Русия барои мусалмонҳо телефон месозад
Қарор аст авохири моҳи ноябри соли равон барои аввалин маротиба фурӯши телефонҳои мобилии истеҳсоли Русия бо тамғаи “BQ Istanbul” барои мусалмонҳо ба роҳ монда шавад.
Ба иттилои расонаҳои хабарии ин кишвар, арзиши ин тамғаи телефон гарон набуда, дар хотираи он Қуръон бо 2 забон - арабӣ ва русӣ мавҷуд аст. Истифодабарандаҳо ба таври хеле сода ояву сураҳоро интихоб ва гӯш мекунанд. Махсусияти асосии ин тамғаи телефон дар он гуфта мешавад, ки дорои барномаи махсусе бо номи “Будильник намазов” (вақтҳои намоз) аст, ки вобаста ба минтақаи ҷойгиршавии истифодабаранда вақтҳои намозро муаян намуда, ҳамарӯза 5 маротиба соҳибашро огоҳ мекунад.
Наиля Зиганшина, раҳбаи Иттиҳоди мусалмонони Русия гуфтааст, “хурсандам, ки ихтироъкорон барои осонии ҳаёти мусалмонон хеле кӯшиш мекунанд. Дар телефони ман Қуъон ҳаст, аммо танҳо бо як забон ва вақтҳои намозро бошад, бояд худ интихоб намоӣ ва ё бо чунин хусуссиятҳо телефонҳо агар бошанд, нархашон гарон буда, барои ҳама дастрас нест”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |