Бахшҳо

Номаи як модар ба Бонуи аввали Тоҷикистон

Санавбар Абдуллоева, соҳиби бозори “Ином”-и ноҳияи Шаҳритус бо ирсоли як нома унвонии бонуи аввали Тоҷикистон аз ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон хостааст, дар ҳали қазияи марбут ба бозори мазкур мусоидат намояд. Ахиран, хонуми Абдуллоева иддао кард, Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси раисиҷумҳур бо сӯиистифода аз мавқеъ мехоҳад бозорашро бигирад. Санавбар Абдуллоева ин номаро дар ихтиёри "Озодагон" гузошт, ки пешниҳоди хонанда мешавад.


Салом, ҳамсари меҳрубони Президенти мамлакат, янгаи мӯҳтарам, зани хеле зебою апаи оқила, Азизамоҳ!
Мо ҳама хуб медонем, ки шавҳари Шумо - Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, барои кишвари мо - Тоҷикистони азиз чӣ қадар хизмат кардааст. Нодида гирифтани ин ҳақиқат ношукрӣ аст. Шурӯъ аз раҳонидани ҷумҳурӣ аз вартаи ҳалокат дар ҷанги гражданӣ, то роҳсозиҳову нақбсозӣ ва барпойдории соҳаи маорифи вайрону валангор ва тандурустии футуррафта. Гӯё, ки шавҳари Шумо ва Президенти моро Худованд барои ҳамин вазифа дар вақти муайян дар вазифаи муайян барои ҳалқи мо интихоб кард.

Одамони рамузфаҳм инро ҳам мефаҳманд, ки саҳми Шумо - янгаи гиромӣ, бонуи аввали Тоҷикистон ҳам, дар ин ҳама муваффақиятҳои Ҷаноби Олӣ ҳаст. Баъди ин ҳама талошу пайкор ва заҳмату ташвиши як миллату як кишвар Шумо будед, ки бегоҳ ҳамсари худро бо табассум пешвоз мегирифтед ва бо меҳрубониҳои худ, мисли ҳар зани мусалмон, хастагиашро берун меовардед ва рӯзи дигар бо қувваи нав назди мардум гуселаш мекардед. Ин корҳо хизмат ба Ватан ҳам ҳаст. Ман ва онҳое, ки мисли ман фикр мекунанд, аз Шумо, янгаи азиз, барои ҳама пешрафтҳои Тоҷикистон миннатдорем. Худо шоҳид аст, ки инро аз таҳи дил, самимӣ мегӯям.

Барои чӣ ба Шумо менависам? Масъалае, ки дар борааш ба Шумо муроҷат мекунам, кори мақомоти масъул ва ашхоси мансабдор аст, аммо ҳеҷ яке аз онҳо бо сари баланд ҳақиқатро нагуфту ҳақ кор накард. Не, мегӯянд, ки “шумо ҳақ ҳастед...”, аммо паст ва илова мекунанд, ки “хайр аз дасти мо чӣ меояд”. Янгаи азиз, ман маҷбур шудаам, ки ба Шумо муроҷиат кунам, хеле маҷбур шудаам. Агар Шумо ҳамчун зан – модар маро нафаҳмед, касе маро нафаҳмид. Ба Худо, ман дигар намедонам ба куҷо муроҷиат кунам.

Апаи азиз, ба гумонам, тамоми мардуми Тоҷиикистону ҳатто берун аз он аз мушкили ман хабар доранд. Ман Санавбар Абдуллоева, аз Шаҳритус, ҳамсари ҳамон тоҷире ҳастам, ки бо бародари Шумо – Муҳбуллоҳ Саъдуллоев баҳсҳои судӣ дошту дорад. Бовар дорам, Шумо хабар надоред, ки бародаратон Муҳибуллоҳ бозори шавҳарам - ягона василаи рӯзгузаронии мову фарзандонамонро кашида гирифтанӣ аст.

