Бахшҳо

Сафири деринтизори Эрон дар Душанбе таъйин шуд

Ҳуҷҷатти Фағонӣ, собиқ масъули ситоди Афғонистон дар Вазорати умури хориҷии Эрон, сафири нави Теҳрон дар Душанбе таъйин гардид.

Оқои Асғарӣ, масъули бахши фарҳанг ва илми сафорати Эрон дар Тоҷикистон рӯзи 27 октябр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, қарор аст, то ду ҳафтаи оянда Фағонӣ ба фаъолияти худ дар Душанбе оғоз кунад. Ба гуфтаи масъули бахши фарҳанг ва илми сафорати Эрон дар Тоҷикистон, Ҳуҷҷат Фағонӣ бо вуҷуди масъули бахши марбут ба Афғонистон буданаш ҳамзамон бо Тоҷикистон ва манотиқи ӯ низ ошноии хубе дорад.

Эрон яке аз кишварҳое ба шумор меравад, ки нахустин шуда истиқлолияти Тоҷикистонро дар солҳои 90-уми асри гузашта эътироф кард ва беш аз 20 сол аст, бо Душанбе равобити хуби дипломатӣ ба роҳ мондааст. Дар баробари Русия ва Чин яке аз шарикони стратегӣ ва сармоягузори иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад. Аммо бо сари қудрати омадани Ҳасан Руҳонӣ, раиси ҷумҳури феълии Эрон тӯли беш аз 6 моҳ аст, Теҳрон дар Душанбе сафир надорад.

Масъулини Вазорати умури хориҷии Эрон далели холӣ мондани курсии сафирии ин кишвар дар Душанберо то ҳол ба ташкилшавии ҳукумати нави худ рабт медоданд. Аз соли 2007 ба ин сӯ, ба ҳайси сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст ифои вазифа мекард, ки бино бар сабаби тамом шудани ваколати дипломатияш дар ибтидои моҳи октябри соли 2013 аз ин симат канор рафт. Дар асл маъмурияти Шеърдӯст ҳанӯз соли 2010 поён ёфт, вале ӯ муҳлати сафирияш дар Тоҷикистонро тамдид кард.

То ба ҳоло сарпарастии сафорати Эрон дар Душанберо Сайидмаҳмуди Садрӣ бар уҳда дорад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)