Эрон Муҷониро ҳамчун сафир ба Душанбе мефиристад?
Бархе аз манобеъ мегӯянд, ба эҳтимоли қавӣ, Сайид Алӣ Муҷонӣ сафири ин кишвар дар Тоҷикистон таъйин хоҳад шуд. Муҷонӣ 45 сол дошта, фориғуттаҳсили Донишгоҳи озоди исломии Эрон мебошад.
Ӯ дар гузашта ба ҳайси намояндаи сафорати Эрон дар Фаронса ифои вазифа намуда, забонҳои англисӣ, фаронсавӣ ва арабиро медонад. Муҷонӣ донишманди улуми сиёсӣ ва таърих буда, муаллифи чандин мақолаҳои илмию беш аз 15 китоб, аз ҷумла “Бозсозии таърихи фаромӯшшуда”, “Нахустин Қиблагоҳ”, “Суруди аҳли Бухоро”, “Паймони миллат” ва “Мероси исломии мо” низ ҳаст. Ба қавли манбаи мо, ӯ инчунин бо фазо ва вазъияти Тоҷикистон хуб ошно мебошад.
Эрон яке аз кишварҳое ба шумор меравад, ки нахустин шуда истиқлолияти Тоҷикистонро дар солҳои 90-уми асри гузашта эътироф карду беш аз 20 сол аст, бо Душанбе равобити хуби дипломатӣ ба роҳ мондааст. Дар баробари Русия ва Чин яке аз шарикони стратегӣ ва сармоягузори иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад. Аммо бо сари қудрати омадани Ҳасан Руҳонӣ, раисиҷумҳури феълии Эрон тӯли беш аз 6 моҳ аст, Теҳрон дар Душанбе сафир надорад.
Масъулини Вазорати умури хориҷии Эрон далели холӣ мондани курсии сафирии ин кишвар дар Душанберо ба ташкилшавии ҳукумати нави худ рабт медиҳанд. Аз соли 2007 ба ин сӯ, ба ҳайси сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст ифои вазифа мекард, ки бино бар сабаби тамом шудани ваколати дипломатияш дар ибтидои моҳи октябри соли 2013 аз ин симат канор рафт. Дар асл маъмурияти Шеърдӯст ҳанӯз соли 2010 поён ёфт, вале ӯ муҳлати сафирияш дар Тоҷикистонро тамдид карда буд.
Ҳоло сарпарастиии сафорати Эрон дар Душанберо Сайидмаҳмуди Садрӣ бар уҳда дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |