Бахшҳо

“Долябандӣ”-и мудирони госпитал аз ҷониби раис ва тааҷҷуби вазир

Оҷонсии мубориза бо фасод як раҳбари сохтори госпитали Тоҷикистонро дар он муттаҳам мекунад, ки мудирони шуъбаҳоро ба истиллоҳ “доля” баста, ҳар моҳ аз онҳо аз 200 то 1000 сомонӣ пора мегирифтааст.

Тибқи иттилои ин ниҳод менеҷери сохтори госпитали Қубодиён, Худойбердиев Асадулло тайи фаъолияташ аз соли гузашта то нимсолаи дуюми соли равон барои пуштибонӣ аз раҳбарони шуъбаҳо пора мегирифтааст: “Аз ҳама зиёд аз мудири шуъбаи ҷарроҳӣ, моҳе 1000 сомонӣ мегирифтааст. Аз мудири шуъбаи бемориҳои асаб-500 сомонӣ, аз мудири шуъбаи бемориҳои қалб-100 долларӣ, аз мудири шуъбаи хунгузаронӣ-200 сомонӣ ва аз мудири шуъбаи шикастабандӣ-900 сомонӣ ҷамъ мекардааст.”

Манбаъ мегӯяд, ин менеҷери госпитал зимни гирифтани 300 доллар аз мудири шуъбаи эҳёгарӣ боздошт гардида, алайҳи ӯ барои фасодкорӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин дар ҳолест, ки қаблан Абдуфаттоҳи Ғойиб, раиси Оҷонсии зидди фасод аз густурда будани фасодкорӣ дар низоми тандурустии кишвар хабар дод.

Нусратулло Салим, вазири тандурустии Тоҷикистон дар шарҳи хабарҳо оид ба фасодкорӣ дар ин соҳа гуфт, хабарҳоро мешунаванд, ки фалониро бо пора боздошт намудаанд, аммо баъдтар боз мефаҳманд, ки раҳо шудааст, ки ба гуфтаи вазир ҳайратовар аст. Ӯ таъкид намуд, ки дар сурати боздошту асоснок будани иттиҳом бигзор дастандаркорон ҷазо гиранд.
Мӯҳр
ЭХааааа...........хозира замонба ришвахурию ришваситои дар кучо дида намешавад, кани гуед??? Духтурхо аз касалихо мегиранд, мудирхо аз духтурхо дия..........бе пул назди ягон духтур раведу кани бинем чи хел кабул мекунаду бо кадом лахн сухан мезанад.......хамун матали худамон хаст ку "Бе пул суханат асар надорад, холе ки ту дори хар надорад!"

Донояк
Ин кор дар хама балнисаву госпиталхо хаст. Масалан, дар поликлиникаи 1 советски главврач аз духтурхо хар руз 10 сомони доля мегирад, аз массажист 15 сомони хар руз барои он ки даромади вай зиёдтар.

Махина
Дар нохияи Ленин аз сари хар кудаки роддом доля 20 сомон главный врач, 20 сум барои заводел 50 сомони барли камисияхо метиян! Мондагиш хаки дигаро!

55
Тамоми муассисахои тибби пул мегиранд бидуни додани барга агар мабодо чаррохи бошад аз 300 доллар сар мешавад чунин аст вазъи бечора мардум чудо хам вазнин нисбати халки бечора.

Душанбе
Мебахшен ба 500сомони маош хичи намеша барои духтур. 1 донишчу дар 1мох 500сомони масраф мекуна. Аз пушти монитор гайбат осон аст лекин кори давлати равед бад мефахмед барои чи пул мегиран. вакте ревизия бия (хама медона кадом макомотхо ревизия мекна) мерай ай банк карз мекнию ура 1мох ресторан мебари..... Гайбат накнен дхтуро пул мегиран. кадомеда намефора брава 7 да Тибби бхона 7*2000долар=14000долар бта бад мефахма

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)