Янгаи азиз, ин бозорро ману шавҳарам ҳама дороиамонро фурӯхта, дар гӯшаи вайронае обод кардем. Ман зани шаҳрӣ, тарки Душанбе кардаву панҷ писарам гастарбайтер нашавад гуфта соли 2006 ба Шаҳритус рафтам. Бо ҳамин дастонам хишт мекашонидаму барои 70-80 одам ғизо мепухтам...Рӯзҳое ҳам буданд, ки бо фарзандони хурдсолам таги селофан хоб мерафтем, то корхонаамон обод шавад... Бурдаи нони фарзандонамонро нисф карда, қарзу қавола карда, бо азоби зиёд корхонаву бозор сохтем, ки якҷо бо писаронам роҳаташро бинем, аммо, мутаассифона, бародари Шумо ҳама осоиши зиндагии моро барҳам зад… Акнун ман як зани хонагии тоҷик маҷбурам дар ба дари суду прокуратура гардам, миёни мансабдорону адвокатҳову журналистон додхоҳе кобам...

Бародаратон аз мо солҳои сол ҳақ мепурсид, ба ӯ медодем, зеро шавҳарам фикр мекард, ки шарти соҳибкорӣ дар ин ноҳия ҳамин аст. Ҳисоби ин пулҳоро Худо надонад, шавҳараму Муҳибуллоҳ намедонанд. Соли 2011 бозоре, ки бо сад ҳавасу орзу ба номи писарам “Ином” ном мондем, бо кадом иллате сӯхту чанд муддат ҳаққи ӯро дода натавонистем, Муҳибуллоҳ ғазаб карду моро ба миқдори 100 ҳазор сомонӣ ҷарима ё ба истилоҳ, «иск» баст. Ин маблағро ҳам бо мушкилоти зиёд ёфта ба ӯ додем. Гумон кардем, баъди ин моро ба ҳоли худ мемонад. Аммо атрофи ӯ Қорӣ Нусрату Шайх Муҳаммадҷону Абдулазиз гуфтанӣ одамони тасодуфӣ пайдо шуданду боз маблағҳои ҳангуфти дигар аз мо талаб кард. Билохира, рӯзе гуфт, ки тамоми бозорро ба ӯ диҳем. Не гуфтему дар бало мондем.

Апаи муҳтарам, зиёда аз 3 сол мешавад, ки додаратон бо мо, он ҳам барои моли худи мо, даст ба гиребон аст. Ман барои додхоҳӣ ба ҳама мақомотҳои дахлдор муроҷиат кардам. На суд ва на прокурор ба додамон нарасиданд. Ба хотири хеши Ҷаноби Олӣ, яъне бародари Шумо будан, ҳама парвандаҳоро ба фоидаи Муҳибуллоҳ ҳал мекунанд. Бо аризаҳои додаратону машваратчиёни худхоҳу бевиҷдонаш алайҳи шавҳарам Абдуллоев Бурҳон 18 (!) парвандаи ҷиноятӣ боз шуд. Ин парвандаҳо он қадар беасос буданд, ки касе аз прокурорҳо ва кормандони Агентии мубориза зидди коррупсия нахостанд дар ин парвандаҳои беисботу дурӯғ саҳм гиранд. Ман ба хулосае омадам, ки заҳматҳои Президенти мамлакат тамоман барбод нарафтаанд. Давлат ва адолат дар кадом шакле, ки набошад бо андозааш вуҷуд дораду Худованд пуштибони халқаш аст.

Янгаи азиз, ба мулоқоти Президент дар Шаҳритус маро нагузоштанд, ки ворид шавам. Ман натавонистам арзамро ба худи он кас бирасонам. Додаратон тариқи шиносҳояш дар мақомот ҳама роҳҳоро ба сӯи Президент-кафили ҳуқуқу озодиҳоям ба рӯям баст. Хостам аризаамро ба дасташон супорам, аммо гирди хонаамро кормандони милиса иҳота карда, намонданд, то ба вохурӣ равам. Чун исрор кардам, маро маҷбур ба мошин шинонда, ба ШВКД бурданду бе ҳич асосе наздики се соат нигоҳ доштанд. Ҳол он ки ман соҳибкорзане ҳастам, ки барои беш аз 1000 одам ҷойи корӣ офаридааму хеҷ хатаре ба ҷамъият надорам.

Дар натиҷа, ин ҳама ноадолатӣ ва зулму истибдод алайҳи ман, янгаи азиз, аз бародари Шумо – Муҳибуллоҳ боқӣ монд ва байни мардум достони хеле ҳузнангез шуд. Мардуми ноогоҳ ин ҳама ноадолатиро марбут ба Шумову Президенти мамлакат медонанд, ки ман бо онҳо розӣ шуда наметавонам. Ин ҳамагӣ як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки ба мо зулм мекунад ва машваратчиёнаш ҳастанд, ки аз камтаҷрибагии ӯ истифода бурда, номи Шумову шавҳари меҳрубонатонро сиёҳ карданӣ мешаванд. Янгаи азиз, магар як бозор ё ҳатто даҳ бозор меарзад, ки номи поки Шумо ва шавҳари бузургворатонро доғдор кунад? Ба гумонам, ин ҳама ашёи рӯзгор асту хеле поинтар аз манзалати Шумо!

