Бахшҳо

То кай ду тоҷику як ленинободӣ?

Рустами Маҷид, рӯзноманигор

Соли 1998 буд. Ҳамроҳи дигар ҳамсолон, барои “идгардак” дари хонаҳоро мекӯфтем. Назди даре дар ошёнаи дуюм, яке аз ҳамроҳонамон гуфт: “Ино кулобиян, тоҷик нестан, ид намекнан”...

Соли 2003. Озмуни ҷумҳуриявӣ миёни мактаббачагон аз забону адабиёт тоҷик, сатҳи ҷумҳуриявӣ. Муаллиме изҳори норизоӣ кард: “Наход помирӣ ҳам дар ин озмун ширкат кунад?!”

Соли 2014. Купеи поезд. Ҳамсафарам даврони хидмати ҳарбияшро ба хотир меовард: “Дар Харков ду тоҷику як ленинободӣ будем...”
Дар ҳаамин ҳол мо мегӯем ваҳдат. Яъне, мо мегӯем аз сарҷамъии миллат. Яъне, мо барномаи тарбияи ватанпарастӣ дорему бо ҷавонону наврасон кор мекунем. Яъне, дурнамои якпорчагии Ватану миллат дорем...Ба куҷо равонаем? Ин ҳама аз куҷо маншаъ мегирад? Чаро то ҳол тоби дидани сояи ҳамдигарро надорем?!

Таъсири ҷанги шаҳрвандист, албатта. Аслан, ҷанги шаҳрвандӣ дастак шуда барои ҳар мушкил: зерсохторҳои иҷтимоию иқтисодиамон аз даст рафт, чун ҷанг буд. Неругоҳҳою дигар иншооти бузург насохта монданд, чун ҷанг буд. Роҳҳо хароб шуданд, чун ҷанг буд. Маҳалгароӣ дорем, чун ҷанг буд.
Мо дигар ҷанг намекунем, ба ҳаминаш шукрона.

Насли ман қисман аз даст рафта аст, чун на ҳама ҳамсолонам аз кӯҳҳо байни ҳамдигар девор намесозанд. Чун зарурати зинда мондан дар солҳои навад, муҳимтар буд аз зарурати таълиму тарбияи фарзанд. Ба ҳар ҳол, бо вуҷуди хурдсолӣ, хотираҳое аз ҷанг дорему то ҳоло танку яроқҳои он замонро метавонем дар тасаввурамон бозсозӣ кунем. Ба ҳар ҳол, азоби навбатпоиҳо дар паси “хлебзавод” ва даҳшати парокандагию душмании дохилиро дар ёд дорем. Барои ҳамин, мо қисман аз даст рафтаем.

Аммо ҷанги шаҳрвандӣ барои тарбия ва таълим нагирифтани ҳамсолони ман метавонад ҳамчун баҳона бошад. Пас аз он чӣ? Чаро мактабхонони имрӯзӣ “афту ашт” ва “бехӣ”-ю “говсавор” гуфта ба ҳамдигар механданд? Оё ҳамин аст дурнамои ваҳдати миллию барномаи тарбияи ватанпарастиямон?!
Ин ҷавонон гунаҳкор нестанд. Ончӣ онҳо мегӯянду мекунанд, натиҷаи равандест, ки пеш аз таваллуди онҳо сар шудааст. Инҷо танҳо меваи он ниҳоланд, ки ҷояшро бояд дарахти дӯстӣ гирад.

Баргардем ба ваҳдат, ки рисолати он бояд аз байн бурдани ҳамин зеҳнияти маҳалмеҳвар мебуд, ки мутаасифона дар ин росто муассир набуд. Ваҳдати миллӣ дар ростои пойдор кардани субот хеле талош кард. Ҳоло, дар кӯчаҳо намояндаҳои ҳар маҳал ба ҳам наметозанд , вале дар зеҳнҳо ҳанӯз ҳам маҳал нақши бориз дорад. Аз ин хотир ман тарҷеҳ медиҳам онро “ваҳдати физикӣ” унвон кунам. Чизе, ки аз ин ба баъд дастгоҳи идеологии ҳукумат барои бартараф карданаш талош кунад.

Албатта, ҳар маҳал, ҳар қавму халқият ба худшиносӣ, аниқтараш гӯем навъе “худшиносии маҳаллӣ” ҳақ дорад ва бояд имкони баёни махсусиятҳои фарҳангию таърихии худро дошта бошад, аммо ҳамчун қисме аз миллат. Ҳамчун порчае аз кишвар. На ҳамчун зертамаддунҳои алоҳида. Яъне, ҳамин “худшиносии маҳаллӣ” бояд ба ҳадди ифрот нарасад.

Бояд тақсими курсӣ ба ҳадди ифрот нарасад. Бояд “тағабозӣ” аз миён бардошта шавад ва сокинони ҳама маҳалҳо ҳақ ва имконоти баробар дошта бошанд. Имконоти баробар, яъне саҳми баробар дар рушди кишвару миллат, чи фарҳангӣ, чи иҷтимоӣ ва чӣ иқтисодию сиёсӣ дошта бошанд.

