Бахшҳо
10 ноя 2014 12:27Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Маҳкумияти Модар барои буридани сари духтари 6-солааш дар Душанбе

Зиёдагул Шарипова, сокини ноҳияи Ҳисор, ки ба иттиҳоми қатли фарзанди 6-солааш охири моҳи июни соли ҷорӣ боздошт шуд, ба муҳлати 19 сол равонаи зиндон шудааст. Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии кишвар хабар доданд, Шарипова бар асоси моддаи 104 қисми 2 бандҳои “б”, “е”-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбдор дониста шудааст.

Шарипова, зодаи ноҳияи Ҳисор, шаҳраки Шарора, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе буда, рӯзи 30 июн тахминан соатҳои 10 ба 11 фарзанди ноболиғи худ - Мадинаи шашсоларо аз Хонаи кӯдакони №2 гирифта, баъдан ба таври ваҳшиёна ба ҳалокат расонидааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти ВУД, он замон боздоштшуда ҷасадро дар назди бинои рақами 11-и кӯчаи Федина гузошта, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Ҷасади аз сар ҷудошудаи Мадина нисфирӯзи 30 июн дар роҳрави назди бинои рақами 11-и кӯчаи Федина дарёфт гардид.

Мақомоти пулис он замон гуфтанд, ин зани тоҷик дидаву дониста сари Мадинаро аз тан ҷудо карда, далели ин амалашро раҳоии духтарчааш аз таънаи мардум ва гурез аз посух ба суоли “падарам кист?” арзёбӣ кардааст. Гӯиё хешу табор ва наздикони Шарипова ҳамеша ӯро сарзаниш карда, таъна мекардаанд, ки фарзанди “ҳаромӣ” ба дунё овардааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
аҳмадчон
ба ин модари бе раҳм бояд тамоми ҳаеташ дар кунчи маҳбас мебуд ин 19 кам аст баин ба ном модар

Мехр
Фарзанди инсон хеч вакт харомзода намешавад. Харом касест, ки сабабгори хароми аст.

Риварес
Хамон шахсонеро,ки суоли падари духтарчаро кардаанд хамонхоро низ бояд чавобгар намоянд!Духтарчаро худо офаридааст ва у инчо на у балки чомеъаи расвои точик гунахгор аст.Арвохи хамин гуна духтарчаю писарчахои поюлучи кати кучахо ва доммалюткахо ахиран ин чомеъаро сахт мезанад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)