Бахшҳо
10 ноя 2014 09:06Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Қосими Раҳбар фаровонӣ ваъда кард, нашуд: Имсол гаронӣ ваъда дод, чӣ мешавад?

Навиштаи Маҳбатқадам, махсус барои “Озодагон”

Нархи як кило картошка-нони дуюми мардуми Тоҷикистон дар дӯонҳои шаҳри Душанбе то ба 5 сомонӣ расидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маротиб қиматтар мебошад. Барои муқоиса нархи картошка моҳҳои аввали соли равон камтар аз 2 сомонӣ сари ҳар кило буд.

Аммо ҳозир, ки фасли ҳосилғундорист, бозори картошкаро гаронӣ фаро гирифтааст ва тавре Қосими Раҳбар, вазири кишоварзии Тоҷикистон дар назди вакилони мардумии парлумон эътироф кард, ин ниҳояти кор нест ва вазъ метавонад бадтар шавад. Қосими Раҳбар, чанд рӯзи пеш дар парлумон ба масъалаи картошка дар кишвар дахл карда, аз он шикоят намуд, ки Вазорати молия барои интиқоли 1000 тонна тухмии босифат аз Белорусия 9 миллион сомониро надода истодааст: “Вазъият фавқулодда аст. Агар мо ҳамин сол чора наандешем, ҳолат аз ин ҳам бадтар хоҳад шуд. Вазорати молия то охири январ ба ҳисобу китоб машғул аст ва пул намедиҳад ба касе. Мо то картошкаро бо вагон меорем, ба мардум тақсим мекунем, ки феврал - март мегузарад. Ҳол он, ки 20- уми май кишт анҷом меёбад. Кай мо фурсат меёбем, ки тухмии картошкаро ба хоҷагиҳои деҳқонӣ тақсим кунем?”.

Бархилофии пешгӯии соли гузаштаи Қосими Раҳбар, ки аз истеҳсоли 1 миллиону 115 ҳазор тонна картоша ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон гузориш доду паёми фаровонию арзониро ба мардум расонд, ҳушдори имсолааш воқеӣ менамояд. Чун ҳанӯз тирамоҳ аст, вале нархи картошка то ба 5 сомонӣ расидааст, ки мояи нигаронӣ мебошад. Ин навъи маҳсулоти аз нигоҳи истеъмол дар Тоҷикистон баъди орду гандум дар ҷои дуюм меистад ва “нони дуюм” унвонгузорӣ шудааст.

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки вазир аз буҳрони картошка дар оянда ҳушдор додааст, аммо чаро ҳозир дар бозорҳо гаронист?

Озар Холназаров, таҳлилгари масоили иқтисодӣ низ дар фасли ҳосилғундорӣ ба маротиб қимат шудани картошкаро мояи нигаронӣ хонда, дар шарҳи омилҳои сар задани он афзуд, ки эҳтимол картошкаи Тоҷикистон ба хориҷ содир шавад. Ӯ гуфт, ахиран картошкапарварони Фаронса ба далели таҳримҳо алайҳи Русия натавонистанд, маҳсулоташонро ба ин кишвар содир кунанд ва бо нишони эътироз оварда, дар маркази шаҳр холӣ намуданд. Дар пасманзари ин ҳаводис Холназаров ваъдаҳои мансабдорони тоҷикро зикр намуд, ки ахиран таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон дар Русия қарор доштанд ва ваъда доданд, ки содироти маҳсулоти кишоварзиро ба ин кишвар зиёд хоҳанд намуд.

Холназаров таъкид намуд, масъулини Тоҷикистонро зарур аст, ки барои ҷилавгирӣ аз гаронишавии картошка дар бозорҳои кишвар чораандешӣ кунанд: “Агар бо истеҳсолоти дохилӣ тавони таъмин набудани талаботи мардумро надоранд, бояд воридоти бештари он аз Покистон ба роҳ монда шавад, чун картошка ғизои аслии бисёре аз мардуми камбизоати Тоҷикистон мебошад.”

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар пайи то 5 сомонӣ расидани нархи як кило картошка соли равон ба масъулини кишоварзӣ дастур дода буд, ки истеҳсолоташро зиёд кунанд. Зиёд на танҳо дар қоғаз ва ҳисобот, балки зиёди воқеӣ, ки ба нархҳои бозор низ таъсир расонад.

Аммо имсол низ аз майли гаронии картошка, бармеояд, ки истеҳсолот боз на дар он дараҷаест, ки тавонад фаровонию арзониро дар бозори кишвар таъмин созад? Дар ҳоле, ки раисиҷумҳур пеши Вазорати кишоварзӣ вазифа гузоштааст, амнияти озуқавориро дар кишвар таъмин кунад ва солҳост, ки инро яке аз се самти стратегии сиёсати иқтисодии ҳукуматаш муаррифӣ мекунад. Бо вуҷуди ин бозори ғизои Тоҷикистонро ҳамоно маҳсулоти воридотӣ фаро гирифтаанд.



Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
шрек
аз кисаи худат гирифта хар,бад аз вазорати молия мегири...

Рози
Э акаи Косими Рохбар боз як фиреб мекунед, бо хамин тамом порсол мардума бе картошка монди хеч гап нашуд ку, имсолаш хам мегузарад. Асос курси аз даст наравад.

23
БО ин маошу пенса чи тавр мекарда бошанд мардум 1 кг картошка 1 доллар хама чиз импорти бошад пас мо чи мекунем дар ин дарун ягон чиз истехсол намешавад чи мехурда бошанд мусулмоно.23

Дамир
Холат хеле бад будааст, ку! Агар вазир дуруг гуфта натониста бошад (мисли вайсола) ин маънои онро дорад, ки вазият хакатан бад аст. Ин натичаи аз ухда набаромадани вазир аст. Дар дигар сохахо низ вазъи вазирон на чандон хуб аст, лекин онхо холо хам "лимити дуруггуиро" доранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)