Бахшҳо

Бедарак шудани Ҳалимаи 14-сола дар назди бозори "Саховат"

Ҳалима Қирғизбоева, хонандаи синфи 7 ва зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон беш аз ду рӯз мешавад, бедарак шудааст. Ӯ рӯзи 13 ноябри соли равон зодгоҳи худро ба қасди шаҳри Душанбе тарк карда, то ҳол беному нишон қарор дорад.

Пайвандони Ҳалимаи 14 сола рӯзи 15 ноябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, ӯро бори охир дар назди бозори “Саховат”-и шаҳри Душанбе дидаанд.

Ба гуфтаи онҳо, ин донишомӯзи тоҷик рӯзи 13 ноябр аз мактаб, воқеъ дар деҳаи Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ берун шуда, бидуни огаҳии нафаре мехостааст, ба назди падараш, ки дар шаҳри Душанбе кор мекунад, равад: “Ҳалима худи ҳамон рӯз ба бозори ноҳия омада, ороишоти тилоии худро бар ивази 100 сомонӣ фурӯхта, роҳ сӯи Душанбе гирифтааст. Ронандаи таксиеро, ки ӯро то пойтахт расондааст, ёфтем ва мегӯяд, Ҳалимаро то бозори “Саховат” расонидааст. Ба қавли ронанда, гӯиё ӯ баъд аз пиёда шудан аз мошин ба тарафи дасти рост, аниқтараш ҷониби дарёи “Душанбенка” рафтааст.

Наздикони Ҳалима мегӯянд, ин донишомӯзи бедаракшудаи тоҷик баъд аз ҷудо шудани падару модараш аз ҳамдигар беш аз 10 сол мешавад ҳамроҳи падар ва модарандари худ зиндагӣ мекард.

Онҳо аз тамоми сокинон хоҳиш доранд, агар дар бораи пайвандашон нафаре маълумот дошта бошад, бо рақамҳои зерин: 93 811 15 15, 93 583 14 44 тамос гиранд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)