Бахшҳо

ВИДЕО: Анҷоми тафтишот ва ҷузъиёти нави қазияи “келин”-и тоҷики мушовири Путин

Мақомоти пулиси Русия мегӯянд, тафтишот алайҳи Фирӯза Савушкина, арӯси 31-солаи писари мушовири президенти Русия ба охир расида, рӯзҳои наздик ба додгоҳи яке аз ноҳияҳои Маскав ирсол хоҳад шуд.

Фирӯза Савушкина, арӯси Юрий Глазев, писари 23-солаи Сергей Глазев, мушовири раиси ҷумҳури Русия мебошад ва дар он муттаҳам мешавад, ки ба ҳамватани худ Дилафрӯз Мирзоева таҳдиди куштан кардааст. Мирзоева парастори модаркалони Юрий Глазев мебошад ва муноқиша байнашон моҳи сентябри соли равон сар задааст. Тибқи баёноти ҷабрдида гӯиё Фирӯза дар заминаи рашк ба ӯ бо корд ҳамла карда, таҳдиди куштан намудааст, вале Юрий Глазев тавонистааст кордро аз дасташ гирад: “Бо вуҷуд ӯ тавонист, баданамро харошад, ки то ҳол ҳам дард мекунад.” Дар заминаи ин даъво додгоҳи Солнечногорск қарори ҳабси Савушкинаро содир намудааст, ки ба гуфтаи Юрий Глазев ҳомиладор буда, якуним моҳ боз дар боздошт аст.

Худи Юрий Глазев мегӯяд, он як таҳдид сари қаҳр буда, асоси воқеие надорад. Ӯ мегӯяд, муноқиша чандон ҷиддӣ набуд ва муътақид аст, ки аризаи даъвогӣ алайҳи арӯсаш бо дахолати модараш навишта шудааст, ки бо ин роҳ мехоҳанд аз издивоҷи ӯ бо Фирӯза ҷилавгирӣ кунад. “Ин сохтакорӣ ҳаст. Бо модарам муносибати хуб надошт. Иттиҳоми нахустин алайҳи Фирӯза ин буд, ки муддати будубоши худро дар Русия тамдид накардааст. Аммо баъдан ӯро бо ҷурми ҷиноӣ муттаҳам карданд”.

Иттиҳоми писар дар ҳаққи волидайн дар ҳолест, ки дар интернет суҳбати телефонии Глазевҳо нашр шуд, ки дар он калонӣ ба хурдӣ маслиҳат медиҳад, ки ариза дар бораи раҳо кардани муттаҳам зимни тафтишот нависад: “Бо вакили дифоъ дар тамос шав. Ин ҷо раванди маъмулӣ аст. Дӯстдоштаи ту метавонад, ҳатто бо хатоиҳои имлои ариза навишта дархост, кунад, ки “чора нисбати ман зимни тафтишот бозбинӣ шавад. Ва санади дуюм нависад, ки барои тавофуқоти ҷонибҳо розиям.”

Дар ҳамин ҳол ишқи Юрийи 23-сола ва Фирӯзаи 32-сола ба гуфтаи онҳо як соли пеш, замоне, ки ин духтари тоҷик ба ҳайси хизматгор дар хонаводаи онҳо кор мекардааст, сар задааст. Аввал онҳо муҳаббати худро пинҳон доштаанд, вале баъди он, ки модари домодшаванда огоҳ шудааст, алайҳи ин ҷуфтшавии ин ду ҷавон муъхолифати қатъӣ баён кардааст. Ба қавли Юрий Глазев дӯстдоштаи ҳомиладораш беш аз 1,5 моҳ дар боздошт аст ва ӯ натавонистааст, бо ӯ мулоқот кунад. Тайи ин муддат ӯ аз хонаводааш рӯй гардонда, бештари вақти худро бо оилаи дӯстдоштааш, сари нигоҳубини духтарчааш мегузаронад.


Талоши Юрий Глазев барои мулоқот бо Фирӯза Савушкина:



Суҳбати Глазевҳо дар бораи раҳоии Савушкина:

Мӯҳр
Саидчон Ёкутистон
Салом ба кули хаводорони ин сайт. Мухтарам кормандони сайти озодагон аз барои Худо шарм кунед охир. О ин чи хел макола хасту ин фохишаи бадбахт ки хаст, ки шумо харруз дар бораи у иттилоъ медихед?! Оё намешавад аз инда рафта як бор аз ахволи Махсуми Мухаммад Икром аз дараи Мучихарв н. Нуробод,ки рузхои охир
мегуянд он кадар холашон хуб нест бохабар шавед. Он кас бовари дорам,яке аз рухониёни бехтарини Точикистон хастанд ва шумо аз хабаргири эшон хам ачр мегиреду хам мо хам як чизи хондани дар сайти шумо пайдо мекунем. Хазрат фарзанди ягонаи Домулло Абдулхайи Чормагзаки хаст.....Хохиш мекунам ин мавзуро пайгири кунед. .....

Бехабар
Аблаҳ будаст ин урус. О куҷои ҳамин каровая нағз диди? Боз 10 сол аз худаш калонаааааааа. Даҳшат!!!!!!!!!!!

Шоди
Озодагон бас кунед чопи хамин ифлосро о ин чи мавзуъ аст, ки ин кадар таблигу ташвикаш мекуни.

ра
Ин аз узбакхои Регар аст. Ин журналистхои беномусу хангомаичуи мо дигар хамин масълаба часпиданд. Илтиом пахш накунед ин хел хабархоро.

Ба кули кометхо шумо ки вахши барин бе ягон орзую умед зиндаги доред аккалан гузоред як зани мусулмон хох точик е узбак ширинихои хаети замонавиро бичашад.

fjjdjdjd
ОЗОДАГОН АЗ МАРДУМ ШАРМ НАКУНЕД АЗ ХУДО ШАРМ ДОШТА БОШЕД. ИН СУРАТХОИ НИМАУРИЁНРО ДАР САРХАТИ ХАБАРХО НАГУЗОРЕД АЗ БАРОИ ХУДО ДИЛМОНА АЗ ХАМИН САЙТАТОН ХУНУК КАРДЕД

Рустик
Бехтарин мавод аст. Офарин "Озодагон"!!! Русхо донанд, ки точикон хам метавонанд!!!

онр
Рустик,

Чи метавонанд точикхо? Фохишагиро? Бе никох хамхобагиро? Ту мусулмони е не? Аз хамон номи гузоштагиат (РУСТИК) маълум аст ки будани ту.

Мухлис
fjjdjdjd,
Рост меги бародар ин расми бешармонаро аз кучо ёфтаанд... дасти рости Юрий глазевро бинед ба кучо халондааст))

фирдавс
Ягон чехраи точики надорад ин зан. Боз фвмилиаш Савушкина. Ба фикрам ин лулизан аст.

дАЛЕР
эХ ТЫ НЕУЖЕЛИ НЕ НАШОЛ БОЛЕ ПОРЯЕЧНОГО сАВУШКИНА ТЕБЯ ЗАГОНИТ В ГРОБ МОДОЙ ЧЕЛОВЕК

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)