Магар Ҷаноби Олӣ барои ҳамин ҷумҳуриро аз вартаи ҳалокат раҳонид, ки имрӯз аз номи ӯ ва бар зидди хоҳиши ӯ ба раъият зулм кунанд?
Апаи азиз, маро зӯр омад, ки ба Шумо муроҷиат кунам, зеро касе ба доди ман расидан намехоҳад ва ба назар мерасад, ки ин ҷо дахолати Шумо ё Ҷаноби Олӣ зарур аст. Шунидам, ки пеш аз сафари Ҷаноби Олӣ ба Хатлон Шумо ҳам ба вилоят сафар доштед. Хеле мехостам дар ҳузури шумо бошаму арзи худро расонам.

Руст намекунам, ки гурӯҳҳои бадхоҳи хориҷӣ ҳам чанд бор хостанд моро барои пиёда гардонидани ғаразҳои худ истифода баранд, аммо розӣ нашудем. Агар бозори мо, ризқу рӯзии мо барои тинҷиву оромии Тоҷикистон зарур бошад, аз баҳраш мегузарем. Баъди ин ҳама ноадолатӣ ману панҷ писарам ба Ватан, Президенти худ ва Шумо янгаи меҳрубон, содиқем!

Ман ҳамчун як модари мазлум ба Шумо янгаи бузургворам муроҷиат мекунам, ки садди роҳи бародари хурдии худ шавед, то аз ин беш ба мо зулм накунад. Гумон дорам, ҳоло шумо барои Муҳибулло ба ҷои модар ҳастед аз ин лиҳоз, ба гапатон гӯш медиҳад. Мо аз Шумо ба ҷуз адолат чизе дигар талаб надорем. Биёед, мо ду модар ин ҳама зулму ноадолатиро барҳам занем, то беш аз ин ба обрӯи оламшумули Ҷаноби Олӣ ва шавҳари Шумо латма ворид нашавад. Аз Шумо илтимос мекунем ба додаратон фаҳмонед, ки моро ба ҳоли худ гузорад. Шукр кунад, ки тиҷорату даромадҳо дорад, моро аз як дороии худ маҳрум насозад. Бигзорад, ки мо ҳам озод нафас кашему дами осоишта занем. Моли кас ба одам на обрӯ медиҳаду на баракат.
Апаи азиз, инак, дасти ману домони поку боиффати Шумо! Аз барои Худо ва ба хотири нарехтани обрӯи шавҳаратон дар қазияи мо адолатро барқарор кунед, то мову фарзандонамон то ҳастем, Шуморо мисли модари худ эҳтиром кунем.

Охирин умедам Худованд аст, аммо ба ӯ муроҷиат накардам, чунки медонам, ки қаҳри он Қаҳҳор беандоза шадид аст. Ман бошам, мисли Шумо модарам ва синаи раҳм дорам. Маро бубахшед, ки ин номаро тариқи матбуот ба шумо равон кардам, зеро бовар надорам, ки ба тарзи дигар он ба шумо расад.

Худованд нигаҳбони Тоҷикистону мардумони адолатпарвараш бошад!
Мӯҳр
вв
Точикистон аз маниииииииии.........

54
Хатогии Абдуллоеваро дар он мебинам, ки аз аввал бо наздикони ЧО доду гирифт баокарор намуд. Яъне ки ба фикри худаш крыша ефт. Тамоми шахсоне, ки бо наздикони ЧО бизнес доштанд, ба хамин ахвол гирифтор шуданд: ОРИМА. Кувватов, Гадоев

Maruf
салом ба хамаи онхое,ки бо умеди даво ба дардашон нома ба президенти ва хамсар менависанд.

