Бахшҳо
13 ноя 2014 17:53Тоҷикистон / Сиёсат

Фағонӣ: Барои иҷрои таъкиду тавсияҳои Руҳонӣ ба Душанбе омадам

Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири тозатаъйини Эрон дар Тоҷикистон баъд аз як соли анҷоми ваколати ҳамтои қаблияш вориди шаҳри Душанбе шуд.

Ӯ дар нахустин лаҳзаҳои ворид шуданаш ба Тоҷикистон рӯзи 13 ноябр дар суҳбат бо хабаргузории “Форс” гуфтааст, “қабл аз омадан ба Душанбе бо Ҳасан Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон мулоқоти хосса доштам ва барои иҷрои баъзе аз корҳо тавсияҳо низ гирифтаем”. Ба гуфтаи Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, Теҳрон тамойюли тавсеаи равобити худ бо Душанберо дораду раисҷумҳури Эрон дар дидораш бо ӯ ба вижагии равобити ду кишвар зиёд таъкид кардааст: “Ба мо тавсия карданд, ҳадди аксар талошҳои худро барои рушди муносиботи ду давлат анҷом диҳем”.

Сафири нави Эрон дар Тоҷикистон дар идома изҳор доштааст, ки бо ворид шудан ба Душанбе ҳеч эҳсоси бегонагӣ накардааст, чун ба қавли ӯ, ҳамзабонӣ ва муштаракоти фаровони мардуми ду кишвар ба ин иҷоза надодаанд. Оқои Фағонӣ зарфиятҳои равобити иқтисодию тиҷорӣ ва фарҳангии Эрону Тоҷикистонро бисёр муносиб арзёбӣ карда, афзудааст, “бо ҳамкорӣ бо дӯстони тоҷики худ ба сурати беҳтаре ба фурсатҳои ҳамкорӣ ва кӯмак ба иртиқои таомулоти иқтисодию тиҷорӣ миёни ду кишвари дӯст пайдо кунем”. Ӯ баён доштааст, ки пеш аз сафараш ба Душанбе инчунин бо Неъматуллоҳ Эмомзода, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон мулоқот карда ва умед дорад, дар якҷоягӣ бо ӯ метавонанд, ба муносибатҳои ду кишвар тавсеа бахшанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Мехр
Истиклолият чизи хуб будааст- сафир дорию сафар дори. Хуш омади Фагони ба сарзамини Ориёнои ТОЗАИСТИКЛОЛ.

Бо Эгамзода мулокот карди холо бо ЧО Эмомали хам сарбасар меши ва аммо баъд, мише сафир ба миллат йор гардад, нагу харгиз немише, мише хуччатуллох бе шакле кибрие ше, нагу харгиз немише. Мише сангтуда моли мо ше, нагу харгиз немише. Мише накби Анзоб бк бало ше, нагу харгиз немише....ва ба омиди садхо мише, мишехои диге...

иронинажод
Хушомади хушо ки сафир боши, на шоир!!!

Сад ҳайфо,ки тайи 35 соли ахир ин охундҳои бесаводи малъабаи дасти англис ҳайсияти ирониву шукуҳи Эрони бузургро ба хоки сиёҳ кашонданд, ирониро залилу хор дуруӯгуву шарлатан кардаанд. Имруз ирони дигар оқозода нест шуда як ,як друғгуву фадои системаи давлате,ки макбнои вуҷудаш дуруӯгу ифтироаву тавҳину худхоҳии хушку холӣ. Ин сафиру дипломатҳо,ки мо тоҷикон нигохи бисйр содалавҳона беҳашон менигарем,сару таҳи як карбосанд. Дар русӣ муодили ин мафҳумро мегуянд: " Все одного поля ягоды" Мутаасифона, нигоҳи мо тоҷикон ба ирониву Эрони имрузӣ бисёр кудакона аст. то имрӯз хеле аз афроди ба истлоҳ таҳсилкардаи мо Аҳмадинажодро бар пояи ҳамон биниши рустоии тоҷикӣ беҳтарин президенти Эрон медонанд, дар ҳоле, ки дар худи Эрони имруз давлатдории уро касифтарин давлат дар таърихи 35 соли ахири ин кишвар медонанд.
Ва аммо мо бо омадани як дипломати ҷадиди эронӣ ба кишвар боз бар асоси ҳамон андешаи примитивии тоҷикӣ таваққуъоти воҳӣ дар сар мепарварем... Эрони и сафавӣ ҳеч коре дар Тоҷикистон накардаву намекунад, танҳо ҳузурашон барои тарвиҷи мактаби мандаровардии шиа асту бас ва дар ин кор шоирону нависандагони чоплусу тамаъҷуъи мо беҳтарин васила барои сутуни панҷуми душмананд. Метавон аз Чин таваққуъи кумаки самимиро дошт, истифодаи дуруст аз Русияву Узбакистон метавонад барои мо манофеъи зиёдеро ба ҳамроҳ биёрад. Ва аммо чунин таваққуъро аз ирониҳо доштан камоли кутоҳандеши аст. Инҳо агар тавони иқтисоди доранд, иқтисоди комилан варшикастаи худро алоҷ мекунанд. Чи расад ба Тоҷикистон,ки барои инҳо ҳеҷ вақт кишвари воқеан дуст набудаву нест бо ҳазору як далел. Ва далели аввал ин ки ин миллат парчамдори мактаби аҳли суннат аст.
метавнад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)