Бахшҳо

Мақомот: Ихроҷшудаҳо аз Русияро дар Роғун бо кор таъмин мекунем

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, нерӯгоҳи барқи обии Роғун омодааст, муҳoҷирони меҳнатии тоҷикро, ки аз Русия депорт шудаанду барои як муддати муайян ҳаққи вуруд ба он кишварро надоранд, бо кор таъмин кунад.

Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон имрӯз, 13 ноябр ба “Озодагон” гуфт, дар баробари муҳоҷирони ихроҷшуда аз Русия, инчунин шаҳрвандони дигари кишвар, ки дорои ихтисосҳое аз қабили сохтмончӣ, кафшергари газу барқ, ронанда ва ғайра ҳастанд, дар ин нерӯгоҳ бо кор таъмин мешаванд.

Номбурда мегӯяд, дар сурати ба кор рафтани муҳоҷирон ва дигар корҷӯён ба неругоҳ бо маоши баланд ва шароити хуби зист таъмин хоҳанд шуд: “Инчунин нафароне, ки хоҳиши соҳиби ягон касб шуданро доранд ва ё касбу ҳунари муайян дошта, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи онро надоранд, метавонанд ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзии “Маркази таълими калонсолон”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон муроҷиат намоянд”.

Абдуллоҳ Қодирӣ таъкид намуд, хоҳишмандон метавонанд ба Хадамоти муҳоҷират ба бахши қабул бо телефонҳои 225-07-19 муроҷиат намоянд.

Бино ба омори расмӣ теъдоди муҳочирони тоҷик, ки сафарашон ба қаламрави Русия мамнӯъ эълон шудааст, ба 300 ҳазор нафар наздик аст.
Мӯҳр
мнм
хахаха то шумо рогуна месозед оби тчк хушк мешавад

Чавоб ба мнм, инкадар мнм назан, бо туборинхо Рогун нею балки як мини ГЭС сохта наметавонем. Мо Чаноби Оли, Президенти ЧТ Эмомали Рахмон дорем, шахси дурандеш,хирандманд ва дипломати хеле ва хеле бузург мебошанд, мо чавонон тарафдори сиёсати хирадмандонаи пешгирифта Чаноби Оли хастем ва бо он кас хастем. Нест бод душманони миллати точик, зинда бош Точикистони озоди мо.

Мехр
МНМ. Ту пессимисти, бо ту Ватан обод кардан мушкил. Ман хушхол шудам, ки Вазорати мехнат барои ба кор таъмин кардани чавонон дар иншооти НБО-и Рогун, даъват ба амал овардааст. Кувваи кории мо бисёр, Иншоолох мо Рогунро месозем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)