Бахшҳо
29 окт 2014 12:40Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Дӯстов: Сӯфиевро маҷбур мекунем, ки хатояшро ислоҳ кунад

Саймиддин Дӯстов, раҳбари созмони ҷамъиятии "ИНДЕМ", муассиси оҷонсии “Тоҷнюс”, ҷаримабандии хабарнигораш Қамари Аҳрорро аз ҷониби додгоҳи Хуҷанд ғайриқонунӣ хонда, таъкид намуд, ки барои барқарор шудани адолат мубориза хоҳанд бурд.

Дӯстов дар вокуниш ба қарори додгоҳи Хуҷанд, ки субҳи имрӯз, 29-уми октябр бо даъвои Зафар Сӯфиев, ноиби сардори шуъбаи умури дохилии Хуҷанд хабарнигори “Тоҷнюз”-ро дар саркашӣ аз амри пулис гунаҳкор дониста, 120 сомонӣ ҷарима баст, изҳор дошт: “Худи қазия баёнгӯи сатҳи пасти касбии ноиби сардори ШВКД -и милисаи шаҳри Хуҷанд мебошад. Ҳар афсари дигар хатояшро фаҳмида ислоҳ мекард, аммо Зафар Суфиев ин корро ба худ раво надонист, ки иштибоҳи дуюми ӯст. Мо чанд моҳ хомӯшӣ ихтиёр кардему ба сардори милиса имкон додем, ки мавқеи носолимашро тағйир диҳад, мутаассифона фаросаташ нарасид. Дар ниҳоят мо ӯро маҷбур хоҳем кард, ки иштибоҳашро ислоҳ намояд".

Маврид ба зикр аст, ки 6-уми август Қамари Аҳрор аз ҷониби кормандони ШКД-и шаҳри Хуҷанд, ҳангоми иҷрои вазифаи касбии журналистӣ ғайриқонунӣ барои се соат боздошт ва мавриди пурсуҷӯ қарор гирифта буд. Хабарнигор Қамари Аҳрор (Амаков) дар ҳоле боздошт шуд, ки аз ҷараёни Мусобиқаи байналмилалии бокс, барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоил Ҳамзаалиев, навор мегирифт.

Яке аз кормандони милиса аз ӯ хостааст, то наворгириро қатъ кунад. Баъди пешниҳоди ҳуҷҷати хабарнигорӣ ва фаҳмондани ҳолат, ки ӯ вазифаи касбии худро анҷом медиҳад, Зафар Суфиев, муовини сардори Шӯъбаи корҳои дохилӣ хабарнигорро ба наздаш хонда, гуфтааст: “Навори шумо ба ҳеч кас даркор нест!”.

Баъд Зафар Суфиев амр кардааст, ки журналистро ба ШКД бурда, аз ӯ баёнот гиранд. Бино ба гуфтаи хабарнигор Қамари Аҳрор, нисбати ӯ муносибати дағалона карда, гуфтаанд, ки ӯ бо иттиҳоми ба амру талаботи кормандони ВКД гӯш надодан аз дохили толори мусобиқа боздошт шудааст. Ӯро дар муддати се соат дар утоқи торик, ки чароғ надоштааст, нигоҳ дошта аз ӯ баёнот гирифтаанд.

Мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон монеъ шудан ба фаъолияти касбии журналист манъ буда, барои он ҷазо муайян карда шудааст.
Тибқи моддаи 162-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои монеъ шудан ба фаъолияти касбии журналист бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо таиън шудааст.

Қаблан Суди шаҳри Хуҷанд даъвои ШКД-и ин шаҳрро барои комил набуданаш бозпас гардонида буд, аммо ин даъво дубора ба суд ирсол шуда буд, ки бо ҷариманбандии хабарнигор анҷомид. Файзиниссо Воҳидова, вакили дифои Қамари Аҳрор мегӯяд, аз болои қарори додгоҳи шаҳри Хуҷанд шикояти касатсионӣ хоҳанд бурд.
Мӯҳр
Шамс
Саймуддин метавонад, ки хакикатро баркарор созад...

Хотам
оре, Дустов ба онхо фахмондан лозим, ки дар чомеае, ки Конуни асоси 20 сол пеш кабул шудааст, инсон кадру мавкеи худро дорад. Дар хучанду умуман Сугд, ки мегуянд маданияташон аз дигар манотики кишвар 50 сол пеш рафтааст, чунин нест. Баръакс муносибати макомот ба мардум рафтори феодал ба коргарро мемонад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)