоҷикистон ва “В+24” нашр шуданд, ки дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе гирифта шудаанд. Додоҷони Атовулло, раҳбари Ҷунбиши сиёсии "Ватандор", бо нашри ин аксҳо дар саҳифаи Фейсбукаш гуфт, онро ҷавонон шаби 3 июн навиштаанд, ки зидди Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати Тоҷикистон равона шудаанд.

Пайдо шудани навиштаҷоти нави зиддиҳукуматӣ дар ҳолест, ки мухолифи фирории ҳукумати Тоҷикистон, роҳбари “Гуруҳи 24”, Умаралӣ Қувватов 10-уми октябр мардумро ба гирдиҳамоии эътирозӣ даъват кардааст.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон ташаббускорони ин иқдомро ҷинояткорон хонд, ки бо маблағ ва дастури хоҷагони хориҷияшон зидди манофеи миллии кишвар кор мекунанд. Ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ва фармондеҳони пешини Фронти халқию Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин низ даъватҳои "Гуруҳи 24"-ро ба гирдиҳамоӣ дар Душанбе маҳкум карданд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Точикфар
Мардуми точик дигар гулу хафтафахм нест,ки ба гирдихамои барояд.Ин мардумро соли 1992 ба гирдихамои хезонда,дигар миллату кишвархо манфиат бардоштанд.Миллати точик дигар миллати соддаи соли 1992-1993 нест,ки аз байни худ вовчику юрчик кофта,кишри туркгароро мустахкам кунад.Шукр миллати мо имруз дар пайи ободии оилаи худ ва кишвар аст.Минтингбозиро бигузор дар дигар кишвар кунанд.Барои мо мухимаш ба вахдати миллии комил расидан аст.

Зидди Президент , ки подшохи одил аст, хестан зидди Худо хестан аст. Ман дар чашмони ин Марди Худо ба гайр аз рахму шафкат, садокату вафодори, инсонгариву инсондусти чизе дигаре намебинам. Чашмони бисёр нодиру бемисл, шабехи кудакон. Вале чехраи шерона.Душманонат куру сархам бод эй дусту вафодори миллат. Зиндаву саломат боши...

Бовар дорам шархи моро чоп мекунед.

озодихох
Бародарони гироми, амният ва оромиш барои инсон неъмати бузурги илохист. Ман карзи шахрванди ва пеш аз ин карзи мусалмонии худро мехохам адо намоям. Худованди мутаъол дар сураи Бакара ояти 126 аз забони Иброхим алахи салом овардааст, ки он барои кишвараш ва мардуми мусалмонаш аз Худои таъоло амн яъне емини ва оромишро талаб кардааст. Дар сураи Курайш хам сабаби ба ибодаташ бандагонашро амр кардан ризку рузи додан ва амниятро сабаб овардааст. Зеро инсонтдар холи надоштани рузи ва амният пеш рафта наметавонад. Инхо ва амсоли ин оятхо ва хадисхо аз таълимот ва сирати паёмбар моломол аст. Ман хам аз ин оят ва аходис ва сирати паёмбар амниятро барои миллати мусалмони точик бартар медонам. Бародарони гироми масъалаи тарс нест, шумо ба фитна дода нашавед. Пешвоёни миллат ва донишмандони мо тарсу нестанд, ки имруз хомушанд, балки хакиманд.
Чавононе, ки имруз мехоханд миттинг кунанд, касеро ки хамфикраш нест аз Умарали Кувватов сар карда бесавод мехонанд. Онро зидди миллат медонанд. Чихеле ки мегуянд кутара хамаро хукм мекунанд, дар холе ки олимон аз хукм кардан метарсанд. Ин фитна агар сар занад тару хушк месузад. Илтимос аклро хоким карор дихед, хохишоти яклахзаина ва бемантиконаро хоким нагардонед, ки зараре ба миллат мерасад, ки хама пушаймон хоханд шуд. Ин корхо ба ин сурат хилофи Ислом ва акли солим ва хикмат аст.
Умарали ва Омузгор ки аз донишмандтарини онхо мебошанд, бубинед гуфтанд, ки Худованд барои шумо Куръонро халк кард. Ин акидаи исломи нест. Куръон махлук нест. Вале ин пешвоёне ки барои Ислом хестаанд хамин кадар илм доранд. Записи касамхурии Кувватовро гуш кунед. Дигарашро хам пайдо кардан мушкил нест.
Ин барои айб гирифтан нест. Амният ва оромиши миллат ва Ватан аз ману Умарали ва .... болотар аст. Ин оромиши бударо неъмати илохи донед ва онро аз даст надихед. Манфиати миллатро ва исломро болотар аз хама чиз гузорем. Шукронаи неъмат накардан неъматро аз даст мебарад. Огох бошед! Ба фитна наздик нашавед! Пушаймони суд нажорад!

Лола
Бародар якбора Пайгамбараш эълон кун ин суханро хеч гох нагу зидди Худо хестан у ки ки набоша бандаи Худост

Kishvar
Малика,
озодихох,
Salom
Mana khudashona maalum karda istodaand. Kosalesoni darbor. shram nadoshta dar hamin gaphoi bemaniyashon Khudovu rasulashroha misol ovardaand. Charo yakbor az jonibi mardumi bechoravu gamdida baromad namekunand charo???? fakat korashon janob intu janob untu .

умар
Зи махкуми мусалмон худфуруш Аст.Гирифтори тилисму чашму гуш Аст.Зи махкуми рагон дар тан чунон суст.Ки уро динну оин бори душ Аст.Агар хочи Умарали Кувватов ва Устод Додочон Атовуллоеви азизро миллати точик аз даст дихад ин миллат 50соли дигар дар изоляция мемонад!!

ту хатои калоне карди гуфти ки бар зидди ХУДО хестан. Ин гапа дигар хеч гох, такрор накун ки кур мешави!!!! ХУДО ин чизи шухи нест !!!!! ту бандаи худоро ба ХУДО баробаркардаистодаи!!!!

Яктопараст
Малика, Малика пеш аз ҳарф задан, аввал хуб фикр кун, ки чи мегуӣ. Махлуқро бо Худо баробар кардан, бояд алалхусус дар байни тоҷикҳо, ки аз ислом беш аз дигарон огоҳӣ доранд, ҷой надошта бошад. Зеро касе огоҳона ва ё ноогоҳ ин амалро мекунад, наузубиллоҳ мушрик мешавад,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)