Бахшҳо

“Як тиру чанд нишон”-и Эмомалӣ Раҳмон дар Чин

Имрӯз, 8 ноябр дар шаҳри Пекини Чин Муколамаи шарикони Форуми ҳамкории иқтисодии кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором баргузор мешавад.

Тоҷикистон бори нахуст дар нишастҳои ин созмон иштирок мекунад. Ҳайати кишвари моро Эмомалӣ Раҳмон, райиси ҷумҳур раҳбарӣ дорад. Ҳадафи стратегии созмони ҳамкории иқтисодии Осиё ва уқёнуси Ором, ки 21 кишвар аъзои онанд, то соли 2020 ба вуҷуд овардани низоми тиҷорати озоду шаффоф ва сохтори сармоягузории либералӣ аст.

Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати иштирок дар ин муколама ду рӯз қабл, 6 ноябр ба Чин сафар карда, бо як қатор мақомҳои чинӣ дидору гуфтугӯ намуд. Дар мулоқот бо Сиэ Фучжан, волии музофоти Хэнан Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ ва саноат ба имзо расид, ки тибқи он аз ҷониби ширкатҳои ин вилоят дар Тоҷикистон бо харҷи беш аз 800 миллион доллари амрикоӣ корхонаҳои зиёди саноатӣ бунёд хоҳад ёфт. Аснои вохӯрӣ бо Лю Шиюй, раиси Бонки аграрии Чин дар мавриди ихтисоси 100 миллион доллар қарзи имтиёзнок барои дастгирии рушди соҳаи кишоварзии Тоҷикистон тавофуқ шуд. Инчунин Эмомалӣ Раҳмон бо Лу Шан, сарвари кули ширкати роҳу пулсозии Чин лоиҳаи навсозии қитъаи Қалъаи Хумб-Хоруғи шоҳроҳи Душанбе-Кулма-Чин ва бо Чжан Зунян, раиси Шӯрои мудирони ширкати роҳҳои оҳани Чин сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппаро ба баррасӣ гирифтанд.

Дар дидори райисиҷумҳур ва Луо Тао, раиси ширкати миллии металлургию кӯҳкории Чин (CNMM) масоили вобаста ба корҳои геологӣ-ҷустуҷӯӣ ва истихроҷи тилло дар кони Покрӯди Тоҷикистон асосӣ будааст. Таъкид шуд, ки барои корҳои геологӣ-ҷустуҷӯӣ ва истихроҷи тиллои кони Покрӯди Тоҷикистон ин ширкат тасмим дорад, беш аз 250 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ карда, зиёда аз 1000 ҷойи корӣ муҳайё созад. Аммо дар дидори Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои чиниаш - Си Ҷинпин 4 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, Си Ҷинпин гуфтааст, се ҳадафи стратегии ҳукумати Тоҷикистон доир ба таъмини истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва раҳосозии кишвари худ аз бунбасти коммуникатсионӣ “се ҳадафи стратегии ҳамшарикии Тоҷикистону Чин аст”.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ситора
Ба фикрам Ин Чаноби Оли ба чои 250 млн доллар боз ними заминхои нохияи Мургоби Вилояти Бадахшони Кухиро медихад Ин Чинихо Мардуми Доно мебошад 1 медихад 100 мегирад илтимос чоп кунед

Молодец чаноби оли Эмомали Рахмон аз руссхода ба мо точикони соддаро сад маротиба хамон хитойхо нагзтаран ин руссияхоро намефахми не дустишона не дустманишона стратегический партнеров мегану ягон кори хубе на намекунанд нисбати мо точикон шукри хамин мехнату мутахаммии хдмон ки сар мона хам кор карда гаштем

Эмомали Рахмон хакатан гамхори миллат ва Ватан мебошад. Чаноби Оли ба мисли "Ледокол" мебошанд, ки дар укенуси атлантики яхбандхое, ки барои гузаштан монеахо эчод мекунанд, шикаста рохро аз яхбандхо озод менамоянд.

برات
In hama tavofuqnomaho boloi in 1050million dollar dar oyanda yo yake as viloyathoi Chin meshavad yo Millat gulomi halqabargushi chin agar tavofuqnomaho sarsari kor girifta shuda boshad!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)