Бахшҳо

ИМА мегӯяд, ба оби Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир кардааст

Муҳаммад Алӣ Ғабот, вазири давлатии Имороти муттаҳидаи Араб дар нахустин Анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ, ки дар Душанбе баргузор шуд, бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар масъалаи интиқоли об аз Тоҷикистон ба кишварашро баррасӣ намудааст.

Муҳаммад Алӣ Ғабот дар ҳузури хабарнигорон гуфт, кишвараш ба обҳои тозаи Тоҷикистон эҳтиёҷи зиёд дорад: “Дар ин бора бо президенти Тоҷикистон суҳбат кардем. Эмомалӣ Раҳмон чанд пешниҳод карданд, ки ба мо писанд омад ва мо онҳоро ба раҳбари давлатамон мерсасонем. Дар суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон гуфтам, дар соҳаи энергетика, аз ҷумла нафт ва бахши кишоварзӣ ҳам омодаи ҳамкорием”.

Аммо Тарақи Интиқол, муовини вазири умури хориҷии Афғонистон ҳам ки дар ин анҷуман иштирок дошт, мегӯяд, онҳо бештар ба ҳамкориҳо дар бахши энергетикӣ таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд. Муовини вазири умури хориҷии Афғонистон гуфт, лоиҳаи “KACСA-1000” аз лиҳози иқтисодӣ барояшон аҳмияти зиёде дорад ва барои пайдо намудани сармоягузор ба қисмати афғонистонии он кушиш мекунанд: “Корҳои аввалин сурат гирифтанд, давлату ҳукумати феълии мо аз гузашта беҳтар орзӯи онро дорад, ки ин лоиҳа амалӣ гардад. Ин лоиҳа ҳам аҳмияти иқтисодӣ ва ҳам аҳмияти сиёсӣ дорад, ки ду се кишвареро ба ҳам наздик месозад”.

Ияд Амин Маданӣ, дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ аснои нишаст, изҳор дошт, умедвор аст, баргузории чунин чорабинӣ дар рушди иқтисод ва дигар бахшҳои кишварҳои аъзо нақши муассир мегузорад. Ияд Амин Маданӣ аз аъзоёни созмони мазкур даъват ба амал овард, анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ дар ду сол як маротиба гузаронида шавад: “Ин дар рушди ҳамкориҳо ва амалӣ сохтани ҳадафҳо мусоидат мекунад”.

Нахустин анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ имрӯз, 27 октябр дар “Кохи Сомон” ба кори худ шурӯъ карда, ду рӯз идома хоҳад ёфт. Дар кори анҷуман зиёда аз 400 нафар, аз ҷумла 120 намояндаи давлатҳои аъзои СҲИ, созмонҳои бисёрҷонибаи молиявӣ, сохторҳо оид ба рушди ҳамкорӣ, инчунин намояндагони бахши хусусӣ ширкат меварзанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Акбар
Биёед Обро хам мисли Барк ба Давлатхои Араб Фурушем мо мардуми Точик 23 сол шуд ки бе Барк зиндаги дорем ба фикрам бе Об хам мисли 23 сол зиндаги кардан мегирем Илтимос чоп кунед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)