Бахшҳо

Таҷлили Иди Ғадири Хум аз ҷониби исмоилиён дар Душанбе

Навиштаи Маҳбатқадам, махсус барои “Озодагон”

Пайравони равияи исмоилия рӯзи якшанбеи 12-уми октябр бо баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ дар маркази Исмоилияи Душанбе Иди Ғадири Хумро таҷлил намуданд.

Исмоилиёни Тоҷикистон мегӯянд, ин рӯзро ба хотири гиромидошти таъини Ҳазрати Алӣ ҳамчун валиаҳди Ҳазрати Муҳаммад (с) ҷашн мегиранд. Ба бовари пайравони ин равия Ҳазрати Муҳаммад (с) соли 632-и мелодӣ дар Ғадири Хум Ҳазрати Алӣ, домод ва амакбачаи хешро ҷонишини худ эълон кардаст. Исмоилиён бовар доранд, ки танҳо имомон аз аҳли байти пайғамбар метавонанд моҳияти охирин паёми Худо-Қуръонро, ки ба охирин пайғомбар Ҳазрати Муҳаммад (с) нозил шудааст, таҳвилу таълим диҳанд.

Исмоилия ягона равия дар мазҳаби шиа арзёбӣ мешавад, ки имомати меросиро аз замони Ҳазрати Алӣ то ҳозир нигоҳ дошта, феълан роҳбарии руҳонии ин равияро имоми 49-уминашон, Шоҳкарим-ал-Ҳусайнӣ, Оқохони 4 ба уҳда дорад. Теъдоди пайравони исмоилия дар Тоҷикистон ҳудуди 200 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад, ки бештарашон дар вилояти Бадахшон иқомат доранд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
табрик.....точикхо хар хел равияи дини доранд.....лекин хамаашон доимо сарбаланду саломат бошанд.....

Dev
In id ba mardumi purmadaniyati Badahshon muborak!

МУҳаммад
Куҷоян он Шурои Уламо, магар чашмонашон кур шудааст, инро намебинанд. Магар муғоир ба ақоиди Аҳли Суннат ва Ҷамоат ва мазҳиби Имоми Аъзам нест.
Худованд ватани азизро ҳифз намояд

Сайф
Чавоб ба Мухаммад!Мебахшед бародари азиз,чи дар Точикистон вилояти Бадахшонро ба эътибор намегиред?Дигар мазхабхоии насрони ,яхуди,будоияи гайриисломи бояд маъракахои диниашонро гузаронанду,сохибватананон,ки вилояти мухтор доранд не?Инро чи гуна фахмем?

Точикистони сохибистиклол аз дигар давлатхо махз бо доштани гуногунфархаги, дини, мазхаби ва фикри фарк дорад.
Зинда Бод Точикистони Азизамон!

Abd
Дар дини Ислом чигунае, ки тамоми Мусалмонони Чахон медонанд, Расули Акрам (с.а.в) пеш аз марг васият кард, ки Абубакр (р) ба чои У Халифаи Мусалмонон шавад. Аз руи гуфтахои инхо Хазрати Абубакри Сиддик, Умари Форук ва Усмони Зиннурайн - Халифа ва Чойнишини Паёмбар (с.а.в) набуданд???

якум ба боварии на танхо равияи исмоилия, балки тамоми шиаен, ки гуе хазрати Мухаммад Алиро чонишини худ эълон кард. . дуюм вилояти Бадахшон нею Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон . инро фаромуш накунед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)