Бахшҳо

Бордюжа: Нақшаи зиёд намудани низомиёни рус дар Тоҷикистонро надорем

Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ (СПАД) дар ҳузури раҳбарони парлумони кишварҳои узви ин созмон изҳор дошт, ки нақшаи зиёд намудани низомиёни Русия дар кишварҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд надорад.

Бордюжа дар нишасти шӯрои Ассамблеяи парлумонии СПАД, ки 6-уми ноябр бо ҳузури Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар Маскав баргузор шуд, изҳор дошт, ки ҳар мушкили эҳтимолие, ки метавонад дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон ба вуҷуд ояд, нерӯҳои низомии мавҷуда дар минтақа метавонанд, бартараф кунанд: “Дар минтақаи Осиёи Марказӣ, дар наздикии сарҳадҳо бо Афғонистон нерӯи низомии кофӣ мавҷуд аст, ки аз уҳдаи иҷрои ҳар гуна вазифа мебарояд ва дар сурати зарурат нерӯҳои дастҷамъии фаврии СПАД истифода хоҳанд шуд.”

Ин дар ҳолест, ки қаблан Сергей Шойгу, вазири дифои Русия аз тақвияти пойгоҳҳои низомии кишвараш дар нуқоти гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла Осиёи Марказӣ хабар дода, афзуд, ки таҷҳизонидани онҳо бо силоҳи нав идома хоҳад ёфт.

Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон калонтарин воҳиди хушкигарди ин кишвар дар хориҷ буда, ҳудуди 7 ҳазор низомиро дар бар мегирад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Мехр
Бардюжа - Ту пула тею, руса саргардон накун. Точикон худ кодир хастанд, ки хама хатарро пушти сар кунанд. Тем более 201 дивизия аз лихози иктисоди бозаргони ба иктисодиёти Рус, фойдаовар нест

мо сохиб надорем чанкадаре метавонед низомихоятонро зиёд кунед

агар зиед бикунед хеле хуб мешуд, чунки мо оромона зиндаги мекунем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)