Бахшҳо

Шарти Додситонӣ барои авфи аъзои «Гуруҳи 24” ва посухи ҷавонони норозӣ

Додситонии генералии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия гуфтааст, афроде ки дар пайи экстремистӣ эълон шудани “Гуруҳи 24” аз узвият дар ин созмон даст мекашанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мешаванд.

Додситонӣ бо такя ба моддаи 307-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон мегӯяд, сар аз 9 октябр, иштирок дар фаъолияти “Гуруҳи 24” ҷиноят ҳисоб мешавад ва эзоҳ додааст, агар аъзои гуруҳ баъди қабули ҳалномаи додгоҳ ихтиёран аз узвият даст кашанд, ба ҷавобгарӣ кашида нахоҳанд шуд.

Дар пайи нашри ин иттилоияи Додситонии кулли Тоҷикистон дар интернет навори ҳамоиши ҷавонони норозӣ аз ҳукумати феълии кишвар паҳн гардид, ки онҳо террористу экстремист эълон шудани худро дар Ватан нодуруст мешуморанд: “Мо як иддаем, ки ҳақамонро талаб мекунем ва ҳеч ноамнию нотинҷии Ватанамонро намехоҳем.”

Дар ин навор, ки дар ҳузури Каромат Шарипов, раҳбари Иттиҳоди муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар Русия сабт шудааст, ҷавонон таъкид мекунанд, хоҳони зиндагии арзандаанд ва аз талошҳои ҳукумати феълӣ дар ин самт норозӣ. Онҳо мегӯянд, дар Тоҷикистон афроде, ки ҳақталошӣ мекунанд, ҳамчун террористу экстремист ва як шахси хатарнок ба амнияти миллӣ радди маърака мешаванд.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон пеш аз зуҳри дирӯз, 9 октябр даъвои Додситонии куллро алайҳи “Гуруҳи 24” қонеъ карда, онро гуруҳи экстремистӣ эълон намуд. Саломат Ҳакимова, додраси Додгоҳи олӣ зимни қироати ҳалнома гуфт, парванда дар ҳузури намояндагони Хадамоти алоқа, додситонӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ баррасӣ шуда, фаъолияти "Гуруҳи 24" бо далели зидди сохти конститутсионӣ ва амнияти миллӣ буданаш, дар Тоҷикистон манъ карда шавад. Тибқи ин ҳалнома паҳн ва нашри ҳар гуна матолиби чопию аудиовизуалии марбут ба "Гуруҳи 24" мамнуъ эълон гардид. Додраси додгоҳи олӣ гуфт, Қувватов метавонад аз болои ин қарор давоми як моҳ шикоят барад.

“Гуруҳи 24” дар ҳоле экстремистӣ эълон шуд, ки раҳбари ин гуруҳи мухолиф Умаралӣ Қувватов аз ташкили гирдиҳамоии эътирозӣ дар Душанбе хабар дод. Ба гуфтаи ӯ ин гирдиҳамоӣ рӯзи 10 октябр дар маркази пойтахт баргузор мешавад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
24000
Худо хохад гурухи 24-ро номашро 24000 мекунему фаъолиятамонро давом медихем. То даме ки хакки халоли худро баргардонида нагирем.

Ин гурухда чи кор дорен шумо БАЧАИ Хукумува гирен махкам кнен

гурухи-24 (1)
умуман моро тарсонда наметавонед на ба ин судуд на ба прокроротон мо хаки худамонро талаб дорем

ّЛатифаи руз: "Додраси додгоҳи олӣ гуфт, Қувватов метавонад аз болои ин қарор давоми як моҳ шикоят барад".

Азиза
Набояд ин гуна катъсозихои шабакахову ин гуна тайёрихо дида мешуд. Баръакс ин тарсу будани хукуматро нишон медихад. Опозитсия агар дар Россия бошад пас тарафдорони хукумат дар Душанбеянд. Аз ин маълум мешавад, хукумат дигар на дар дохил ва на дар берун ягон пуштибоне надорад ва халк хам дигар нисбат ба хукумати кунуни дигар эътикоде надорад. Афсус!!!

in mutahamhoro sud va jarimahoi kalon kuned.inho ba fikram digar tojikiston nameoyand.video hama ba dasti amniyat rasid.

дехкон
Чосузони ватан! - гузоред, ки мардум ба холи худ бошанд, Точикистонро ба Украина муббаддал насозед!!!!!!!

Собик сохибкор.
Бале мо чавонон тарафдори гурухи 24 нестем, вале давлат ва хукумат худ моро мачбур мекунад, ки тарафдори хизбу харакатхо шавем ду сол кабл дар Точикистон чихил корхонаи коркарди металхои ранга фаьолият мекард, вале содироти ашёи хоми металхои ранга аз тарафи фирмаи хеши ким кадоме монополия шуд ва ин корхонахо муфлис шуданд дере нагузашта бо ариза бози фаьолияти ин фирма бархам хурд вале пеш аз вазифа рафта ни собик Раиси гум рук бе огохи содироти корхонахои истехсолии металхои рангаро бо фармони номаьлум баст ки хар корхона махсулотхои таёрашро дар ин ду сол бо зарар ба кочокчиён фурухт ва муфлис шуд барои чи бе сабаб беогохи шифохи кори моро бастанд ва кочокчиёни Сугди то хол бе андоз ва коркард металхо
Ро ба Киргиз мебаранд ва андозашро ба киргиз месупоранд сад мактуб навиштем ягон чавоб нест ба мо кадр надорем карздорем ин кадар солхо андозхо корхонахо ва фаьолияти мо барои чи ба инобат гирифта намешавад?

salom
дар точикистон касе ки хакки гапа гуфт - е ба зиндон, е чарима е душмани халк эълон шудааст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)