Бахшҳо

Хутба: “Дуоҳо барои афзоиши ҳаромкориҳо мустаҷоб намешаванд”

Беҳруз Сатторов, имомхатиби Масҷиди марказии шаҳри Душанбе аз сокинони кишвар даъват кард, аз мавқею мансабҳои худ сӯистифода накунанду фарзандони худро бо моли ҳалол тарбия кунанд.

Ӯ рӯзи 30 октябр дар хутбаи намози ҷумъа гуфт, “мову Шуморо зарур аст, ки тақвою худотарсиро пеша кунем ва аз мақому мансаб ва кори худ сӯистифода накунем.”

Имом-хатиби тоҷик ҳушдор дод, ки луқмаи ҳаром бисёр таъсири манфӣ дорад: “Вақте инсон онро фурӯ мебарад, он ба хун мубаддал шуда, хун ба гушт ва гушт узви инсон мешавад. Вақте узви инсон ҳаром, ки шуд, ҳамеша ба атрофиёнаш таъсири манфӣ мерасонад.”

Ӯ аз ҳаёти Амир Дӯстмуҳаммадхон, яке аз шоҳони вақти Афғонистон қисса карда, афзуд, “вақте ба кишвари ӯ душман ворид мешавад, дар баробараш писари худро равон мекунад ва дере нагузашта хабар мерасад, ки фарзанди ӯ аз сӯи душман мағлуб гардид. Амир бовар мекунад, аммо ҳамсараш мегӯяд, на ин дурӯғ аст. Ҳар чанд се бор ин хабарро ашхоси гуногун мерасонанд, аммо ҳамсари шоҳ боз ҳам мегӯяд, на писари ман ҳаргиз аз душман мағлуб намешавад. Бо гузашти вақт боз хабаре меояд, ки писари ӯ неву душман мағлуб шудааст. Вақте аз зани амир пурсида мешавад, ки дурӯғ будани хабари аввалро аз куҷо пай бурд, дар ҷавоб мешунаванд: “Аз замоне, ки ин фарзанд дар батни ман арзи ҳастӣ карда буд, луқмаи ҳаромеро ба даҳон нагирифтааму баъд аз таваллудаш ҳам тарбияи ӯро ба ҷуз худ ба касе бовар накардаам.”

Беҳрӯз Сатторов дар идома ибрози таассуф кард, ки ҳоло мусулмонон аз мустаҷоб нашудани дуои худ дар ҳайратанду мегӯянд, чаро Худованд дуои онҳоро намепазирад, аммо боре андеша намекунанд, ки чи гуна дуо қабул шавад, вақте хуроку пӯшок нӯшокиҳо шубҳаноканд. Ӯ яке аз иллатҳои мустаҷоб нашудани дуоҳои бисёре аз мусалмонҳоро зиёд шудани корҳои ҳаром арзёбӣ намуд.
Мӯҳр
Бале домуло фасод баавче ру задаасту ба монанди як марази бедармон афзудаву пахн шудааст ки хеч дармон надорад дар ягон корхонаи давлати пулис прокуратура корат буд намешавад ба чабрдида монанди чинояткор муомила мекунанд коратро хал намекунанд намедони ба кучо мурочиат намои сарамро ба кучо занам пешониамро капида шиштаам сабр мекунам худованд сабро дуст медорад шояд рузе худованд ягон адолатхоху одилро ба мо ато фармояд омин дарди дили бандаи озордида озодагон як маротиба чопаш бикун захри дилам холи шавад агар кадоме ба еътирозам норохат шудаасту бовар намекунаду метавонад кумакам кунад метавонам мурочиат намоям

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)