ВИДЕО: Боздошти гуруҳи тоҷикон барои роҳзанӣ дар Маскав
Мақомоти пулиси Маскав як гуруҳ шаҳрвандони Тоҷикистонро ба иттиҳоми роҳзанӣ боздошт намудаанд, ки ҳадафи онҳо асосан тоҷирон қарор мегирифтаанд.
Алексей Бахрамеев, намояндаи расмии пулиси Маскав мегӯяд, ин гуруҳ дар пайи яке аз ҳамлаҳояшон ба як соҳибкорзан аз Перм ва рабудани 1,5 миллион рубл боздошт шуданд: “Тақрибан соатҳои 9:00 муттаҳамон бо мошини ВАЗ 07-ашон пеши роҳи “Хундай”-и соҳибкорзанро гирифта, бо ашёи монанд ба таппонча ба ӯ таҳдид карда, бордонашро бо 1,5 миллион рубл гирифта, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.”
Ба иттилои мақомоти Маскав феълан ҳамаи муттаҳамон боздошт шуда, , алайҳашон аз рӯи моддаи роҳзанӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст Манбаъ мегӯяд, боздоштшудагон иттилоъ дар бораи ҷабрдидагонро аз ҳамватанҳо, ки дар анбору бозорҳо кор мекардаанд, дарёфт менамудаанд ва одатан ба онҳое ҳамла мекардаанд, ки бо худ маблағи калон доштаанд.
ВИДЕОИ боздошти муттаҳамон дар Маскав
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |