Бахшҳо
12 ноя 2014 17:15Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Баҳси картошка дар парлумон ва ёдоварӣ аз гузориши Қосими Раҳбар

Абдулғанӣ АБДУЛВАҲҲОБ

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз болоравии нархи картошка дар бозорҳои кишвар ва он ҳам дар айёми ҳосилғундорӣ изҳори нигаронӣ карда, аз Вазорати кишоварзӣ хост, роҳи ҳалли ин мушкилро базудӣ пайдо кунад.

Ӯ рӯзи 12 ноябр дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумони кишвар дар хитоб ба намояндаи Вазорати кишоварзӣ гуфт, ҳоло дар бозорҳои ҷумҳурӣ нархи як кило картошка то 3 сомонӣ боло рафтааст, дар ҳоле ки ҳанӯз мавсими ҷамъоварии картошка идома дорад. Раиси Маҷлиси намояндагон иллати болоравии нархи картошкаю кам шудани ҳосилнокии ин навъи зироатро беаҳамиятии Вазорати кишоварзӣ ва набудани тухмии хуб донист. Зуҳуров дар шарҳи гуфтаҳояш илова кард, “ҳосилнокии зироатҳо дар Тоҷикистон хеле паст аст, ки яке аз сабабҳои аслии он навъи тухмӣ мебошад. Вақте дар водии Рашт ҳосилнокии картошка 240-250 сентнерӣ мешавад, ин маънои онро дорад, ки ҳатто хароҷоташро рӯйпӯш намекунад. Барои ҳамин буд, ҳамон масъалаи як миллион тонна картошкае, ки бояд тамоми мардум таъмин мешуд, соли гузашта сокинон як кило картошкаро 4 сомонӣ аз Покистону дигар ҷойҳо дар бозорҳои Душанбе хариданд. Мо фикр кардем картошкаро ба Қирғизистон содир карданд ё ҷои дигар. Ҳатто тухмӣ ёфт нашуд”.

Болоравии нархи картошка дар бозорҳои Тоҷикистон дар мавсими ҳосилғундорӣ ва шикояти сокинон аз набудани тухмии хуби ин навъи зироат дар ҳолест, ки ба қавли раиси Маҷлиси намояндагон, Вазорати кишоварзӣ ҳоло нияти ворид кардани тухмиро надорад: “Ба Вазорати кишоварзӣ муроҷиат кардам барои масъалаи тухмӣ, ҷавоб омадааст, ки имсол мо коре карда наметавонем. Дар ҳоле ки мардум ҳама дар ноҳияи Рашт дар бораи тухмӣ гап мезананду онро сабаб меоранд. Соли оянда чӣ мешавад?! Мо тухмӣ надорем! На бо ягон ҷо шартнома дорем ва на чизи дигар. Бо ин ҳол дигар ҳосил чӣ хел мешавад ба ҳама маълум”.

Шукурҷон Зуҳуров дар идома аз собиқаи кории худ дар ин соҳа мисол оварда, гуфт, солҳое, ки онҳо аз Ҳолланд ба Тоҷикистон тухмии картошка ворид карда буданд, ҳосилнокии ин навъи зироат дар ҷумҳурӣ то ба 750 сентнерӣ расида буд. “Солҳои 1998-2000 мо дар минтақаи Рашт як лоиҳаро таҳти раҳбарии банда амалӣ мекардем. Давоми ин ду сол мо аз Ҳолланд (Голландия) ду бор дар маҷмуъ ду ҳазор тонна тухми картошкаи элита овардем, мардум то 750 сентнерӣ давоми ин ду се сол ҳосил гирифтанд. Ҳоло низ аз ҳамон тухмӣ истифода мешавад, ки дигар он чизеш намондааст ва аз қазияву мушкилиҳои тухмии овардаи Вазорати кишоварзӣ дар солҳои охир ҳама хабар доред. Чанд касро аз кор гирифтанду чанд каси дигарро чӣ корҳое накарданд. Тухмиҳоро оварданд то Узбакистон инҷо каме манъ карданд, ки ҳамааш об шуда буд ва ба ин нигоҳ накарда онро ба навоҳӣ тақсим карданд, ки кӣ медонад, чӣ қадари он то ноҳияҳо расида буд. Ҳосилнокӣ бояд дар водии Рашт на камтар аз 400 сентнерӣ бошад. Даҳ соли охир 200 то 240 сентнерӣ шуда истодааст, ки боз қисме аз ин нишондод дурӯғ аст”.

Раиси Маҷлиси намояндагон аз Вазорати кишоварзӣ талаб кард, ба ин соҳа диққати ҷиддӣ диҳанд, чун ба гуфтаи ӯ, “он мардумро мехӯронаду мепӯшонад. Мо оид ба омӯзиши ин масъала институт ҳам дорему ниҳодҳои дигар, ки мардум кор мекунанд ва маош мегиранд. Ин масъалаи бисёр муҳим аст ва ташвиши моро низ расонеду ба ин қазия ҷиддӣ аҳамият диҳед. Масъалаи тухмиро низ фикр кунед”.

Ин нигарониҳо ва интиқод аз ҳисоботи бардурӯғи Вазорати кишоварзию баҳси картошка дар парлумони Тоҷикистон дар ҳолест, ки давоми беш аз як сол мешавад, ин масъала ба як баҳси доғ ва мавзӯи меҳварии ҷаласаҳои ҳукумати Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар табдил ёфтааст. Ин баҳс дар пайи гузориши Қосими Раҳбар, вазири кишоварзӣ дар ҷаласаи васеи ҳукумат доғ ва ба мавзӯи меҳварии ҷаласаҳои ҳукумату парлумон ва расонаҳои хабарии Тоҷикистон қарор гирифт, ки соли гузашта ӯ аз истеҳсоли беш аз 1 миллион тонна картошка хабар дода, гуфт, супориши президент барои расондани истеҳсоли солонаи картошка ба 1 миллион тонна бори аввал иҷро гардид. Вале дере нагузашта сокинон як килои онро аз 4,5 то 5 сомонӣ аз бозорҳои кишвар харидорӣ карданд.
Мӯҳр
Хуҷандӣ
Офарин Шукурҷон Зуҳуров, агар пеши роҳи вазирхои найрангбози каззоб мисли косим косим гирифта нашавад, миллати тоҷик азоб мекашад, ба системаи давлатдори, пеш аз ҳама номи Шумо ва Ҷаноби Олӣ доғдор мешавад.Кадрҳои дилсузу босавод лаб задааст ва бекор гаштанд. Мутахассиси бовиҷдонро ба курсии вазири таъин намоед.

Бале бародарон нархи картошка аз соли гузашта хам киматар мешавад, чунки он хисоботхои бардуруги вазир огои Косими Рахбар аст. Мисолаш чунин мебошад, ки соли гузашта худ шохид будед нархаш ба чанд баромад. Гуфти Зухуров сад дар сад рост аст инхо ба кори худ ахмияти чидди намедиханду маоши хангуфтро гирифта мегарданд на ин гам доранд ба халки камбагали механаткаши точик. Ман хохиш дорам ба ин Вазорат кормандони ботачриба таъин намуда аз вазир то раиси хочаги иваз мешуданд хубтар мешуд парлумон ва хукумати ЧТ.....

Хамроз
Хами Шукурчон Зухурова вазири кишоварзи мондан даркор аст зур будаску солхои пеш боз тухмии картошка оварда метавонистаст.

Мехр
Зухуров 1100% хак аст. Маълум мешавад, ки холо хам коммунистхои изофанавис дар сохтору вазоратхо, дар дигар никоб фаъолият карда гаштаанд.

Ман дар хакикат ба ин бовар кардам, ки вазифадорони хукумат нисбати омузиши иктисодиёт ва талаботи бозори дохилии чумхури ягон тасавуроти одди надоранд. Тахлилхои иктисодй ва банакшагирии хамаи сохахои имстехсоли аз руи тавакали мебошанд(ба монандибанакшагирии бучети давлати). Ин вазифадорон хамин рузи дар сари мансаб будагиашонро фикр мекунанд, чунки бад аз он (бисёриашон) дигар манбаи даромад намеёбанд, агар дар сари мансаб будагиашон бо хар роххо сохиби дорохихо(капитал) нашаванд. Аз соххаи саноат ва энергетикаашон факат рапорт медиханд, ки чандто корхонахои саноати сохта ба истифода дода шуд, лекин он корхонахо аз хисоби кадом манба кувваи баркро истифода мебарад ба хисоб гирифта нашудааст(бахшиш аз хисоби лимити ахоли), ва ё ки сементи истехсол мешуда фардо ба кучо фурухта мешавад дар холате, ки давлатхои хамсоя аз хисоби ин махсулот худашон худро 100% таъмин мекунанд. Ман зидди сохтмони кохонахои истехсоли нестам, вале аз хамин мансабдорони хозира як хохиш дорам, камтар вичдонхояшонро азоб диханд, ки обруй аз хама моли беарзиш аст.

Мехриддин
Лекин мн хамин тушкара аз линчаш ва рангу пусти тунукаш шинохтм, ки ай Покистон омадагиаи.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)