Бахшҳо
08 авг 2014 16:52Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Шикояти Қамари Аҳрор аз болои Зафар Суфиев ба додситонӣ

Қамари Аҳрор - хабарнигори Оҷонси иттилотии “Тоҷнюз” ва нашрияи “Нигоҳ” дар вилояти Суғд аз болои Зафар Суфиев - муовини сардори Шуъбаи умури дохилии шаҳри Хуҷанд ба додситонии ин минтақа шикоят бурдааст. Ин хабарнигор дар аризаи шикоятии худ ба унвони Қурбон Мирзозода – додситони шаҳри Хуҷанд гуфтааст, кормандони пулис, аз ҷумла Зафар Суфиев - муовини сардори Шуъбаи умури дохилии шаҳри Хуҷанд ҳангоми иҷрои фаъолияти касбияш ба ӯ монеа эҷод карда, ҳуқуқашро поймол кардаанд.

Қамари Аҳрор шоми 6 августи соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони пулиси шаҳри Хуҷанд боздошт шуда, баъд аз навиштани як баёнот баъд аз се соат озод гардид. Аҳрор он замон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфта буд, ӯ дар ҳоле боздошт гардид, ки ҷараёни мусобиқаи байналмилалии бокс барои дарёфти ҷоизаи ба номи қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ -- Исмоил Ҳамзаалиев дар Хуҷандро наворбардорӣ мекард.

Ӯ мегӯяд, “баъд аз он ки кормандони пулис аз ман ду бор талаб карданд, то рафти мусобиқаро ба навор нагирам, ба онҳо фаҳмонидам, ки хабарнигораму ин касби ман аст, вале яке аз онҳо гуфт, ин гапро бояд ба раҳбарашон - Суфиев Зафар фаҳмонам, вале баъди иҷрои ин дархости онҳо, Суфиев бо як лаҳни дағалона ба ман гуфт, “аксу навори Шумо ба ҳеч кас лозим нест!” Ман фаҳмонидам, ки қатъи назар аз он ки ба касе даркор набошад ин вазифаи ман аст, дар ҷавоб ӯ гуфт, “баро, дафъ шав!” ва ман набаромадам. Зеро вазифаи касбиямро иҷро мекардам. Дар натиҷа, бо амри Суфиев ба Шуъбаи корҳои дохилӣ бурданду баъд аз тартиби протоколи маъмурӣ ва баёнот гирифтан, яъне баъди гузаштани тахминан 2-3 соат маро ҷавоб доданд.”

Қамари Аҳрор, яке аз хабарнигорони фаъол дар минтақаи шимоли Тоҷикистон аст, ки дар гузашта дар Радиои Озодӣ, Радиои Имрӯз ва нашрияи “Фараж” ҳам кор кардааст. Тайи як соли охир ӯ ба ҳайси хабарнигори Оҷонси иттилоотии Тоҷнюз ва ҳафтаномаи Нигоҳ дар Хуҷанд кор мекунад. Ӯ дар номаи худ ба додситонии маркази Суғд гуфтааст, амалкарди маъмурони пулис нисбат ба ӯро таҳқиқ карда, ҳақро ба ҳақдор бирасонад.
Мӯҳр
Машъал
Демократия дар чомеаи мо рушд карда истодааст. Хаку хукукхои шахрвандии Камари Ахрор бояд химоя карда шавад, то ки ба дигарон сабак шавад.

Беном
Эй ту медони ки дар вакти бокс навор гирифтан мумкин нест.
Фаркнадорад, ки ту чикора хасти ин гапота рафта ба об гу

Гунчишк бача падараша чиг чиг ёд медихад ! Ин бародар барои ичрои вазифааш хам диплом ва хам ичозатнома дорад ! Фарк надорад , бокс , фудбол ё консерт бошад ! Алал хусус ин чомеа чомеаи демократист хеч як шахс хукуки поймоли хукуки шахси дигарро надорад !!!

Дар кучо гуфта шудааст,ки наворбардории бокс мумкин набудааст?Хамин кадар мусобикахои чахониро наворбардори мумкин будаасту дар Хучанд мумкин набудааст.Е савод надори,е акл надори мисли сардорат.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)