Дар ҳолате, ки ҳама зерсохторҳои муҳим дар марказ ҷамъ шудааст, пойтахт ва ду-се шаҳри калонтар то ҳадде рушд мекунад, аммо манотиқи дуртар рушд нахоҳанд кард. Ин, албатта, ба иззати нафси сокинони ин манотиқ мерасад. Ба ҷои ин, ки даъво кунем чаро донишгоҳи Осиёи Марказиро дар Хоруғ созанду чаро дар Душанбе не, беҳтараш дар дигар манотиқ низ созем. Ёвон метавонад донишгоҳи шимӣ дошта бошаду Регар – донишгоҳи металлургия.
Вақте дар Мурғоб нархи як халта орд аз Душанбе ду ё се маротиба қиматтар аст, сокинони он аз ҳукумати марказӣ розӣ буда наметавонанд. Вақте дар Бешкент системаи обёрии дуруст нест, муҳоҷирони дохилӣ дар он муқим намешаванд. Вақте дар ТВ ва расонаҳои дигари саросарӣ барномаҳои қобили тамошо ва рақобат бо ҳамсоя нест ва фарогирии дуруст ҳам нест, дар манотиқи насдисарҳадӣ шабакаи “Ёшлар”-ро ба онҳоро тарҷеҳ медиҳанду президенти худро Каримов мехонанд.

Бояд барномаи саросарие бошад, ки халои зеҳнӣ ва муқобилати фитрии соли 2012 ба вуҷуд омадаро бартараф кунад. Бояд “обрӯи” солҳои 2009-10 ба дастоварда ба гӯшаи дури дафтари таърих равад.

Бояд пулҳои сӯхтаи солҳои 90 барқарор шаванд...
Мӯҳр
Точик
Офарин, Рустами Мачид чони гапро гуфти.

Ба мантик, нишонрас, содаю фахмо сухан кардед.
Ташаккур ва миннатпазирам.

Гапхо-да гап нест, туппа тугри. Аммо, пулхо гуфта Шумо уупрукхоро дар назар доред, е рублхои сухтаи даврони кабл аз турктозиро?

xonanda
лп
Точик хеч вакт халки ягона набуд. Бигзор касе худро чизе ки хохад хамон хел муаррифи кунад.

Мехр
Ман шахсан ба андешаронии Рустам куллан рози нестам. Имрузхо ба кадом минтакахои Точикистон нарави, хама Точикон якдигарро нагз кабул мекунанд, хатто аз солхои 90 ва даврони Шурави дида, хозир мардум Точиктар ва механпараст шудаанд. Мафкураи шурави худ табиатан дар асоси махал рохандози шуда буд. Касе ки дар он мафкура пойбанд шудааст, то хол аз хаёлот ва захри он канор нарафтанд.

Суханҳои Рустам ҳақиқатанд, ки онро бо сафсатаҳои зиёд доир ба ваҳдати миллӣ бо ёрии ВАО, пинҳон намудан мумкин нест. Иди Ваҳдати миллиро ҳар сол дар сатҳи баланд қайд мекунем, аммо аз ваҳдат фарсахҳо дурем. Маҳалгароӣ дар хуни мо сахт ҷой гирифтааст, ва пеш аз ҳама аз онҳое, ки аз боло то поён дар сохторҳои ҳуқуматӣ кор мекунанд. Агар хоҳем кишварамон рушд кунаду мо миллати ягона тоҷик боқӣ монем, ҳар яки мо тоҷикон бояд (ва пешш аз ҳама ҳукуматдорон) баҳри ваҳдати воқеъи тамоми саъю кӯшиши хешро равона намоем. Маҳалгароӣ боиси харобии кишварамон гашта метавонад!!!

Хамин хел, ки гуё Америкаро кашф карда бошед додар.... Як ду хамкурсатон ми, рафиконатон ми, хамту "офарин" гуфта, худашон чизе ба офарин гуфтанашона намедонанд. Каламатон (перо) суст, додар ! Ин мавзуъ, он кадар мавзуи доманадор нест!

Соколовскый
Офарин бародари азиз.Хамин махалгарориро низ душманони пантуркисти дохили ва беруни пинхони,осонакак байни чомеъа пароканда мекунанд.Насли калонсол зиёд махалчи буд ва инро хама медонанд чун сахт бесавод низ буд ва андешаи солими озодфикри ва милли надошт.Ман фикр мекунам,ки имруз ба хотири бозсозии миллат(давлат миллатро месозад на миллат давлатро-ибораи сиёсатмадори маъруфи лахистони Пильсудский)бояд конуни махсуси инкишофи миллати точик кабул карда шуда,дар кодекси чинои ва мурофиави бояд моддахои махус кабул гашта,махалгарори чун чинояти хавфноктарин барои миллату давлат дар катори терроризм ва ифротгарори дониста шавад.Дигар рохи пешгирии ин ваборо намебинам.

Muslim
О ҳамура намегуи ки масалан 3 точик будему якташ аз Хучанд буд ....

ин башараро дар роли Чародей , бе грим мегиранд. Актёр нашиди ?

Мирзои Салим
Рустамчон хуб навистед Афсу сад афсус Об аз боло лой аст Махалгарои махалгарои Дар мадди аввал карор дорад Боз як инкилоби аз байн бурдаи махалгарои лозхим аст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)