бовар кунед ин номахои ки мову шумо менависему навистаистодаем хеч чавобе хам нахохем гирифт танхо дар гами худу авлоду ачдоди худшонан ин мардуми Точикистон оли хаминхел хамуш истодан гиред 10-соли паси дигар ба куча баромадану нафас кашидан бо пул мешавад мисоли одди Точикистон ваъдаи бо давлатхои араби ва як кисми эрон кашондани обро доду шояд кор идома дошта бошад аммо дар Точикистон мардуми дехот аз бе оби азият мекашанд ки ин на ба конуни дуняви на ба дини рост намегирад. ???

Озодагон бе каму кос чоп кунед.

Модари азиз (Санавбар Абдуллоева), ман шахсан ба ин бузургиатон ахсан мехонам, ки мардонавор дар ру ба руи ин ночавонмарди истодагари мекунед. Назари Худованд хамеша ба пасти аст. Худованд сабуронро дуст медорад. Иншоолох рузе мешавад, ки ин дар пеши поятон ба зону мезанаду аз шумо бахшиш мепурсад. Иншоолох чавоби ин хама бедодгариашро медихад.

Ачаб сода будаги холашка
"Чашми дунедорро е каноат пур кунад е хоки гур"

кани бинем ба ин мактуб чи чора андешида мешавад.

Саид
Хукуматдорони мо шарм накарда боз мегуянд, ки сохибкорон барои точикистон кор намкунанд... охоир модоме, ки сохибкоронро шикаста партоен пас чи гуна дили сохибкорон барои бунёди як корхонаву ташкили чои корхо гарм мешавад?!

Демократ
"Охирин умедам Худованд аст, аммо ба ӯ муроҷиат накардам, чунки медонам, ки қаҳри он Қаҳҳор беандоза шадид аст. Ман бошам, мисли Шумо модарам ва синаи раҳм дорам." бехтарин сухан

Mo tojikoni Amerika tarafdori shumo hastem apai Sanavbar.

Mo Tojikoni Amerika tarafdori shumo hastem Apai Sanavbar!

Мухиби хонадон
Номард бошм,зинда бошм.

Душанбе
Хе марако охир Хакикатан шавхари Ин хонум чи корхое кардагиаст дар хакки мардум. Як дукона дар ду нафар фрухтааст. Ва вохимаи бад доранд аз аввал хама медонистанд ки Ин бозор сохибаш кист. Баъд Ин хонум шер шуду дохили майдон шуд зеро аз пушташ як давлат аст. У Бояд латма дар имиджи давлат занад ..Чаро Зайд Сайд бо чунин сарваташ ва шиносоиаш натонит суханашро ба боло расон ад ва Ин зани бечора бе мист

МУХОЧИР
ХУДОВАНД САБРИ ЧАМИЛ АТО КУНАД МОДАРИ ГИРОМИ... МУТАСИФОНА ДАВЛАТИ МО ХУД ЧУНИН МУШКИЛОФАРИН АСТУ ПЕШИ РОХИ ЧУНИН МУШКИЛОТ БАЧОИ КАМ КАРДАН АФЗУДА МЕШАВАД... ХАТО КАРДЕД КИ БА ПАРВАРДИГОР МУРОЧИАТ НАКАРДЕД... ХАТМАН БИКУНЕД. ЧУН ЯГОНА РАХМОНУ РАХИМЕ КИ ШУМОРО МЕФАХМАД ХОЛИКИ ЯКТОИ ШУМО АСТ... ХУДО КУВВАТ МОДАР .

И бо кадом бесаводи точик бо гапи и золи ай шариат бехабарро тасвиб кардааст - ман ба Худои Бузург мурочиат накардаам ..... хатои бузург кардаи инаст бесаводи ин зан аз шариати Мухаммади ..... шариат мефармояд аввал мо ба Худои Бузург мурочиат кунем ...... на ба дигархо ...... и да и 3 сол ки мурочиат накардасст кай дигар мурочиат мекарда бошад и бе худо ...... дуюм хатои бузурги и мушрик зан хукме пеш аз худ ба чавоби худ аз Чониби Аллох Таоолох кард ..... и бисёр гунохи сахтаст идао ба илми гайб карда аст ки чуз Аллох Таоолох дигар хеч кас илми гайбро намедонад ..... ба кавлаш ки Худои Бузург чазояш медихад ......

Шурона кунед,ки чанг нест.Ба дигараш токат кунед.Хуб мардуми соддаву пуртокат будааст мардуми точик.Дар хакикат-ТОЧИКИСТОН АЗ МАНИИИИИИИИ......

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)