Бахшҳо

550 маҳбуси зиндони Ёвон, "Кирпичний" ва "Якум Советский" ба озодӣ баромаданд

Беш аз 120 маҳбус имрӯз, 4 ноябр аз маҳбасхонаи мавсум ба “Кирпичний”-и шаҳри Ваҳдат озод шудаанд. Дар ин бора аз Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон ба “Озодагон” хабар доданд.

Аз ин пештар дар бораи раҳоии 325 нафар аз зиндони ноҳияи Ёвон хабар расида буд. Ба иттилои Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон, аз зиндони рақами 4-и “Якум Советский”-и пойтахт 105 маҳкумшуда ба озодӣ баромад.

Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон дирӯз, 3 ноябр аз раҳоии беш аз 800 маҳсуб дар доираи афви эълоннамудани президент хабар дод. Ба иттилои Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлия 3 ноябр 175 зан аз маҳбаси шаҳри Норак, беш аз 50 ноболиғ аз маҳбасхонаи ноболиғон дар шаҳри Душанбе, 500 маҳбуси зиндони “Кирпичний” ва ҳудуди 100 нафар аз зиндони рақами яки пойтахт озод шуданд.

Раёсати корҳои ислоҳӣ мегӯяд, дар маҷмӯъ бар асоси қонуни афв дар назар аст, ҳудуди 3500 нафар аз зиндонҳо, 4500 нафар аз колонияҳои маскунӣ раҳо гарданд ва муҳлати ҷазои то 2 000 нафар кам карда шавад. Ин 16-умин афв дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон буда, аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур ба муносибати 20-умин солгарди Сарқонун эълон шудааст ва ҳудуди 10 ҳазор маҳбусро фаро хоҳад гирифт.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Мехр
Амали хайр анчом дода шуд. Чи кадар модарону падарон ва фарзандон аз дидори онхо шод мегарданд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)